«Миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 17, 2018 15:15

ДУШАНБЕ 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (14.05.2018, №93-94) бо суханони зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти хонандагон расид: «Мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд». Дар идомаи ин мавзӯъ нашрия Суханронии Президенти мамлакатро дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон таҳти унвони: «Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад» бознашр кардааст. Дар мулоқоти мазкур, ки 12 май баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишварро бо фарорасиии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъияти мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз изҳори назар карданд. Пешвои миллат аз ҷумла чунин зикр карданд: «Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Таъкид месозам, ки миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад».

Шумораи навбатии «Садои мардум» (17.05.2018, №61) аз ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод кардааст. Зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 15 созишномаи нави ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст: Тоҷикистону Беларус ба имзо расида, вобаста ба натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳороти матбуотӣ доданд. Ҳамчунин вобаста ба сафари мазкур Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко қабул гардид, ки дар он, аз ҷумла, таъкид шудааст: «Ҷонибҳо ҷиҳати ҳавасмандсозии фаъолияти сармоягузорӣ барои эҷоди истеҳсолоти муштараки босамар, такмили шароит барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Беларус, андешидани тадбирҳои амалӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кооператсияи кишоварзӣ ва логистика ба мувофиқа расиданд».

Дар тасдиқи ин Изҳорот Сарони ҳарду давлат дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ 150 корхона ва ширкатҳои Беларус масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд. Илова ба ин, дар рӯзи дуюми сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба истифода доданд.

Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳои «Дорувории босифат кафолати шифоёбии беморон аст», «Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ислоҳоти нави ҳуқуқэҷодкуниро тақозо менамояд» чоп шудаанд.

 

Май 17, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд