Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»-ро баргузор мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
То ба имрӯз 400 иштироккунанда аз 46 кишвари ҷаҳон ва 30 созмонҳои байнламилалӣ ва минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Казоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Венгрия, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Россия, Хитой, ИМА, Испания, Германия, Чехия, Полша, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британияи Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Либия ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард. Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои тадқиқотӣ ва дигарҳо низ иштирок менамоянд.
Ҳадафҳои Конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкории мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти ҷорӣ дар ростои амалисозии чораҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳамкорӣ дар самти муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.
Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор бо мақсади табодули таҷриба ва таҳияи амалҳои дақиқ барои фаъолияти минбаъди муштараки ҳамоҳангшуда дар чорчӯби мубориза ба таҳдиду хатарҳои муосир хизмат хоҳад кард.
Дар анҷоми конфронс ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул хоҳад шуд.








Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Президенти федеролии Олмон иштирок намуд






