ОИНАЕ, КИ ДАР ОН ГУЗАШТАРО МЕТАВОН ДИД. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ДУШАНБЕ, 18.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ибтидоан аз соли 1977 ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) таҷлил карда мешавад. Аз соли 1978 инҷониб ин ҷашн дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ба нақша гирифтааст.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо ва зери сарпарастии Шӯрои Аврупо ҳамасола дар яке аз шабҳои панҷрӯзаи сеюми моҳи май гузаронида мешуд. Соли 2006 шумораи иштирочиёни лоиҳаи «Шаби осорхонаҳо» зиёда аз 2000 осорхона аз 38 кишвари дунёро ташкил дода, соли 2015 ба беш аз 35 ҳазор осорхона аз 145 давлат расид.
Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ташаббус ҷонибдорӣ гардида, ҳамасола 18 май аз соати 18:00 то 22:00 баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи чорабинии «Шабе дар Осорхона» ба нақша гирифта шудааанд.
Аз ҷумла, соли равон низ дар доираи чорабинии мазкур барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо истифода аз либосҳои миллӣ намоиши мӯд ва аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар рафти сафарҳои расмии сарони давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон намояндагони онҳо ҳатман аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд ва бо худ армуғоне барои Осорхона тақдим мекунанд.
«Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад қолинҳои дастбофти туркманӣ, 1 глобус бо тасвири харита ва парчамҳои Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, амсилаи тиллоии сари гург (нусхаи бозёфти таърихӣ), муҷассамаи нуқрагини аспи ахалтекинӣ, сиккаи тилло баробар бо 100 манати туркманӣ, нусхаи ритони портӣ аз ш. Нисои қадим, китоби «Наврӯзнома» ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардидаанд», — иброз дошт Фаридун Кенҷаев.
Ҳамчунин як адад мусаввара бо номи «Савганди ҷовидонӣ», ки аз ҷониби рассом Ҷураев Ғ. Х. соли 2017 ба тасвир расидаасту ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо гардидааст, тақдими Осорхонаи миллӣ шуд.
Таъкид гардид, ки осорхона оинаест, ки ба гузаштаи дур назар кардану дарк сохтани ояндаи дурахшон имкон медиҳад, пас мебояд пайваста аз ин макони таърихию фарҳангӣ дидан намуд ва ба худ ғизои маънавӣ гирифт.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»











ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






