Фаъолияти самараноки «Шаҳри бехатар» дар ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва коҳиши вазъи садаманокӣ дар пойтахт

Май 2, 2018 13:22

ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар соли гузашта ва семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 1,5 миллион ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуд», — чунин зикр намуд муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия  Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА дар Парлумони мамлакат зимни баррасии  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки дар таҳрири нав қабул гардид.

Мавсуф афзуд, ки аз 1,5 миллион ҳуқуқвайронкунии ошкоргардида   беш аз 6,6 ҳазори он дар ҳолати мастӣ, зиёда аз 330 ҳазор бе ҳуҷҷати ронандагӣ,  1372  бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, инчунин 6 ҳазору 422 қоидавайронкуниҳо бе рақами давлатӣ ва бо рақамҳои қайди бегона буда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои дахлдор андешида шудаанд.

Абдураҳмон Аламшозода афзуд, ки бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пурзӯр гардонидани ҷазои маъмурӣ дар зарфи се моҳи аввали соли равон ҳуқуқвайронкуниҳои  дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт коҳиш ёфтааст. Агар дар зарфи се моҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 261 вазъи дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин омор дар се моҳи соли равон 669 ҳолатро ташкил медиҳад. Инчунин  бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт дар зарфи се моҳи соли гузашта беш аз 11,5 ҳазор ҳолат ва дар тули се моҳи соли равон 334 ҳолатро ташкил медиҳад. Яъне, тамоюли ин намуди ҳуқуқвайронкуниҳо якчанд маротиба кам гардидааст.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 18 ҳолати идораи воситаҳои нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ мушоҳида гардида буд, дар соли равон то ҳол ягон ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин, А. Аламшозода дар назди вакилони Парлумони мамлакат роҷеъ ба коҳиш ёфтани вазъи садаманокӣ дар пойтахт дахл намуда, онро натиҷаи фаъолияти самараноки низоми худкори «Шаҳри бе  хатар» арзёбӣ намуд.

Дар соли гузашта ва се моҳи соли равон тавассути «Шаҳри бехатар» зиёда аз 300 ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва ба буҷети ҷумҳурӣ 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон дар зарфи соли равон дар ҷумҳурӣ садамаҳои нақлиётӣ 4 фоиз ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 6,6 фоиз кам гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 1,6 ҳолати садамаи нақлиётӣ рост меояд. Ин омор дар Қазоқис­тон 9,9 ва  дар  Қирғизистон  9,4 ҳолатро ташкил медиҳад.

Дар ин росто, мукаммал намудани меъёрҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» талаби замон ва ба манфиати ҷомеа аст, зеро самти қонуни мазкур ба ­таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ба баланд бардоштани интизом ва маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва самаранокии фаъолият дар танзим ва бехатарии он бевосита мусоидат хоҳад кард.

Май 2, 2018 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИЁДАГАРДӢ. Ин намуди варзиш барои нигоҳ доштани вазни муътадили бадан кумак мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд