Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд

Май 3, 2018 09:55

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун яке аз шарикон, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  хабар доданд, муҳимияти муқовимати самаранокро бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез ба назар гирифта, ҳайати Иттиҳоди Аврупоро, муовини Дабири кулли Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо оид ба масоили сиёсӣ, сафир Жан-Кристоф Беляр,  Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар самти мубориза бар зидди терроризм Жил де Кершов ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Сафир Петер Буриан роҳбарӣ мекунанд.

Тавре Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини Раиси Комиссияи Аврупо хонум Федерика Могеринӣ изҳор дошт: «Мо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик дар самти мубориза бар зидди терроризм аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Мо шабакаи коршиносони соҳаи зиддитеррористиро, ки дар кишварҳои калидӣ ҷойгир карда шудаанд, таъсис додаем. Инчунин, бо мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва омӯхтан аз якдигар мо бо шариконамон як зумра муколамаҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм ривоҷ медиҳем. Беҳтарин роҳ барои ҳалли самараноки тундгароӣ ва ифротгароӣ ин дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангӣ кор кардан аст».

Соли гузашта Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳо оид ба иқдомоти берунаи Иттиҳоди Аврупо дар самти мубориза бар зидди терроризмро қабул намуда, ҳама гуна шакл ва зуҳуроти террористиро новобаста кӣ ва барои чӣ онро анҷом медиҳад, қотеъона ва бечуну чаро маҳкум мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар кори Конфронс ва чорабиниҳои он иштирок карда, инчунин аз сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро дидан менамояд.

Май 3, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд