Мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Россия ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва қавӣ гардидани муносибатҳои дуҷониба замина мегузоранд
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар доираи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту музокироти байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.
Зимни мулоқоту музокирот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густаришу тақвият ёфтани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ ва дар маҷмӯъ боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои байниҳукуматӣ муҳим шуморида шуд.
Ҷонибҳо ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россияро дар ҳама бахшҳо хуб арзёбӣ карда, барои тақвияти бештари он изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, маориф ва илм, сармоягузорӣ, шуғли аҳолӣ ва ғайра ҳамчунин дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматӣ, ки бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни ҳукуматҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва боз ҳам устувору қавӣ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Россия замина мегузорад.
Пас аз мулоқоти ҳайатҳо маросими имзои санадҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор гардид. Баъди имзои санадҳои байниҳукуматӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст натиҷаи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ гардид.










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






