«ЯК РӮЗИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ». Пагоҳ таҳти ин унвон дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 май дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор мешавад.
Тавре мо қаблан хабар дода будем, ҳамоиши мазкур бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ бидуни хизматрасонии нақлиётӣ тавассути дучарха ба кор ва машғулиятҳо ҳозир мешаванд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур рушди оммавияти варзиши намуди велосипедронӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ҳамчунин давоми рӯз дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳои ҳудуди ҷумҳурӣ сокинон ба таври васеъ ба ин намуди варзиш ҷалб карда мешаванд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






