Идомаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар Кохи Сомон

Май 4, 2018 11:50

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар Кохи Сомон идома дорад.

Дар идомаи Конфронс суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Вазири  корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Венгрия Петер Сийярто, Вазири  корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Давлати Ливия Сиала Муҳаммед, Вазири  корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хурран Дастгир, Вазири  давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашир Ҷовид Акбар, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Жан-Кристоф Биллиард, муовини Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Агибай Смагулов ва чандин мақоми дигари баландпояи хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкории тарафҳои манфиатдор бо мақсади  табодули таҷриба ва таҳияи барномаи амали дақиқ барои фаъолияти  минбаъдаи  муштараки ҳамоҳангшуда  дар чорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир мусоидат хоҳад кард.

Хотиррасон мешавем, ки Конфронси байналмилалии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он намояндагон аз 48 кишвари ҷаҳон, 31 созмони байнламилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштирок доранд.

Дар анҷоми  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Эъломияи Душанбе қабул хоҳад шуд.

Акрам Сангзода,

Мавҷуда Анварӣ,

АМИТ “Ховар”

Май 4, 2018 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад