Дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид

Май 10, 2018 09:43

ДУШАНБЕ, 10.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форум раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод. Раиси вилоят таъкид дошт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд барои рушди соҳибкорӣ, вусъати ҳамгироӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

«Боварӣ дорам, ки баргузории форуми муштарак ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ мусоидат хоҳад намуд ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд ба имзо мерасанд», — зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Директори департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ал – Мифқӣ Бадр Муҳаммад ва муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ низ доир ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ ва густариши равобити судманд ибрози андеша намуданд.

Дар кори форум муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат варзиданд.

Меҳмонони форум аз ярмарка – намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоят дидан намуда, бахусус ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муфид, меваву сабзавоти кишоварзони вилоят ва обҳои нӯшокии ширини ватанӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Иштирокдорон ҳамзамон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», маҷмааи миллии «Оши палов», маҷмааҳои таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол» ва «Боғи Камоли Хуҷандӣ», осоишгоҳи «Баҳористон» ва як зумра корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дидан намуданд.

Май 10, 2018 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд