Дар Душанбе масоили идоракунии давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ гардид

Май 3, 2018 18:40

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Идоракунии давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” конфронси илмӣ-амалӣ доир намуд.

Дар кори конфронс Ширин Амонзода, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимшоҳ Меҳрӣ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ, Бибиосия Аюбӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Ганҷалзода, муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов, муовини ректори Донишкадаи хизмати давлатӣ, сардорони шуъбаҳои рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумиати рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни суханронии хеш маърӯзачиён вобаста ба омодасозии кадрҳои болаёқат дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва мутобиқати он ба бозори меҳнат, донандагони таърих, фарҳанг, адабиёт, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосири иттилоотӣ ибрози назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида баргузории чунин конфронсу ҳамоишҳо вобаста ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар тамоми  муассисаҳои таълимии кишвар баргузор карда мешаванд.

 

Май 3, 2018 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид