Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай

Май 2, 2018 15:58

ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/ Имрӯз, 2 май дар шаҳри  Душанбе дар ҳошияи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай  Рашид Олимов баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмони мазкур, аз ҷумла мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, рушди ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Май 2, 2018 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд