ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 16 май, чоршанбе, 136-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
Ҳафт сол пеш, 16 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.
***
16 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар карданд.
16 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи биографҳо.
РӮЙДОДҲО:
Шаш сол муқаддам, 16 майи соли 2012 муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мулоқоти хосаи дуҷонибаи Сарони ҳарду давлати Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳокима гардид.
***
16 майи соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард.
***
16 майи соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султонов масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ҳарду давлат, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳангро баррасӣ намуданд.
***
16 майи соли 2015 Сафири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар шаҳри Ҷидда бо Раиси Бонки рушди исломӣ (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломиро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуд.
***
Се сол қабл, 16 майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
16 майи соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «Авеню» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот карданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 7-уми коршиносони миллии Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором аз кишварҳои Корея, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон вобаста ба иқдомоти «Лоиҳаи афзун гардонидани аёнияти мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар Осиёи Миёна» оғоз гардида, то 18 май идома ёфт. Ҳамзамон дар доираи вохӯрии мазкур Симпозиуми байналмилалии «Фазои фарҳангии Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ» доир шуд.
***
Соли 1929 аввалин бор дар ҳотели «Roosevelt» дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи ҳоло машҳури «Оскар» доир. Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа давом карда, дар он тақрибан 250 нафар ширкат намуданд.








Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






