Имрӯз — Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон. Дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст

Май 5, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд ҳамасола 5 май дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон таҷлил мегардад.

Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиро дороянд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки  дар Тоҷикистон барои ҳамаи шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст ва рӯз аз рӯз шароитҳо барои онҳо  хубтар шуда истодаанд.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ  Бобохонов зикр намуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии санадҳои асосии байналмилалӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷиҳати таъмини шароит барои шахсони маъюбиятдошта саъю талош менамояд. Дар доираи чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расониданд, ки ғамхории Пешвои миллатамонро нисбати шахсони маъюб ифода менамояд».

Чуноне ки ҳамсуҳбати мо зикр кард, ба имзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба давлатҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллиро вобаста ба масъалаҳои шахсони маъюб қавӣ намоянд ва барои беҳтар гардонии ҳаёти онҳо мусоидат намоянд.

«Дар кишвари мо  ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд», — зикр кард С. Бобохонов.

Ба гуфтаи мавсуф, ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад. Маъюбон ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба тариқи ройгон истифода баранд. Ҳамчунин маъюбон ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоиро низ доранд.

Ҳамчунин ҳамсуҳбат афзуд, ки маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бе навбат ва ройгон ба хонаҳояшон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд. «Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ, бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалли табобат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд»,-гуфт Саидалӣ Бобохонов.

Бояд зикр кард, ки имрӯз тамоми биноҳои муосир, роҳравҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои шахсони маъюб мутобиқ гардонда шуда истодаанд.

«Маъюбон бояд ҳангоми истифодаи биноҳо ва инфрасохторҳо ба ягон мушкилӣ дучор нагарданд. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷиши дастрасиро дар биноҳои сохти кӯҳна гузаронд. Тавре маълум гашт, дастрасии маъюбон дар чунин биноҳо ба инобат гирифта нашудааст. Дар асоси тавсияҳои мақомоти ваколатдор шахсони масъул ба бартараф намудани ин камбудиҳо шурӯъ намуданд. Яъне, имрӯз дар даромадгоҳи ҳамаи биноҳои сохти кӯҳна пандус ва дастқапакҳо сохта мешаванд. Аз ҷумла, лифтҳои дарҳояшон хурд ба калон иваз мегарданд»,- илова намуд С.Бобохонов.
Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ 146 ҳазору 397 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 26 ҳазору 197 нафарашонро кӯдакони маъюби то синни 18 сола ташкил медиҳанд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Май 5, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ» натиҷагирӣ гардид
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд