«СУХАНЕ БА РОҲИ ОХИРИН». Чунин ном дорад номаи таслияти Вазири иттилооти Ҷумҳурии Беларус Алес Карлюкевич нисбат ба даргузашти устод Бозор Собир, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид

Май 6, 2018 09:33

ДУШАНБЕ, 06.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба даргузашти  шоири шаҳири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  устод Бозор Собир имрӯзҳо аз номи ходимони давлатӣ, олимон ва шоирону нависандагони кишварҳои хориҷӣ ба унвони наздикону пайвандони марҳум, адибону олимон ва тамоми мардуми тоҷик номаҳои таслият ва сӯгворӣ мерасанд. Имрӯз АМИТ «Ховар» номаи таслияти Вазири иттилооти Ҷумҳурии Беларус Алес Карлюковичро дастрас намуд. Дар зер матни пурраи он оварда мешавад.  

«Шоири тоҷик Бозор Собир, ҳаштодумин баҳори умри хешро надида, рахт аз ҷаҳон барбаст. Дили шоири бузургу тавоное аз задан бозмонд, ки рисолати адабию ҳаётии худро дар талқини ҳақиқат – интихоби дурусту озодонаи миллат дар роҳи бунёди давлати озоду мустақил медид. 
Ӯ чун шоир ва хирадманд ба ҷаҳон бо чашми хирад назар андохта, сатрҳое иншо кард, ки дар дили ҳамватанонаш ҳисси хештаншиносиро бедор намуданд ва ба андешидан дар атрофи сарнавишти худу кишвари худ водор карданд. Ӯ дар роҳи зиндагӣ сари ҳар қадам эътиқоду андешаи ростинро талқин менамуд. Ӯ бо ҳамон ҳадафу ормоне роҳи зиндагию адабиётро мепаймуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи маргаш иброз намуд:
«Бозор Собир яке аз ватандӯсттарин шоироне буд, ки барои тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд». ..
Ҳамин тавр иттифоқ афтод, ки шоири бузург солҳои охири умр дар Амрико зиндагӣ кард. Аммо садои ӯ аз ҳамон ҷо низ ба гӯши ҳамватанонаш мерасид, онҳо мекӯшиданд, ки ба умқи маънии андешаву суханҳои шоиронаи шоир, ки ба Ватани азизаш равона шуда буд, роҳ ёбанду ӯро дарк кунанд. «Шоир бояд дар ҳама ҳолат шарики шодию ғами мардуми тоҷик бошад. Барои иҷрои рисолати худ ӯ бояд тарбиятдидаву фарҳангӣ ва мутамаддин бошад. Барои ин ҳама мушкилоти миллатро бояд дарку эҳсос карду дар эҷодиёти хеш инъикос намуд»,- мегуфт Бозор Собир ва худ низ аз рӯйи ҳамин гуфтаҳо мезисту эҷод мекард. 
Бозор Собир ба назми Белорус таваҷҷуҳ дошт. Ҳанӯз соли 1965 (он вақт дар Тоҷикистон рӯзҳои адабиёти Беларус барпо мешуд) дар маҷмӯаи “Армуғони дӯстӣ” шеъри Артур Волский дар тарҷумаи ӯ нашр шуда буд. Ин шеър ба забони тоҷикӣ 30 марти соли 1965 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” низ интишор ёфт. Бозор Собир ҳамчунин шеърҳои дорандаи ҷоизаи давлатии Белорус Сергей Граховский ва Шоири халқии Белорус Ригора Бородулинаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Фикр мекунам, барои поси хотири шоири маъруфу шинохта маҷмӯаи тарҷумаҳои ӯ дар Беларус, ки он ҷо ба сухани баланди бадеӣ арҷ мегузоранду қадрашро хуб мешиносанд, нашр мешавад».

***

Хотиррасон менамоем, ки Алес Карлюкевич 6 январи соли 1964 дар деҳаи Загитов-Слободаи ноҳияи Пуховичи вилояти Минск ба дунё омадааст. Шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Лвов ва Академияи Президенти Ҷумҳурии Белорусро хатм кардааст.

Ӯ ба ҳайси журналист дар  нашрияҳои гуногун, аз ҷумла рӯзномаҳои  «Звезда» (1995-1998), «Красная смена» (1998-2002), «Советская Белоруссия» (2002-2006), ба сифати директори нашриёти «Литература и искусство»(2006-2011), сармуҳаррири рӯзномаи «Звезда» (2011-2016), муовини Вазири иттилоот (2016-2017) кор кардааст.

Соли 2017 бо Фармони Президенти ҶБ А. Лукашенко Вазири иттилооти ин кишвар таъин гардид.

Алес Николаевич дар бобати барқарору устувор намудани робитаҳои адабӣ, ташвиқу тарғиби адабиёти тоҷик дар кишвараш хизмати босазоеро анҷом додааст. Борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, баъди бозгашт оид ба соҳаҳои гуногуни рӯзгори мардуми мо, вохӯриҳояш ба адибону олимон як силсила мақолаву очерку гузоришҳо навишта, пешкаши хонандагони белорус намудааст.

Профессори Донишкадаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Белорус, узви Раёсати Иттиҳодияи нависандаони Белорус, раиси Ҷамъияти дӯстии «Белорус-Тоҷикистон», аз соли 2010 узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи беш аз 25  китоб аст. Бисёр асарҳои адибони рус, тоҷик, туркман ва дигаронро ба забони белорусӣ тарҷума ва чоп кардааст. Ҳамроҳи  нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам китоби «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо»-ро навиштааст, ки дар Тоҷикистон ду бор интишор ёфтааст. Бисёр очеркҳояш, аз қабили «Тоҷикистонро ман чӣ сон дарёфтам», китобҳояш «Афсонаи бобои Алес» ва «Чӣ хел Светланаи якумхон фиреб хӯрд» дар тарҷумаи Истад Қосимзода ба забони тоҷикӣ ба табъ расидаанд.

Алес Карлюкевич раиси ҷамъияти “Беларус-Тоҷикистон” ва  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Май 6, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард