«Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва пешомадҳо», — Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Май 1, 2018 17:06

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромад ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.  Ин нуктаро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён имрӯз, 1 май дар Конфронси байналмилалии «Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва  пешомадҳо», ки  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, қабл аз оғози конфронс меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, бо мероси таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар конфронси мазкур, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, корпусҳои дипломатии муқими пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар конфронс зикр шуд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 идомаи мантиқии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани зиндагии аҳолии мамлакат мебошад. Дар чор моҳи аввали соли равон дар доираи эълон гардидани ин сол аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, аз андоз озод намудани зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ ва бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд, далели гуфтаҳои боло мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани Конфронси байналмилалии «Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва рушд» тарғиби мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат, ҳунарҳои қадима ва мардумии халқи тоҷик мебошад.

Май 1, 2018 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад