ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН РОҶЕЪ БА ВАЗЪИЯТ ДАР НАВОРИ ҒАЗЗА

Май 15, 2018 17:39

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳрванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеъона маҳкум менамояд. Чунин гуфта шудааст дар Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардид.

Дар идомаи изҳорот, аз ҷумла, омадааст:

«Шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд».

Май 15, 2018 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид