«ДАР ИН РӮЗҲОИ БОРОНӢ ЧАШМОНИ ТИРЕЗАҲОИ ХОНАИ БОЗОР СОБИР МЕГИРЯНД…». Хотираҳои адибони шинохтаи Тоҷикистон дар бораи устоди зиндаёд Бозор Собир
ДУШАНБЕ, 05.05.2018./АМИТ «Ховар»/. «Ба ёдаш ғарқаи гул саҳнаҳои хотироти мо…», — навиштааст дар шеъри тозаи худ шоигрди Устод Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Низом Қосим. Агар номаҳои таслияту сӯгномаҳо ва хотираву ёддоштҳои идорау ташкилотҳо ва одамони касбу кори гуногунро, ки имрӯзҳо аз телевизиону радио садо медиҳанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи интрнет ба табъ мерасанд, якҷо гирд оварем, як достони бузурге фароҳам хоҳад омад, ки онро метавон достони муҳаббати халқ ба як шоир номид.
Дар зер хотираҳои адибони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар шумораи охири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз 3 майи соли 2018 таҳти № 18 дарҷ шудаанд, бознашр мекунем.
Низом ҚОСИМ
Рафтасту меояд…
Устод Бозор Собир гӯё аслан дар дунёе бо номи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт.
Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд.
Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба барф; ӯ намегуфт, ӯ меофариду офаридаҳояш зиндаву палмосиданӣ пеши назарҳо намоён мешуд. Мисраъҳояш роҳҳое буданд сӯи маънии баланду тасвироти дилписанд ва байтҳояш воқеан байт буданд — яъне, сарпаноҳи маромҳо, ормонҳо, санъатҳо, тасвирҳо, маъниҳо.
Пеши чашми дилаш сухани гуфтаниву шуниданӣ бо ҳазорон рӯй ҷилва мекард ва ӯро дар мавқеи собиту устувори якрӯияш барқарортар месохт.
Калимае, иборате, мисрае зебову барҷо кофӣ буд, ки фориғ аз савдову ғавғои дунё соатҳо сармаст дар дунёи хаёл бигардад.
Аз ҷилои дигар ахтарони осмони ҳунар лаззат мебурд, аз шароби нури ситораҳои тобнок сармаст мешуд, вале дилаш пайваста наҷми тозае, ноошное, мунаввартаре… мехост дар он бекарон.
Ӯ натанҳо роҳҳои сумзада, балки бероҳаҳоеро ҳам, ки нақши хираи пое доштанд, як сӯ мегузошту пайи ҷустуҷӯ бо бероҳаҳои пуразоби сухан мерафт, ҳамвора роҳи нопаймудае мекофт ва ҳатман меёфт. Дар ин роҳи осоннамои мушкилпаймо бешитобу боазоб мерафту сатрҳояшро гӯё бо қалам на, бо қалампои пурпинаи хеш менавишт.
«Ҳар сатри дафтари ман чун мӯр меравад роҳ…», ки гуфтааст, лутфи шоиронаву суханбозии моҳирона нест, асли самимияту ҳақиқат аст. Агар ҳамаи сурудаҳояшро ба ҳам биёварем, китобе беш намешавад. Вале чӣ китобе! Чунон ки унвони асарҳои бузурги адабиёт – қисса, достон, румон, манзума… дар ёдҳо мемонад, номи аксари шеърҳои ӯ низ дар хотирҳост, хонандаи дилсофу хушзавқ аз ҳар кадоме чун аз асарҳои бузургҳаҷми адабиёт, чун аз падидаи ҳунари баланд ёд меоварад.
Устод, бо ҳама он печидагиҳои сарнавишту саргузашт ва тундравиҳои рӯзгору осор, фақат бо тавъамии гуфтору рафтори шоиронааш Шоир-Шахсият мондааст. Яъне, дар ашъораш ҳамонест, ки дар рӯзгораш буд.
Баданам аз қаламам нест ҷудо,
Нафасам аз қаламам нест ҷудо,
Панҷ хаввоси танам аз қаламам нест ҷудо…
Кист, ки шоирашро медонаду ба ин шеър шак дорад?
Бале, ӯ дигар хел буда наметавонист. Агар буда метавонист, чунин Шоир намешуд. Ва инро барвақт ҳис кардаву пешгӯӣ намуда буд:
Розиам ман,
Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд,
Чун Ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд…
Гар хато бошад, гаравгонаш сарам,
Дар баҳои сар намедонам хатои дигарам…
Ягон муҳит устодро ҳамгунаи худ сохта натавонист. Дар ҳаёт ва бахусус дар эҷодиёт ҳаргиз ба сохтакориву рӯбинӣ нагаравид. Ҳунари асилаш дар муҳитҳои асолатнопарвари адабӣ ҳам торафт комилтар, нозуктар, расотар ва шахсияташ баркамолтар мешуд.
Хидматаш дар адабиёт на танҳо он аст, ки худ шеъри ноб гуфту тавассути ҳунари беназири тасвир ва заҳмати ҷонфарсои таҳрир шеъри нобро роиҷ кард, балки он низ ҳаст, ки як насли нави шоирони ҳамгунаи хеш- ҷӯяндаву ёбандаву ноқонеъ аз хешро ба арсаи эҷод овард. Ифтихориву саризабонӣ не, воқеан устод буд, навроҳони адабиётро собирона, ҳарф-ҳарфу калима-калима асрори сухан меомӯхт, аз ҳар сатри муваффақашон самимона шод мешуду ҳар беҳавсалагиашонро бераҳмона саркӯб менамуд. Шеър буду шудаш буд ва дар мавриди он ҳаргиз гузашт намекард. Сурудаи хуб, аз касе, ки бошад, ба истиқболи гарм ва баракси он ба танқиди беамонаш дучор мешуд.
Хуш он замоне, ки Иттифоқи нависандагон маъбадеро мемонд ва ҳар касе ҷуръат намекард по бар ин остони баланд бигзорад! Хуш он замоне, ки рӯзе даҳҳо ҷавоншоирон назди ин даргоҳи муқаддас пири маънавии хеш – Бозор Собири умрбод ҷавондилу ҷавонҳунарро мепоиданд ва бо пайдоиши ӯ аз ғалаёни ҳаяҷон дар худ метапиданд! Чӣ ҷои ҷавонон, ки соҳибному соҳибмақомон низ пеши ҳузуру ҳайбати шоириаш дар худ фурӯ мерафтанд…
Дар дами сели сангини ҳазёнашъор, ки маҷрои адабиётро пур карда буд, шеърполаки бузургу беназиреро мемонд, вақту қувваташро бедареғ сарфи мутолиаву таҳлили маҷмӯаҳои бешумору бузургҳаҷми шоирони ҷавону пир мекард ва аз ҳазорон шеър гулчинҳои кӯчакеро ба чоп тавсия менамуд. Бисёр ҷузвдонҳоро мехонду намедонист, ки соҳибонаш кистанд ва бисёр воқеъ шуда, ки ашъори писандидаеро, бе он ки шоирашро биёбаду бишносад, бо тавсияву сарсухани самимӣ ба рӯзномаву маҷаллаву нашриёт ҳидоят кардааст.
Умри мушкил, вале пурифтихору пурмаъние ба сар бурд, ки камшоиронромуяссар шудааст. Зиндагиашро саропо шеър кард ва оқибат худ Шеъре ҷовидона шуд…
Кӣ намехоҳад, ки рӯзе не агар, як соате
Ҳамчу шоир зиндагонӣ карда, мирад шоире?
Шоҳкоре не агар, байте бимонад ёдбуд
Дар забони миллати худ…
Дар шабҳои шеъраш толорҳо лабрез аз мухлисон мешуду тӯли ду-се соати шеърхониаш хомӯшии тамом ҳукм меронд! Каме аз шоирону ровиёни замон шеърро мислаш хондаву ба дилҳо расонда метавонистанд; ҳар базмаш ба як сабақи бузурги шеърдониву шеършиносӣ, сипоси халқу диёр, гиромидошти таърих, забон ва суннатҳои миллӣ табдил меёфт, ба афкори ҷомеаву шеъри муосир таконе медод. Чунки шеъраш пайваста ба лафзу маънӣ тоза, ба марому ҳадаф пуровоза ва бисёр тоҷикона, яъне, чун тинати ин халқ басо содаву самимӣ ва батамом аз муҳити тоҷикӣ бархоставу бо имтиёзҳои рӯзгору афкори тоҷикӣ пероста буд. Бисёр образҳо, тасвирҳо, ташбеҳу талмеҳоти ӯро маҳз тоҷик метавонад то фишурда гаштани дилу пуроб шудани чашм дарк бикунад, зеро ҳама аз зиндагии ӯст, хоси ҳаёти ӯст, аз дарку эҳсоси ӯст, пайванди шууру тафаккури ӯст.
Шеъри устод шеъри истиқлолхоҳ ва истиқлолхоҳист, чунки шоираш дар ҳар мавриде сарозоду вораста будааст. Баъди осори устод Айнӣ маҳз шеъри ӯ ва чанд шоири айнимарому айникалом буд, ки мардуми моро ба худшиносиву худогоҳии бештаре хонд, сафҳаҳои ҳассоси ғаму шодии халқамонро пеши назарҳо муҷассам намуд, ғуруру ифтихори миллӣ ёд дод. Ҳазорон ёду хотираҳо шоҳиданд, ки дар ҳама ҷои Тоҷикистон ва қаламрави бузурги забонамон чӣ гуна гарму самимӣ истиқболаш мекарданд!
Бо амри тақдир дунёро дид устод, вале фирефтаи ҷилоҳои арзони ин ҷову он ҷо нашуд. Ҳамеша Ватанро суруд, хоку афлок, лаълу санг, гулу гиёҳ, сағиру кабир, расму оин, дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро шеъри дилрасу монданӣ кард. Солҳои дуриаш аз Ватан ҳам пайваста ашъори ба мардум наздик гуфт ва пиру ҷавонро ба миллати рӯ ба озодиву давлати даст ба ободӣ, ба садоқату самимияти ватандорӣ қарибтару қаринтар намуд. Шоири Тоҷикистон буд ӯ, шоири тоҷикон буд ва, то ин забони шеъру ин макони шоирона боқист, ҳамчунон ҳасту ҳамчунон хоҳад монд.
Бисёр сафар мекард ва ҳар бор Ватанро бо ҳама ғаму шодиаш дар дили хеш мебурду худро бо ёду хотираҳои ширини шахсияту эҷодаш дар Ватану бо ҳамватанон мемонд. Ин бор ҳам чунин аст – бо мост ӯ, чун дарку эҳсоси зебо бо мост, чун андешаву афкори воло бо мост, чун меҳри сӯзони ин кишвари арҷманду ин миллати сарбаланд бо мост. Агар рафтааст, аз пайи шеъри нав рафтааст, барои дарёфти маънии тоза рафтааст, ба суроғи сайқали завқу таҳкими рӯҳу равони мо рафтааст…
Равони роҳи маънӣ бар сафар рафтасту меояд,
Бачашми дил зи дунёи назар рафтасту меояд.
Ҳамора дилгазон аз куҳнагӯӣ, куҳнароҳиҳо,
Раҳи нав ҷуста, бо роҳи дигар рафтасту меояд.
Чу илҳоми дилоро омаду рафт эй басо, акнун
Ба дӯшаш бори осору асар рафтасту меояд.
Зи Турсунзодаву Айнӣ суханҳо гуфт ҷовидон,
Ба ҷовидони мардони ҳунар рафтасту меояд.
Баҳорон асту сӯи пуштаҳои сабзи Файзобод
Хабаргирии лахтони ҷигар рафтасту меояд.
Ҳама розу ниёзи модари дилхастаи худро
Шунида аз лаби гӯёи ҷар рафтасту меояд.
Зи дунболи бародарҳои хору зори бемораш
Савори аспи армони падар рафтасту меояд.
Даре то боз бинмояд ба сӯи умри ҷовидон,
Ба азми даркушоӣ пушти дар рафтасту меояд.
Зи дунё собирона ганҷу колои сухан андӯхт,
Бигӯ бо худ: «Ба бозори ҳунар рафтасту меояд!»
Ҳазорон ашки мо аз чашми мо рафту наомад боз,
Магар ин ашки пок аз чашми тар рафтасту меояд.
Ба ёдаш ғарқаи гул саҳнаҳои хотироти мо,
Ҳамон сон гулбашеъру гулбасар рафтасту меояд.
Тасалло дода худро, ҳар дилу ҳар чашми тар гӯяд:
Ба кашфи Амрикои шеъри тар рафтасту меояд…
***
Абдулҳамид САМАД
ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР
Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори арзишмандаш ба сарвати адабӣ табдил ёфт.
Ӯ дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину фурсат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсосҳои нотакрор, ҷасорату ирода мавзӯъҳои ватан, модар, ишқу худшиносӣ, ҳақталошиву армонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар адабиёт ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор… ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардани Бозор ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд; соҳибмактаб низ кард.
Аз содагии ман нест
Шеъре, ки сода гуфтам,
Худро ба мактаби худ
Ман ёд дода гуфтам, — ишора кардааст ӯ.
Ҳақиқат ин аст, ки пеши назари мо чанд насли хонандаи тоҷик танҳо бо шарофати шеъри «Забони Ватан»-и устод Бозор бештар ба гиромӣ доштани забони модарӣ, рӯ овардан ба таърихи ниёгон, сабақ гирифтан аз фоҷиаҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ камар бастанд. Ва Бозор бо ашъори дилнишину пурмазмунаш дар радифи шоирони пешсафу номвар М. Қаноат, Л. Шералӣ намунаи ибрати ҷавонадибони тоҷик шуд. Вай бо дастгириҳои бедареғаш дар тарбияти завқ, дарки сухан, биниши зебо, тозаҷӯиву тозагӯӣ, баланд бардоштани маърифати шеър ҳатто ба воситаи тарҷумаҳояш ҳиссаи сазовор гузошт.
Чи метавон кард, ки дар ин рӯзҳои авҷи рӯиш, сабзаву гул ва чаҳ-чаҳи булбул аз мастии атри гули хор шоире, ки ин ҳамаро дар таронаҳояш ҷону шаҳомат мебахшид, аз байни мо рафту шахсияташ ба хотира, осораш ба сарвати маънавӣ табдил ёфт. Устод бо рафтору гуфтор қолибӣ не, хоси табиати худаш, яъне Бозорона буд. Ва ҳатто навозиши тозиёнаи ҳазлҳояш низ касро ба худ меовард.
Боре ҷавоне касалманд аз ноҳияи Фархор ба суроғи Бозор меояд ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дар ёфтани кораке дар Ховалинг мададаш расонад. Муродаш дар ҳавои мусоид табобат ёфтану бо маош беминнат зистан будааст. Бозор, ки он вақт дар осон кардани ин хел мушкилиҳо пайрави устод Боқӣ Раҳимзода набуд, чӣ кор кунад? Вай ба муроҷиати каси дармонда бетараф наистода, дар ҷустуҷӯи банда ба Иттифоқ омадааст, лекин маро наёфта, бо ҳарфҳои калон-калон чунин хоҳишнома навиштааст: «Абдулҳамид, агар ба ҳамин ҷавон дар Ховалинг коре биёбӣ, сарам ба замин, поям ба осмон мерасад».
Бешак устод Бозор Собир бо ҳунари волои тасвиргарӣ ва шеваи тозаи шеъргӯӣ дӯстдори адибони нисбатан ҷавону хонандагон буд. Кам менавишту зебо. Китобакҳое дер-дер ба нашр мерасонду аз ҷониби мухлисон гарм пазироӣ меёфт.
Дар як бино кор мекардем. «Офтобниҳол»-аш чоп шуд. Нусхае дар даст барои соядастгирӣ наздаш даромадам. Саргарми таҳрири шеърҳои шоири ҷавоне буд.
— Мавлоно, муборак бошад! – гуфтам. Хаёлманд сар бардошт ва чун ҳамеша орому саволомез сӯям нигарист: яъне чӣ мехоҳӣ?
— Агар озмуни тунуктарин китоб баргузор мешуд, — гуфтам ҳазломез, – бо ин маҷмӯа бебаҳс ҷойи аввалро мегирифтӣ… Ягон сухан навис.
Ӯ зоҳиран бепарво китобро гирифту варақ зад ва даме ба хаёл рафта, сипас бо ҳарфҳои лундаи хоно ин байтро навишта, акнун бо чеҳраи равшану хандаи ширини Бозорона онро ба ман дод.
Шеъри ман чун чапотии Кӯлоб,
Ҳаст тунуки хӯрданбоб.
Пеш аз сафари охиринаш ба Амрико дар ҷанозае устод Бозор андешаманд аз талу теппаҳои атроф чашм наканда гуфт:
— Дар зимистон мурдан нағз нест… ҳаво сард, одамҳо азоб мекашанд. Дар баҳор мурдан ҳайф аст. Сабзаву гулҳо поймол мешаванд. Тобистон ҳам ба мурдан мувофиқ нест, ҳаво сӯзон, замин сахт… Тирамоҳ беҳтар… – гуфт ва табассум ба лаб, озмоишкорона ба мо нигариста афзуд: — Фасли хазонрез, фасли мурдан аст тирамоҳ…
Дар авҷи баҳори диёр, вақти гули хор рафт устод Бозор ба роҳи охират; дар синаи хоки нарму гарми Ватан, байни мавҷи сабзаву гул маъво хоҳад гирифт; шеъри ҳамешабаҳори рангинро ба насли имрӯзу фардо ба мерос гузошта рафт. Дареғ ки:
Дур аз бари ёр рафт Бозор,
Вақти гули хор рафт Бозор.
Бо хандаи лола, ашки чашма,
Бо ёди баҳор рафт Бозор.
***
Гулназар
ЧАШМИ ГИРЁНИ ТИРЕЗАҲО
Ману Бозор солҳои тӯлонӣ ҳамсоя будем ва дар айёми ҳамкориамон дар идораи моҳномаи «Садои Шарқ» дар як утоқ менишастем. Вай табиатан ором ва камгап буд. Вале чашмони андешаманду ҳамеша маҳзунаш гӯё байти Хоҷа Ҳофизро пайваста такрор мекарданд:
Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?!
Забони шеъраш ва хаёли шоириаш аз сухангустарони дигар ба тамом фарқ мекард. Чанде аз ӯ пайравӣ карданду мекунанд. Аммо кӯшишҳояшон бебарор мондааст.
Бозор дар мактаби худ танҳост.
Солҳое, ки ӯ дар ҳиҷрат буд, дар хонааш иҷоранишинони гуногун зиндагӣ мекарданд. Ва имрӯз ҳам касони дигар ба сар мебаранд.
Ҳар гоҳ, ки дар рӯйи ҳавлиамон сайру гашт мекунам, ҳамеша умедворам, ки тирезаи айвонаш кушода мешавад, Бозор намудор мегардад, сигори дасташро равшан мекунад ва хаёломез ба қаторкӯҳҳои барфпӯши Анзоб назар меафканад…
Баҳори соли 2000-ум буд. Борон меборид. Ман ба шишаҳои гирёни айвони Бозор бо ҳасрат нигоҳ мекардаму ин мисраъҳо дар хаёлам давр мезад:
Ин хона, ки мегиряду мегирёнад,
Дарду ғами бекасӣ аён медонад.
Ҳиҷронзадаву бекасу беовоз аст,
Бар лонаи мурғи ломакон мемонад.
Вақте ки Бозор ба Душанбе омад, ба ӯ гуфтам:
— Биё, меҳмони ҳавлиамон шав. Хонаатро мебинӣ.
Гуфт:
-Бисёр пешниҳоди хуб аст. Ин корро бояд кард.
Ба гумонам ин корро накард ва шояд карда ҳам наметавонист. Бори хотираҳо гарониаш мекард.
Дар ин рӯзҳои боронии баҳор боз ба айвони хонааш менигарам. Чашмони тирезаҳояш мегирянд…