Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018: Қуръакашӣ ва назаре ба қуръакашиҳои гузашта

Май 19, 2018 16:23

То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Россия 26 рӯзи дигар боқӣ монд. Аз имрӯз сар карда, ҳар рӯз мо дар ин бахш мавзӯи Чемпионати ҷаҳон -2018-ро дар Россия мавриди баррасӣ ва таваҷҷӯҳ қарор медиҳем. Шурӯъ мекунем аз қуръакашии бозиҳо.

Қуръакашии бозиҳои Чемпионати ҷаҳон 1 декабри соли гузашта дар Қасри Кремли шаҳри Москва баргузор гардид. 32 дастаи мунтахаби кишварҳои ҷаҳон дар гурӯҳҳо ҳарифони ояндаи худро шинохтанд. Барои гузаронидани қуръакашӣ шахсони намоён ширкат караданд. Беҳтарин ситораҳои футбол дар ин рӯз бо ҳам омада буданд ва аввалин шуда, президенти Россия Владимир Путин ҳозиринро табрик гуфт ва иброз дошт, ки “Кишвари Россия бесаброна ин мусобиқотро интизор аст ва омода аст, ки онро дар сатҳи баланд баргузор намояд. Бовар дорем, мусобиқаҳо ба онҳое, ки ба Россия меоянд, таассуроти фаромӯшнопазир боқӣ хоҳад гузошт”- гуфт Путин.

Ҷанни Инфонтино, президенти Федератсияи футболи байналмилалӣ ҳам, аз баргузор шудани бозиҳо дар Россия изҳори қаноатмандӣ кард ва умед дорад, ки таърихи наверо бозиҳои 21-уми ҷаҳон дар Россия хоҳанд навишт.

Ситораҳои футболи ҷаҳон аз Никита Симонян сар карда то Гордон Бэнкс, Диего Форлан, Диего Марадона, Лоран Блан, Кафу, Карлес Пуйол ва Фабио Каннаваро тақдири ҷойгиршавии дастаҳоро дар гурӯҳҳо бо интихобашон аз 4 сабад дар ҷои худ гузоштанд.

Тибқи муқарратои Федератсияи байналмилалии футбол дастаҳои ширкаткунанда пеш аз қуакашӣ ба чор сабад аз рӯи таснифоти охири ин ниҳоди шӯратёр ҷойгир шуданд:

Баъди қуракашӣ 8 гурӯҳ иборат аз 4 даста муайян карда шуд.

Фикри коршиносони футболи ҷаҳон дар бораи қуакашӣ гуногун аст. Ба ақидаи онҳо, ин навбат қуакашӣ дастаҳоро хеле одилона ба гурӯҳҳо тақсим кард.

ФИФА пештар дастаҳои беҳтаринро дар як сабад , дастаҳои мунтахаби Аврупоро дар сабади дигар ва Амрикои ҷанубиро бо дигар дастаҳо дар сабади сеюм ва дастаҳои камқувваттарро дар сабади чорум ҷой медод. Ин шакл ба он оварда мерасонид, ки баъзе аз гурӯҳҳо аз беҳтарин дастаҳо таркиб ёфта, ба истилоҳ “гурӯҳи сангин” ва ё “гуруҳи марг”-ро ташкил медоданд. Ин навбат гурӯҳҳо тақрибан баробаранд, танҳо ба гурӯҳи сангин ва ё пурқувваттарин гурӯҳи Д -Аргентина, Исландия, Хорватия ва Нигерияро дохил кардан мумкин аст.

Гурӯҳҳои пурқуввату вазнин дар чемпионатҳои ҷаҳони пешин хеле зиёд ба мушоҳида мерасиданд. Тарзу услуби гузаронидани қуръакашиҳо аз ҳам фарқ мекарданд.

Назаре ба таърихи қуръакашиҳо:

Қуръакашии чемпионати якуми ҷаҳон дар соли 1930 баъди ба макони баргузорӣ 3 рӯз пеш ҳозир шудани дастаҳо гузаронида шуд. Он вақт бозиҳои интихобӣ доир нагардиданд.

Дар чемпионати ҷаҳони соли 1938 дар толори қасри соатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар Париж тақдири дастаҳоро ҳангоми гузаронидани қуръакашӣ набераи Президенти ҳамонвақтаи Федератсияи байналмилалии футбол Жюля Риме ҳалу фасл кард. Ӯ бо дасташ аз сабад номи дастаҳоро ба берун оварда, онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кард.

То соли соли 1958 тартитби гузаронидани қуръакашӣ тағйир наёфт. Дар чор сабад чор дастагӣ ҷойгир мешуданд. Аз рӯи ҷойгиршавии ҷуғрофии кишварҳо ба кадом сабад шомил шудани дастаҳо муайян мешуд. Дар як сабад -дастаҳои мунтахаб аз шарқи Аврупо, дар сабади дигар -дастаҳои мунтахаби Британия ва дар сеюмаш намояндагони Амрикои Лотинӣ ҷойгир мешуданд. Дар натиҷа гурӯҳҳо қуввати якхела доштанд.

Соли 1966 бори аввал дар таърих ҷараёни қуръакашии бозиҳои финалии чемпионати ҷаҳонро аз меҳмонхонаи “Роял Гарден”-и Англия тавассути телевизион мустақиман пахш карданд. Ин амал то ҳанӯз ҳангомаро дар худ нигоҳ медорад, зеро дар ватани футбол ин қадами аввалин буд.

Соли 1974 Детлеф Лангеи 11-сола аз гурӯҳи сарояндагони бачагона дар қуръакашии чемпионати ҷаҳон дар Олмон ғайричашмдошт ҳамаро дар хиҷолат гузошта, дастаҳои мунтахаби Германияи Федеративӣ –мизбони бозиҳо ва Германияи демократиро дар як гурӯҳ бо ҳам овард.

Соли 1982 бори аввал қуръакашӣ бо ширкати 24 даста гузаронида шуд. Он дар Қасри Конгрессҳои Мадрид баргузор гардид. Мутаасифона ҳангоми гузаронидани ин чорабинӣ устувона – барабани чархзанада, механизми технологие, ки номи дастаҳо дар дохилаш буд, корношоям гардид ва аз нав барои ба гурӯҳҳо ҷудо кардан одамро истифода бурданд. Мақсади бо барабан ё устувона тақсим кардани дастаҳо аз он иборат буд, ки дастаҳои мунтахаби Амрикои ҷанубиро дар гурӯҳҳо аз ҳам дуруст ҷудо намоянд.

Соли 1990 дар қуръакашии бозиҳои чемпионати ҷаҳон дар Италия гурӯҳи калони ситораҳои санъату футболро бо ҳам оварданд. Дар қуръапартоӣ, ки “Палатсио дело Спорт”-и Рим баргузор гардид, сарояндаи машҳури опера Личано Павароти, ситораи кино Софи Лорен, ситораҳои футбол Пеле, Карл Хайнтс Руминиге ва Бобби Мур иштирок карданд. Дастаҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои чемпионатҳои гузашта дар сабадҳо ҷойгир шуданд.

Соли 1998 қуръакашӣ дар чемпионати ҷаҳон бо ҳузури 32 даста дар Варзишгоҳи “Веледром”-и шаҳри Париж дар ҳузури 38 000 тамошобин гузаронида шуд. Тавассути телевизион мустақиман миллионҳо нафар шоҳиди бевоситаи қуръакашӣ гардиданд, ки чи тавр тӯбчаҳо аз барабанҳо ва аз дохили онҳо номи дастаҳоро берун меоранд. Бори аввал дар таърих дастаҳо аз рӯи раддабандӣ дар сабадҳо ҷойгир карда шуданд.

Соли 2006 қуръакашӣ бо ҳидояту барандагии модел Ҳайди Клум ба таври марғубу ҷолиб- шоуи баваҷдоваранда гузаронида шуд. Онро беш аз 300 миллион тамошобин аз 150 кишвари ҷаҳон тамошо карданд. Дар қуракашӣ ситораҳои футбол Пеле, Лотар Матеус, Роже Милла ва Йоҳан Кройф иштирок карданд. Туби расмии бозиҳоро Михаэл Баллак, капитани дастаи мунтахаби Германия муаррифӣ намуд.

Ва ниҳоят соли 2014. Қуръакашӣ дар шаҳри Салватореи Бразилия роҳандозӣ шуд, дар он футболбозони шӯҳратёр Кафу, Фабио Канаварро, Алсидеса Гидҷӣ, Фернандо Йерро, Ҷефф Ҳёрст, Марио Кемпес, Лотар Матеус ва Зениддин Зидан, ки дастаҳои мунтахаби кишварашон дар мундиалҳои пешина унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб шуда буданд, иштирок карданд. Бори дуввум ҷойгиршавии дастаҳо дар сабадҳо аз рӯи рейтинг ва ё радабандии ФИФА сурат гирифт.

Инак, соли 2017 . Россия, Қасри Кремл. Мусаллам аст, ки Федератсияи футболи байналмилалӣ барандагон ё ровиёни қуракаширо низ муайян мекунад. Гари Линекер, футболбози шинохтаи Англия, ки дар ду чемпионати ҷаҳон дар ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар ширкат карда, дар маҷмӯъ ба дарвозаи ҳарифон 48 тӯб, аз ҷумла 10 тӯб дар чемпионатҳои ҷаҳон ба нишон расонидааст, барои ҷоми ҷаҳони соли 2018 ровӣ интихоб шуд. Ёдовар мешавем, ки Гари Линекер дар дастаҳои машҳури Барселона, Лестер Сити, Эвертон, Тотенҳем Ҳотспур бозӣ карда ба дарвозаи ҳарифон дар 462 вохӯрӣ 244 гол задааст.

Ровиии дуюм рӯзноманигори собиқи “Матч ТВ”, Шабакаи якуми Россия ва “Фокс Спорт” Мария Камандная интихоб гардида буд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфонтино чунин изҳор намуд: “Чемпионати ҷаҳон дар Россия бо тӯбҳои моту маҳбуткунанда, бо муташаккилии ҳайратовар, бозии Файр Плей, технологияи нав дар футбол ва шиносоӣ бо кишвари Россия аз нигоҳи нав ҳамаро мутаҳаййир хоҳад кард”.

Шиносоӣ бо шаҳрҳое, ки дар онҳо вохӯриҳои Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол баргузор мешаванд

Аслан бозиҳои 32 дастаи ҷаҳон дар 11 шаҳри Россия барпо мешаванд. Шаҳри Москва, пойтахти Ҷумҳурии Федератсияи Россия, яке аз шаҳрҳои қадимтарин ба шумор меравад. Ҳанӯз аз соли 1389 инҷниб шаҳри Москва ба ҳайси пойтахти ин кишвар масулият ба дӯш дорад. Адади сокинонаш ба 12 миллиону 380 ҳазор нафар мерасад. Дар қатори 10 шаҳри сераҳолитарини дунё ҷойгир шудааст. Маркази тамаддун ва фарҳанги Россия аст. Миллионҳо сайёҳон ҳамасола барои тамошои ин шаҳр меоянд. Кремл, Майдони Сурх, калисову маъбадҳои бузург, варзишгоҳҳои ҳозиразамон макони сайру саёҳат гаштаанд. 6 фурудгоҳ, нӯҳ вокзали роҳи оҳан, 3 порти дарёи ва метрополитен роҳҳоро ба ҳам мепайванданд.

Ду варзишгоҳи шаҳри Москва бозиҳои Чемпионати ҷаҳони соли 2018-ро ба оғӯши худ мегиранд. Пеш аз ҳама Лужникии шӯҳратёру таърихӣ, ки беш аз 80 ҳазор ҷои нишаст дорад. Ин варзишгоҳ алакай дар таърихи худ бозиҳои олимпии соли 1980-ро дар худ ҷой дода буд. Акнун роҳравҳо барои давидан аз ин майдон бардошта шуданду майдони бозӣ ба мухлисон наздик оварда шуд. Бозии ифтитоҳии Чемпионати ҷаҳон 14 июни соли 2018 байни дастаҳои мунтахаби Россия ва Миср дар ҳамин варзишгоҳи “Лужники” баргузор мегардад.

Варзишгоҳи дуввуми шаҳри Москва варзишгоҳи дастаи “Спартак”аст. Он 45 000 ҷои нишаст дорад. Аввалин бозӣ дар ин варзишгоҳи нав соли 2014 баргузор гардид. “Спартак”-и Москва бо “Срвена Звезда”-и Сербия қувва озмуд. Голи аввалин дар варзишгоҳи ҷадид аз ҷониби Дмитрий Комбаров ба ҳадаф расонида шуд.

Мавзӯи интихобшудаи имрӯзаро бо ҳамин матлаъ ба анҷом мерасонем. Ҳамарӯза аз ин бахш Шумо бо дастаҳои иштирокдор ва футболбозони номӣ, мураббиён, гурӯҳҳо маълумот гирифта метавонед.

Май 19, 2018 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид