Дар Душанбе брифинг бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардид

Май 28, 2018 18:08

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 майи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 брифинг доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Брифингро муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Султон Раҳимзода, сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Луқмон Исоматов ва сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода гузаронданд.

Дар брифинг роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 санаи 20-22 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи пешбурди фаъолият ва муколамаи сиёсӣ дар соҳаи об ба хотири рушди устувор баргузор карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар конфронс зиёда аз 1000 меҳмон аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, сарони давлатҳо/ҳукуматҳо, роҳбарон ва намояндагони баландпояи сиёсати хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишварҳо иштирок намоянд. Дар конфронс инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА (Иттиҳоди Аврупо), СААД, СҲШ, ИДМ, ФБНА (Фонди байналмилалии наҷоти Арал), инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо, шарикони рушд, созмонҳои марбут ба дарёву ҳавзҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат хоҳанд кард.

ҲАДАФҲО

Ҳадафҳои асосии конфронс баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба сари вақт ва самаранок  амалӣ сохтани Ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои вобаста ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин баррасии гомҳои баъдӣ барои татбиқи Нақшаи фаъолияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ мебошад.

Конфронс инчунин дар назар дорад, ки ба чорчӯби баррасиҳои Конфронси сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байнламилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Раиси ҷаласаи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ дар таърихи 22 марти соли 2018 дар ш. Ню-Йорк доир гардида буд, идома ва тавсеа бахшад.

Он майдони муносиб ва саривақтие хоҳад буд барои коркард ва таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об дар арафаи ҷаласаи навбатии Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ  оид ба Рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашуми рушди устувор баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳадафи конфронс  ноил шудан ба натиҷаҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, Ҳаштумин форуми ҷаҳонии об,  дигар чорабиниҳои муҳими  вобаста ба об, инчунин мусоидат барои амалисозии онҳо мебошад.

Ин фурсатест барои баррасии нақши конфронсҳои Душанбе дар амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», инчунин баррасии усулҳои мушаххаси амалисозӣ, аз қабили мониторинг, маблағгузорӣ, рушди иқтидор, навоварӣ, технология, маълумот, таҷрибаҳои пешрафта, ташвиқи корҳои иттилоотию тарғиботӣ, таъсиси шабакаҳо ва ташвиқи фаъолиятҳои муштарак.

НАТИҶАҲОИ МАВРИДИ ИНТИЗОР

Конфронс ба дарки амиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, пешбурди идоракунии дастаҷамъонаи захираҳои об, фаъолгардонии Ҳадафи 6-ум ва дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад. Конфронс махсусан чунин ҳадафҳоро дар пеши худ гузоштааст:

  • сафарбаркунии талошҳои ҳукуматҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, инчунин дигар ҷонибҳо дар тамоми сатҳҳо, барои татбиқи Нақшаи фаъолияти Даҳсолаи байналмилалӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла, ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи ҳадафҳои рушд то соли 2030 муқаррар шудаанд;
  • афзоиши таваҷҷуҳ ба Ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои вобаста ба оби Рушди Устувор, инчунин дигар вазифаҳо дар ҳамаи сатҳҳо;
  • густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои ноил шудан ба Ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои Рушди Устувор;
  • дарки беҳтари он, ки чӣ гуна об барои ноил шудан ба субот ва чӣ гуна набуди субот ба захираҳои об таъсир мерасонад;
  • пешниҳоди тавсияҳо барои иқдомҳои баъдӣ дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», аз ҷумла, татбиқи ҳадафҳои рушд, ки вобаста ба об мебошанд;
  • баррасии нақши Конфронси Душанбе дар амалисозии Даҳсолаи байналамилалии амал «Об барои рушди устувор», мусоидат ба ташкили замина барои мониторинги мунтазам ва баҳогузории татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», аз ҷумла, банақшагирии ҳамшарикии мавҷуда.

Иттилои бештарро метавонед аз сомонаи www.wsdconf2018.org  ба даст оред.

Муҳлат  барои сабти номи иштироккунандагони конфронс  то 8 июни соли 2018 .

 

 

Май 28, 2018 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад