Нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ба сайри дараи Варзоб рафтанд
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар моҳи мубораки Рамазон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сайру саёҳати 50 нафар бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанберо ташкил намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, гурӯҳи маъюбон ва нафақахӯрони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе тавассути хатсайри Душанбе-Варзоб-Душанбе ба дараи зебоманзари Варзоб- мавзеи истироҳатии «Хоҷа Оби Гарм» сафар намуданд.
Баҳри болидахотирии онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ва барномаи консертӣ ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳе қабл низ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 50 нафар бошандагони ин марказ дар шаҳри Душанбе чунин саёҳат баргузор намуда буд ва минбаъд низ ташкили сайру саёҳат барои пиронсолону нафақахӯрони кишвар ба дигар манотиқ дар нақша аст.
Қобили зикр аст, ки ноҳияи Варзоб дорои захираҳои бузург барои рушди сайёҳӣ мебошад. Ноҳияи мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардидааст.
Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисобҳо бештар аз 900 адад минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин фаъолияти 65 адад минтақаҳои истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти як зумра иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон»-и ин дараи хушманзара фаъолияти доимӣ доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба таври замонавӣ хизмат мерасонанд.













«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






