Қодири Қосим: «Имсол дар ҷумҳурӣ беш аз 2045 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ ташкил мегардад»

Май 23, 2018 15:54

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баъди чанде соли хониши мактаббачагон дар анҷом расида, таътили тобистона  фаро мерасад. Масъулин баҳри фароғати онҳо дар лагерҳои истироҳатӣ  чӣ тадбирҳоро роҳандозӣ намудаанд? Бо мақсади шарҳи бештари ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ “Ховар” бо  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин бора чунин  изҳори андеша намуд:

—  Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018»  аз ҳисоби буҷа барои таъсиси лагерҳои истироҳатӣ  наздики  3 миллион  сомонӣ  ҷудо мегардад.

Вобаста ба иҷрои қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба ташкил ва назорати фаъолияти лагерҳои истироҳатии кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2018  тасдиқ  гардида, дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом расидаанд. Тибқи қарори Шӯрои Генералии Федератсия бо мақсади назорати рафти омодагӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии лагерҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ, таъмини истироҳатгоҳҳо бо кормандони педагогӣ ва дигар корҳои ташкилӣ, ҷиҳати назорати раванди ташкили кори истироҳатгоҳҳо ситоди «Тобистон-2018» таъсис дода шуд. Аъзои ситод вазифадор гардидааст, ки ҷараёни ташкили кори истироҳатгоҳҳоро мунтазам назорат намояд.

Бояд  зикр кард, ки  соли 2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 2045 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ бо фарогирии 173 ҳазору   336 нафар кӯдакону наврасон ташкил  мешавад.  Аз ҷумла,  1519  лагери наздимактабӣ (бо фарогирии 114992 нафар хонанда), 54  адад   беруназшаҳрӣ ( бо  ҷалби 23622 нафар),  245  адад лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ (бо фарогирии 11730 нафар)  2 намуд лагери  санаторӣ ( бо истироҳати 55 нафар), 113 адад варзишӣ-беҳдоштӣ  (барои 5595 нафар), 112  лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ (барои  17342 нафар) лагерҳои истироҳатӣ созмон дода мешаванд.

 Мавриди зикр аст, ки кӯдакони ятим, бепарастор аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла, кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, инчунин кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ ройгон ба лагерҳои тобистона ҷалб карда мешаванд.

Алҳол  корҳои омодагӣ барои ташкили лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ дар ташкилоту муассисаҳо идома дошта, ҷобаҷогузории кормандони педагогӣ ҷараён дошта,  вазъи омодагии тамоми лагерҳо, бахусус истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мавриди санҷиш қарор  доранд.

Бояд гуфт, ки  дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони истироҳатгоҳҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ҷиҳати вусъат ва баанҷомрасонии корҳои таъмиру сохтмонӣ дар биноҳо, ошхонаҳо, муҷаҳҳазгардонии иншоотҳо, таъмири ҳавзҳои оббозӣ, майдончаҳои варзишӣ ва банҷомрасонии дигар корҳо чораҳои амалӣ андешида мешавад.

Бинобар сабаби боришоти зиёди моҳҳои охир дар баъзе истироҳатгоҳҳо, ки аксари онҳо дар мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ қарор доранд, корҳои сохтмонӣ тӯл кашид.

Дар аввали моҳи июн дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бо иштироки намояндагони дигар мақомоти марбута оид ба ташкили истироҳатгоҳҳо бо ҷалби сарварону муттасадиёни лагерҳои истироҳатӣ машғулиятҳои омӯзишӣ   гузаронида мешаванд. Дар ин машғулиятҳо ба  ҳар як мутасаддӣ оид ба ташкили  хуби истироҳати кӯдакону наврасон маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

Баргузории чунин  машғулиятҳо  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  низ пешбинӣ гардидааст.

                                                                                   Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ “Ховар”

Май 23, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд