Дар шаҳри Хоруғ даври ниҳоии озмуни вилоятии «Дастони моҳир» баргузор гардид
ХОРУҒ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни вилоятии «Дастони моҳир» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят башида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.
Ба иттилои директори муассисаи мазкур Ниёзмамад Мамадаёзов, мақсад аз баргузории озмуни «Дастони моҳир» баланд бардоштани ҳунару истеъдоди кӯдакону наврасон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба суннатҳои халқӣ, ҳамчунин боло бурдани дарки зебоипарастии онҳо буд. Иштирокдорони даври ниҳоии озмун, ки беш аз 40 нафарро ташкил медоданд, маҳсули ҳунару истеъдоди худро дар бофандагию дузандагӣ, муҳрабофию кашидадӯзӣ ба намоиш гузоштанд.
«Ба ҳунари муҳрафбофӣ аз овони хурдсолӣ дил бастаам. Дар омӯзиши ин ҳунар модаркалонам ба ман кумак мекард. Баъд аз синфи панҷ аъзои Маркази таҳсилоти иловагӣ гардидам ва тайи чанд сол аст, ки дар бахши муҳрабофӣ ҳунару истеъдоди худро такмил медиҳам», — гуфт яке аз иштирокдорон, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Дарвоз Моҳидарвози Расул.
Ба гуфтаи омӯзгори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Насиба Душанбиева, доштани ҳунару салиқаи дузандагӣ барои ҳар як духтар шарт ва зурур аст. Занону духтарон бояд сарфи назар аз касбу корашон ҳунари дӯхтану бофтанро аз худ намоянд.
Баъди санҷиши дониши назариявию амалӣ доварон ба ҳунари иштирокдорони озмун баҳогузорӣ намуданд. Ҳамин тариқ, дар бахши бофандагӣ аъзои маҳфил аз ноҳияи Рӯшон Басима Назарова ва дар бахши муҳрабофӣ аъзои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи мазкур Ҳуснияи Таваккал мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дар бахши кашидадузӣ пирӯзӣ насиби Гулдаста Ниятбекова аз ноҳияи Шуғнон гардид. Дар бахши дузандагӣ доварон ҷои аввалро ба Оиша Иззатова аъзои бахши Маркази таҳсилоти иловагӣ аз ноҳияи Ванҷ сазовор донистанд.
Дар фарҷом ғолибон бо ифтихорномаи Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.








ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид






