Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

Май 6, 2018 10:16

ДУШАНБЕ, 06.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 майи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои созанда ва ҳусни эътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо мавзӯи суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳарду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайнро таъкид намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобил, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкории наздисарҳадӣ таъкид гардид.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.

 

 

 

Май 6, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд