Нақши китоб дар рушди тафаккури миллӣ
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Китоб дар таърихи пурғановати миллати тамаддунпарвар ва фарҳангсолори мо ҷойгоҳи хоса ва хуҷаста дорад. Беҳтарин дастовези халқи тоҷик дар ҷодаҳои тахрих низ китоб будааст. Ба шарофати китоб ва эҷодиёти мондагори бузургонамон миллати моро дар олам мешиносанду ба он арҷ мегузоранд. Имрӯзҳо дар сиёсати фарҳангдӯстонаву адабпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашру тарғиби китоб ва дастгирӣ аз адибону ғамхорӣ ба онҳо аҳамияти хоса дода мешавад. Хабарнигори АМИТ “Ховар” бо нависанда, барандаи Ҷоизаи ба номи устод Айнӣ, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юнус Юсуфӣ дар ин мавзӯъ мусоҳиба анҷом дод.
АМИТ “Ховар”: Ба андешаи Шумо китоб чӣ нақше дар таърихи башар дорад?
Юнус Юсуфӣ: Таърихи башар аз китоб сар мешавад. Нақшу нигор дар девори ғорҳои тор, сангнигораҳою деворнигораҳою тандисакҳои гиливу чўбии сода нахустин китобҳоянд, ки аз чи гунагии дунёи ботини одами орзупарвар ва рўзгори душвори ў дар сапедадамони тамаддун ба мо дарак медиҳанд. Андак пас, ки одам ба жарфои рухдодҳои шигифтангези табиат аз пайроҳаи ақл рафт ва ба осмон «бо чашми ҳайрат» нигаҳ кард, дигар эҳсосу андешаҳою ёфтаю дарёфтаҳои ақли ўро ин чизҳои сода наметавонистанд ифода кунанд ва ниёз ба абзоре дақиқтар, комилтар ба бурротар пеш омад ва саранҷом яке аз кашфиёти нодири ақлу ҳуши одам — хатро ба майдони кору пайкор овард. Бино ба сарчашмаҳо, аз нахустин эҷодгарону корфармоёни хат ба сифати абзори ақлу андеша шумериҳо дар Миёнрўдон будаанд, ки ба 7 ҳазор соли пеш мекашад. Инон бо хати мехӣ дар лавҳҳои гилӣ менавиштанд ва онро дар кўра мепӯхтанд. Бостоншиносон шумори зиёди чунин лавҳҳоро пайдо кардаанд ва аз овозадортарин набиштаҳо дар ин китобҳои гилӣ достони Гилгомиш ва Тўфон аст, ки ҳазорҳо сол баъд дар Инҷилу Қуръон такрор шудааст. Ин достонро бо достонҳои Гомерҳамвазну ҳамсанг медонанд. Инҳо мисолҳое андаке аз нақши китоб дар таърихи башаранд, ки такон ба ақли инсон задаанд, ба сӯӣ кандукову ҷустуҷўяш бурдаанд, аз қаъри гили сияҳ ба авҷи Зуҳалаш баровардаанд.
АМИТ“Ховар”: Китоб чӣ нақше дар таърихи миллати тоҷик дорад?
Юнус Юсуфӣ: Дар ҷаҳон аз чанд миллате ёд мешавад, ки чархи тамаддунро ба гардиш даровардаанд, аз ҷумлаи чиниҳо, ки ба башар ҳунар додаанд, юнониҳо, ки фалсафаро бар тахти шукўҳу ҷалол нишонидаанд, румиҳо, ки кор гирифтан аз қонунро дар дунё интишор додаанд ва дар ин радиф миллати мо, ки ба ҷаҳониён суханро-сухани зебову ширину шодизоро армуғон овардааст. Мо миллати Китобем. Аз жарфнои таърих то ба имрўз китоб миллати моро бофтаву сохтаву борҳо аз нобудӣ наҷот додааст. Ҳанўз 700 сол то Масеҳ паёмбар Зардушт бо китоби осмониаш Авасто барои сарҷамъу пирўз сохтани ориёиҳо зуҳур кард, қабилаҳои парешонро, ки ҳар кадом ба обу оташу Офтоб саҷда мебурданд, ба парастиши Офаридгори якто даъват намуд, фармудаи гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори некро дар зиндагиашон ҷорӣ сохт, ки то имрўз побарҷост ва бешак роҳи наҷоти башар ҳамин аст. Сухан аз ин боб дароз аст, аммо дар ин ҷо зарур аст аз чанд рухдоде ёд шавад, ки ҷойгоҳи китобро дар бақо ёфтану зинда мондани миллати мо таъйид мекунад. Ҳар вақт, ки аз ин боб меандешам, нохоста ҷоннисориҳову азхудгузаштанҳои Рўзбеҳи Додбеҳ (Ибни Муқаффаъ) дар як марҳалаи ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсоз, ки шоҳаншаҳии Сосониён аз ҳам рехтаву хатари нобудии тамаддуну фарҳанги Эрони Бузург ба миён омада буд, пеши назар меояд ва дил саршор аз фараҳу ифтихор мегардад. Рўзбеҳи Додбеҳ дар рўзгоре пой ба майдони пайкор гузошт, ки араб фарҳанги беназиру гаронбори моро рад кардаву мекўшид бо ҳарроҳ онро аз миён бубараду нишонашро аз сафҳаи таърих ситурда гардонад. Рўзбеҳ роҳи наҷотро дар он дид, ки забони ғосибонро беҳтар аз худашон омўхт ва шоҳкорҳои адабиёту илми миллаташро ба он забон тарҷума кард, то ба ин восита ҳам ба онҳо бартарии эрониёнро нишон диҳад ва ҳам фарҳангашро ҳифз намояд. Аз тарҷумаҳои беназири Ибни Муқаффаъ овозадортаринаш имрўз «Калила ва Димна» ва «Худойнома» аст. Ҳамон Калила ва Димна, ки бо хоҳиши Балъамии вазири Сомонӣ аз арабӣ бозпас ба дарӣ тарҷума шуд ва устод Рўдакӣ ба назм даровард. Рўзбеҳ осори гаронмояи зиёде ба забони арабӣ аз худ ба мерос гузоштааст ва ҳама ҷаҳду талошаш бар он будааст, ки фарҳанги миллаташ зинда бимонад, миллаташ аз саҳнаи таърих берун нашавад ва пайдост, ки қатли ноҷавонмардонааш маҳз ба ҳамин ҷурм будааст.
Ҳамин гуна корро дунболи аз саҳнаи сиёсату давлат берун шудани Сомониён ва ба дасти бегонагон афтодани кишвар Фирдавсии бузург бо иншои «Шоҳнома»-и ҷовидониаш кард ва бадард нола зад, ки «Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ, Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!» Ғараз аз Аҷам Эрони Бузург буд. Ва Шоҳнома моро аз нобудӣ наҷот дод ва то имрўз раҳнамою раҳкушои мост. Дар оғози садаи бист, дар рўзгоре ки пантуркистҳо, чун аъроб, садо баланд карданд, ки қавме ба номи тоҷик дар Осиёи Миёна вучуд надорад, инҳо ки ба тоҷикӣ гап мезананд, узбекҳои забонгумкардаанд, устод Айнӣ аз ҳамон роҳ рафт, ки Рўзбеҳу Фирдавсӣ рафта буданд; «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро набишт ва Китоб бори дигар моро наҷот дод…
АМИТ “Ховар”: Ба фикри Шумо китоб чӣ нақше бояд дар ҷомеа дошта бошад?
Юнус Юсуфӣ: Агар ғараз аз «китоб» гуфтан адабиёт аст, ҳадафи адабиёт таҳқиқи инсон ва тарбияти он мебошад; тарбият аз роҳи дар ниҳоду бунёди кас ошкор сохтану неру додани ҳисси зебошиносиву зебопарастӣ, парвариши ахлоқу одоб ва муҳимтар аз ҳама бедору ҳушёр нигоҳ доштани виҷдони ў. Ахлоқу одоб вобаста ба муҳити хонавода, ҷомеаву мактаб метавонад гуна — гуна бошад, ахлоқи як қавм, ба масал, аз ахлоқи қавми дигар фарқ дорад, аммо виҷдон дар ҳама исонҳо яксон аст, зеро он фитрист, ҳамроҳи рўҳу тан зода мешавад ва дар пайванд ба омилҳои зикршуда метавонад бедор бимонад ё ба хоби абад биравад. Ба пиндори ман рисолати адабиёту китоб бедор нигоҳ доштани виҷдони инсон аст, инсони виҷдонаш бедор наметавонад бадахлоқу сагдилу беодоб бошад, самимиву меҳрубон набошад, дар зиндагӣ идеал надошта бошад, ҳадафе бузургро пайгирӣ накунад, ватанашро, обу хоку гулу гиёҳи зодгоҳашро дўст надорад. Китоб-сухан нерўе дорад, ки ҳеч мавҷуди дигар надорад ва агар ба сўи нодуруст равад, саранҷомаш фоҷиабор хоҳад буд. Нависандаи бузург Айтматов мегўяд, китоб ба сифати афзори тарғиб чизе хатарнок аст, яъне сухан дар пайванд ба чи гуна истифода шуданаш метавонад ободу шод созад, метавонад харобу ғамнок гардонад. Рисолати нависанда ба ҷомеа расонидани сухани созандаву зоянда аст. Аз чи гунагии неруи сухани созанда дар адабиёти мо намунаҳо бешуморанд, ки овозадортаринашро дар «Чаҳормақола»-и Арўзии Самарқандӣ дидаву хондаем. Ва дар мавриди ҷойгоҳи сухану китоб дар ҷомеа беҳтар аз устод Рўдакӣ касе нагуфтааст:
Сухан овардаму шамшеру қалам наврўзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирўзӣ.
АМИТ “Ховар”: Сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллатро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Юнус Юсуфӣ: Ҳама медонем, ки аз нахустин рўзҳои ба истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ расидани Тоҷикистони азиз, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зинда сохтани суннату оинҳои миллӣ, гиромидошти бузургони миллат ва фарҳангу таърихи онро дар радаи аввали сиёсаташон ҷой доданд. Баршумурдани корҳои дар ин роҳ карда шударо зарур намедонам, аммо натиҷаи ҳамин сиёсати аз бунёдаш милливу фарҳангсолорӣ буд, ки имрўз аҳли зиёи кишварҳои ҳамзабону ҳамсоя бо ҳаяҷону ҳавас ба Тоҷикистон менигаранд, Роҳбари моро меситоянд ва бо шумори зиёду шодиву нишот ба меҳмонӣ меоянд. Дар ҳеҷ кишвари ҳамзабон Наврўз чун дар Тоҷикистон ҷашн гирифта намешавад, ёдбуди Мавлоною Имоми Аъзаму Ҷомию Камолу Фирдавсӣ ба ин шукўҳу ҷалол намегузарад, Рўзҳои Рўдакиву Ҷалолиддини Балхӣ ба маъракаи саросарии шеъру шеърхонӣ мубаддал намегардад. Маҳз бо ҷаҳду талоши Роҳбари мо Наврўз ҷаҳонӣ шуд, ҷашнҳои куҳане чун Садаву Меҳргон ба маснади баланд нишастан доранд. Ин сиёсат дар дохили кишвар самари бештар овард, насли даврони истиқлол аз саргузашти таъриху тамаддуни миллат огоҳ аст, дўсту душманро мешиносад, бештари ҷавонон ҳадди ақал як ё ду забони хориҷиро медонанд, шумори зиёде аз онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупою Амрико мехонанд. Ҳарсола чопи асарҳои адибон аз ҳисоби хазинаи Президенти кишвар намунаи дигар аз ҳамон корҳои мондагор аст. Ин ҳама пайомади сиёсати оқилонаву дурусти Пешвои миллат ва Ҳукумат мебошад.
АМИТ “Ховар”: Бале, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар дастгирӣ ва ғамхорӣ аз фарҳанги миллӣ собиқа надорад. Аммо чаро дар ин радиф мардум имрўз кам китоб мехонанд? Чӣ бояд кард то таваҷҷуҳ ба китоб бештар шавад?
Юнус Юсуфӣ: Сабабҳо зиёданд, аммо ба пиндори ман асос ҷо иваз кардани арзишҳо дар ҷомеа ва зиндагии мардум аст. Арзишҳои моддӣ ҷои арзишҳои маънавиро гирифтанд. Рўзгоре сухан бар маснади баланд нишаста буду суханвар чун паёмбар шинохта мешуд, инак сарвату сармоя болонишинанд. Сарвату сармоя ба зоти худ китобу китобхониро рад намекунанд, ин ҷо масъалаи интеллект пеш меояд ва дар чӣ сатҳ будани шуури ҷомеа низ нақш мебозад. Ба мушоҳидаи ман вазъи китобу китобхонӣ дар ҳама кишварҳои пасошўравӣ тақрибан яксон менамояд ва ин падида аз он мегўяд, ки сокинони ин кишварҳо таҳаввулоти ногаҳонии сиёсиву иқтисодиву фарҳангиеро, ки суқути СССР ба миён овард, чашмдор набуданд, ҳамин ба таври ногаҳониву зуд дигар гаштани арзишҳои башарӣ ва паст шудани сатҳи зиндагӣ онҳоро саргуму нигарон кард, бисёр боварҳоро дар дилашон шикаст, ноумедиву яъс бабор овард ва китобдорию китобхонӣ барояшон чизе беҳуда гашт. Нуктаи дигар, нависандагиву шоирӣ ба бозиву ҳавасронӣ бадал шуд, ба гуфти Мавлоно Ҷомӣ имрўз поро дарозкунӣ ба… мезанад. Инак дар майдони адабиёт сара аз носара, асари асил аз ҳарза ҷудо намешавад, ҳунарманду беҳунар дар як радаанд ва ин низ як сабаби аз назари эътибор афтодани китоб аст. Маяковский мегўяд: «Чопи як набиштаи ёваву пуч ду тани дигарро ба набиштани чизе бадтар аз он меангезад. Набиштаи ин ду пас аз чоп шудану ба дасти хонанда расидан, рашки чор музахрафнависро бедор мекунад». Вазъи китобу китобнависӣ дар мо айнан чунин аст.
Барои он ки мо рў ба китоб биёрем ва ба китоб чун ба ғизо ниёз дошта бошем, таҳкурсӣ дар хонавода бояд гузошта шавад, сипас низоми омўзишу парвариш дар кўдакистону дабистон, кўдакро ба дунёи зебою пур аз рамзу рози китоб ворид кунад ва донишгоҳ онро ба як рукни муҳиму вежаи зиндагии минбаъди кас табдил диҳад. Ҳоло намедонам, аммо чанд сол пеш дар мактабҳо иншо наменавиштанд, чӣ гуна он бачаҳо ба китоб дил банданду китоб хонанд?
Як сабаби дигари танназули китобхонӣ дар солҳои, хусусан баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба якборагӣ хеле костани теъдоди нашри китобҳо низ гардид, ки ба танназули иқтисодиёт ва буҳронҳои пасазҷангӣ вобастагӣ дошт. Теъдоди нашри китобҳо аз бист, сӣ ва сад ҳазор ба панҷсаду ҳазор нусха фуруд омад ва онҳое, ки китобхон буданд аз дастрас кардани китобҳои наву дилхоҳашон маҳрум гардиданд. Баъдан на ҳар кас вобаста ба буҳронҳои иҷтисодӣ дар ҷомеа қобилияти харидории китобро дошт.
Аммо, хушбахтона, дар чанд соли охир ба шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, дастгирӣ ва ғамхории ӯ аз аҳли адабу фарҳанг, боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва қобилияти харидории мардум падидаҳои хуби рӯ овардан ба китоб ва китобхонӣ мушоҳида мешавад, ки моро умедвор ба бозгашти неруи китоб — сухан ба ҷомеа мекунанд. Баргузории ҳамасолаи Фестивалҳои китоб дар саросари кишвар, намоишҳои байналмилалии китоб дар Тоҷикистон, сафари пайвастаи Корвони китоб ба гӯшаҳои мамлакат ва чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, ҷашну бузургдоштҳои марбут ба аҳли қалам бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба нашри китоб эҳёи тоза бахшиданд. Арзи вуҷуд кардани теъдоди зиёди нашриёт ва матбааҳои китоббарор худ далели бебаҳси гуфтаҳои мост. Хулоса, мо умедворем, ки миллати мо ба асолати азаливу таърихии худ эҷод ва гиромидошти китоб — сухан бозмегардад.
Мусоҳиб Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ “Ховар”