Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 майи соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вобаста ба оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур, ки аз моҳи майи соли равон то моҳи феврали соли 2020 идома меёбад, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори обрасонӣ ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Деваштич ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративӣ ва обёрии заминҳо ибрози андеша намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи соҳаҳои кишоварзии вилоят маълумот дода, зикр кард, ки дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии хурди оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода шуда, азхудкунии заминҳои нав, бунёди шаҳракҳои нав ва маҳалҳои аҳолинишин бомаром ба роҳ монда шудаанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» ба маблағи беш аз 16 миллион доллари ИМА татбиқ мегардад, ки ҳадафи асосии он беҳтар сохтани инфрасохтор ва ҳолати обёрӣ дар водии Зарафшон ба ҳисоб меравад.
Дар рафти ҷаласа инчунин муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳасанзода ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо доир ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду ҳадафҳои лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» ибрози андеша намуданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






