ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусод гашта, пастшавии ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа дар назар аст. Вазиши сахти шамол дар Вилояти Хатлон, Суғд то 20-25 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 28 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10 +15 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ баъзан барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +14 +19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки боронӣ пешбинӣ шуда, эҳтимоли боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баъзе ҳолат жола пешбинӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +21 +23 дараҷа ва шабона +14+16 дараҷа гарм мешавад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






