Дар Хуҷанд Форуми муштараки доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 майи соли равон дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки соҳибкорони вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея Форуми муштараки доираҳои соҳибкорӣ доир шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи форуми мазкур зикр карда шуд, ки ташрифи ҳайати соҳибкорон ва намояндагони Ҷумҳурии Корея ба вилояти Суғд бо мусоидати Сафири Тоҷикистон дар Корея ба вуқӯъ пайваста аст. Ин иқдоми нек барои шинос гардидани меҳмонон бо имкониятҳои вилоят, ба хусус дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фоли нек арзёбӣ гардид.
Намояндагони Ҷумҳурии Корея аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки баргузории Форуми соҳибкори дар оянда самараи нек ба бор хоҳад овард.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ чашмрас буда, рушди соҳаи саноат, дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон яке аз масъалаҳое мебошад, ки ба он афзалияти бештар дода мешавад.
Зимни муаррифии зарфиятҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда шудаанд, ки яке аз онҳо дар вилояти Суғд мебошад. Ҳоло дар ин минтақа 24 корхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти босамар доранд.
Форуми мазкур имкон дод, ки соҳибкорони ҳарду ҷониб аз самти фаъолияти якдигар маълумоти зарурӣ гирифта, робитаҳои тиҷоратӣ ва таҳкими риштаи дӯстиро минбаъд низ идома диҳанд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






