Сайёҳӣ — муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллист

Май 18, 2018 11:36

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Дар ин ҳамоиш, ки «Нақши  мутахассисони  ҷавон дар  инкишофи соҳаи  сайёҳӣ» унвон дошт, намояндагони кумитаҳои фавқулзикр, устодон ва донишҷӯёни  шуъбаи  саёҳат  ва  меҳмондории  факултети  фарҳангшиносӣ иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад ноиби  ректор  оид  ба  корҳои  илм ва  робитаҳои байналмилалии донишкада Раҷабмад Амиров перомуни дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад.

Мавсуф тазаккур дод, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин як силсилачораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.

Инчунин сармутахассиси  Кумитаи ҷавонон  ва   варзиши назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шаҳноза Бобоева  иброз дошт,  ки  дар  партави   сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  муаззами  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  масъалаҳои  рушди  сайёҳӣ  ва   танзими  давлатии  соҳа  беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи  хос  зоҳир  мегардад.

Ба гуфтаи Беҳрӯз Абдуллоев, намоянда аз  Кумитаи  рушди  сайёҳии   назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Номбурда афзуд, ки маҳсулоти  ҳунармандӣ  ва  намудҳои  фарҳанги  суннатӣ яке  аз  василаҳои ҷалби  сайёҳон  ба  кишвар  маҳсуб   ёфта,  сарзамини  мо  бо  табиати  дилошӯбу  фарҳанги  нотакрораш  ҳазорон  сайёҳу  дӯстдорони  табиатро  ҳамасола  ба  худ  ҷалб   менамояд.

Иштирокдорони семинар-машварат аз он изҳори хушҳолӣ намуданд, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд

Май 18, 2018 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад