Сайёҳон аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо роҳбари ширкати «PwC» (PricewaterhouseCoopers) Сунил Малҳотра мулоқот намуд. Ҳадафи ин вохӯрӣ ҷалби сайёҳони Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон мебошад. Бояд таъкид намуд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дошта, барои сафар намудани сайёҳони як қатор кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон мусоидат карда метавонад.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба роҳбари ширкати «PwC» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, куҳнавардӣ ва шикор муаррифӣ гардида, оид ба имтиёзҳои андозию гумрукии ба соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳодшуда, иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, ширкати «PwC», ки дар як қатор мамлакатҳо фаъолият мекунад, ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, шароити ҳуқуқии будубоши сайёҳон ва имтиёзҳои андозию гумрукии пешниҳодшуда мароқ зоҳир намуда, ҳавасмандии худро барои сафарбар намудани сайёҳон ба минтақаи Варзоб, Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара», Искандаркул, Қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанбе изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1995 бо Амороти Муттаҳидаи Араб муносибатҳои дипломатӣ дорад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






