ОҒОЗУ ФАРҶОМИ ЗИНДАГӢ ЧЕНАК АСТ. 20 май – Рӯзи умумиҷаҳонии метрология

Май 20, 2018 09:06

ДУШАНБЕ, 20.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 20 майро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии метрологҳо таҷлил мекунад. Рӯзи метрологҳо ба санаи ба имзо расонидани Созишномаи метрӣ рост меояд. Яъне 20 майи соли 1875  дар Париж  зимни баргузории конфронси  байналмилалии дипломатӣ дар асоси ин Созишнома Созмони байналмилалии байниҳукуматии воситаҳои ченак таъсис дода шуд. Ин аввалин созишномаи байнидавлатӣ дар соҳаи метрология мебошад, ки айни ҳол ба он зиёда аз 70 давлати дунё ҳамроҳ шудаанд.

Сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки   Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода доир ба таърихи ташаккули метрологияи тоҷик зикр намуд, ки таърихи ташаккули метрологияи тоҷик ҳанӯз аз давраи вусъатёбии давлати Сомониён сарчашма мегирад.  Номбурда мегӯяд: «Яке аз девонҳои давлати Сомониён девони Муҳтасиб ном дошт, ки дар ин бора аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон» нигоштааст: «Девони Муҳтасиб ба бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Вай метавонист фурӯши молҳои қалб ва номарғубро боз дорад ва ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Ин девон тадриҷан ба ахлоқи мардум, масҷидравӣ ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагӣ шуд. Шаҳре набуд, ки Муҳтасиби худро надошта бошад. Дар даврони мавҷудияти давлати Сомониён дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва баъдтар дар давраи ҳукмронии Аморати Бухоро одамон дар фаъолияти рӯзмарраи худ, аз ҷумла ҳангоми ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ дар бозорҳо, ҳангоми сохтмон, ҳангоми хариду фурӯши маводҳои қиматбаҳо ва ғайра аз воҳидҳои ченкунии гуногун, ба монанди пуд, ман, мил, фарсанг, мисқол, газ ва ҳоказо истифода мебурданд».

Бино ба нақли Ҷӯрахон Раҳимзода, дар давраҳои мавҷудияти Ҳукумати Шўравӣ хадамоти метрологӣ нахустин маротиба соли 1926 аввал дар шаҳри Хуҷанд ва сипас, дар шаҳри Душанбе филиалҳои Палатаи ченаку  вазни шаҳри Тошканд таъсис дода шуданд. Соли 1929 он ба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ — Палатаи ченаку вазн  табдил гардид.

Ин шуъбаи хурди санҷишӣ рушду равнақ ёфта, то солҳои 90-уми асри гузашта ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ – Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ фаъолият мекард. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.

«Имрӯз «Тоҷикстандарт»  қудрат дорад, ки масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳаллу фасл намояд.  Айни замон Агентии «Тоҷикстандарт» аъзои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили аъзо-обуначии ИСО(ISO), аъзо-корреспонденти МОЗМ(OIML), аъзои комилҳуқуқи МГС (EASC), СООМЕТ ва як зумра ташкилотҳои дигар мебошад»,- гуфт Ҷ. Раҳимзода.

Сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки   Агентии «Тоҷикстандарт» таъмини ягонагии ченакро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳонӣ омили рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва равобити илмию техникии байни давлатҳо ҳисобида, изҳор намуд, ки вусъати савдои умумиҷаҳонӣ, истеҳсоли муштараки молҳо дар байни кишварҳо, ғамхориҳо дар бораи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ, масоили муҳити атроф талаботро ба таъмини ченаки ягонаи байналмилалӣ зиёд мекунанд.

Аз ин рӯ, аҳамияти муҳим доштани метрологияро дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тараққиёти илмӣ-техникӣ, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар гирифта, Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) масъалаи муқаррар кардани рӯзи 20 майро ҳамчун рӯзи қабули Созишномаи метрӣ, ё худ Рӯзи умумиҷаҳонии метрология арзёбӣ намуд.

«Созишномаи метрӣ ба пешрафти илмию техникии ҳамаи давлатҳо таъсири неки худро гузошт. Зеро маҳз тавассути он системаи метрии андозаҳо ва баъдтар системаи байналмилалии воҳидҳо созмон ёфт, ки дар асоси он системаи байналмилалии ченак таъсис гардида, амал мекунад. Тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза — тандурустӣ, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технологияву дастовардҳои илмию техникӣ, энергетика, савдо ва ғайраҳоро бе дурустӣ, ягонагӣ ва саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст», — хулоса кард Сардори раёсати таъминоти метрологии  воситаҳои ченаки  Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода.

 Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Май 20, 2018 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад