Табиати хушманзар, либосҳои миллӣ ва таомҳои лазизи Тоҷикистон ҳайати фарҳангию сайёҳии АМА-ро ба худ ҷалб намуданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз минтақаи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, бозори Меҳргон, Осорхонаи миллӣ, дараи хушманзараи Ромит ва дигар мавзеъҳои сайёҳии атрофи шаҳри Душанбе дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Ин сафар бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт. Дар ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Комил Ал Муайнӣ, мудири Академияи дипломатияи фарҳангӣ дар шаҳри Дубай, Носир Ал Зоҳирӣ, котиб, нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Аморот, Марям Ал-Шиносӣ, Раиси хонаи табъу нашри “Ёсамин”, Фотима Ал-Нақбӣ, сардори Департаменти фарҳанг дар Аморати Шарҷа ва намояндагони ширкатҳои бузурги сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб шомил буданд.
Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ҳайати меҳмонон дар дараи Ромит имконот ва иқтидори сайёҳӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ намуд. Меҳмонони Аморот ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, курпачаҳои тоҷикиро, ки бо пахта омода карда мешаванд, тавсиф намуданд. Диққати ҳайати Амороти Муттаҳидаи Арабро бештар табиати хушманзар, обҳои равон, маҳсулоти хӯрокаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, меваҳои шаҳдбор, мисоли шоҳтуту қулфинай, гелосу лиму ва асали табиӣ, чеҳраи кушоду меҳмоннавозии тоҷикона, либосҳои миллии занона ва тоқиҳои чакан ҷалб сохт.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, ба соҳаи сайёҳии кӯҳнавардӣ, таърихӣ, экологӣ, саёҳату табобатӣ диққати махсус зоҳир карданд.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 600 нафар сайёҳ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 маротиба зиёд аст.
Мавриди зикр аст, ки ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳии кишвар ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати кишвар ба хотири рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҷиҳати пешрафти ин риштаи сердаромад дар ватани мо заминаи мусоид фароҳам меоварад.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






