20 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии гурезагон

Июнь 20, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд. Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2018 дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карда буданд.

Шурӯъ аз соли 2000-ум ҳар сол 20 июн Рӯзи умумиҷаҳонии гурезагон таҷлил карда мешавад. Қаблан ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии гурезаҳои африқоӣ шинохта мешуд. Сабаби таҷлили ин санаро ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили гурезагон ва кумак ба онҳо унвон мекунанд. Зеро ин мушкил рӯз аз рӯз доғ ва печида мегардад, ки бе дахолати созмонҳои пурнуфузи ҷаҳонӣ ҳалли мусбати он ғайриимкон аст. Худи ивази номи ин сана аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мушкили гурезагон сол аз сол бештар шуда истодааст.

Бо дарки ҷиддияти ин мушкил Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мақоми махсуси Раёсати Комиссари олӣ оид ба гурезаҳоро созмон дод. Ин Раёсат ба гурезагон барои маскун шудан дар ҷойҳои амн ва бо таҳсилу кор фаро гирифтани онҳо кумак мекунад.

Тибқи маълумоте, ки Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар гузориши солонаи худ нашр кардааст, шумораи гурезаҳо дар саросари ҷаҳон ба 70 млн нафар расидааст ва ин нишондиҳанда пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бесобиқа аст.

Танҳо соли 2016 зиёда аз 22 миллион нафар аз Ватани худ гуреза шудаанд. Беш аз ними ин шумораро гурезаҳо аз давлатҳои Ҷумҳурии арабии Сурия (5.5 млн), Ҷумҳурии исломии Афғонистон (2.5 млн) ва Судони Ҷанубӣ (1.4 млн) ташкил медиҳанд.

Сабаби гуреза шудани одамонро ҳам таҳлилгарон ва ҳам мақомҳои расмӣ, аз ҷумла, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо ба ду омили аслӣ вобаста медонанд: низоъҳои давомнок ва фаъолиятҳои террористӣ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари гурезагон аз кишварҳое мебошанд, ки дар он ҷо чандин сол инҷониб ҷангҳои беамон идома доранд ва ин шаҳрҳову минтақаҳо пурра зери оташи ҷанг қарор гирифтаанд. Сурия, Афғонистон, Судони Ҷанубӣ – се давлате, ки ними гурезаҳои ҷаҳон аз ин кишварҳо ҳастанд, солҳои зиёд ба майдони низоъҳои даҳшатнок табдил ёфтаанд ва зиндагии осоишта дар минтақаҳои алоҳидаи ин давлатҳо ғайриимкон аст. Агар дар Афғонистон ва Судони Ҷанубӣ низоъҳо солҳои тӯлонӣ давом дошта бошанд, Ҷумҳурии арабии Сурия аз соли 2013 ба коми оташи ҷанг кашида шуд. То ин замон Сурия аз кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки миллионҳо нафар гурезагон аз давлатҳои ҳамсоя онҷо паноҳ мебурданд, аммо оташи ҷанге, ки 5 сол пеш дар ин кишвари замоне орому осуда аланга гирифт, Сурияро дар рӯйхати кишварҳои нооромтарин ва гурезагонаш аз ҳама зиёд ҷой дод.

Ироқ, Яман, Либия, Нигерия, Сомалӣ аз кишварҳое муаррифӣ шудаанд, ки сокинонаш аз амалҳои пайвастаи террористӣ ва таъқибу куштор аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро азият мекашанд ва ба давлатҳои дигар, аксаран Аврупо паноҳ мебаранд.

Роҳи гурез аз минтақаҳои ҷангзада ва расидан ба макони амн ҳам барои гурезагон ҳамвор ва бехатар нест. Соли 2016 тариқи Баҳри Миёназамин 363 000 нафар гуреза шудаанд, ки 5100 нафари онҳо ба ҳалокат расида ё бедарак шудаанд. Дар 6 моҳи соли 2017 тариқи Баҳри Миёназамин 103 ҳазор нафар гуреза убур кардаанд, ки 2250 нафарашон ҳалок шудаанд.

Дар гузориши Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо омадааст, ки 84%-и гурезаҳои ҷаҳон ба мушкили бекорӣ гирифторанд. Яъне фирор аз минтақаи ҷангзада, тай кардани роҳи пур аз хатар ва расидан ба давлати амн маънои расидан ба зиндагии орому осоиштаро надорад. Бештари гурезагони ҷаҳон дар баробари надоштани кори доимӣ, ҳамчунин аз дастрасӣ ба таҳсил, хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ маҳруманд, ки ба андешаи таҳлилгарон, ин мушкил бисёр ҳам ҷиддӣ аст.

Аммо аз ҳарчи бештар вазъи кӯдакон дар ин ҷараён риққатовар аст. Дар баробари ба ҳалокат расидани ҳазорҳо кӯдаки бегуноҳ, ҳамчунин гурезагӣ ва паси сар кардани мушкилиҳои зиёд ба рӯҳу равони кӯдакон таъсири манфии ҷиддӣ дорад.

Шурӯъ аз охири соли 2014 ҷараёни наве мушоҳида мешавад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои Аврупоро дар ташвиш андохтааст. Ин зери ливои гуреза муҳоҷирати сокинони кишварҳои Африқо ва Ховари Наздик ба Аврупо барои пайдо кардани зиндагии хубтар аст.

Ин сабаб шудааст, ки имрӯз бисёре аз роҳбарони кишварҳои Аврупо хостори баргардонидани гурезаҳо — муҳоҷирон ба кишварҳои аслиашон шудаанд. Агар роҳбарони Германия, Франсия ва Испания ба ин масъала бо таҳаммул бархӯрд намоянд, роҳбарони давлатҳои Австрия ва Венгрия талоши зиёд доранд, то воридшавии гурезагон ба Аврупоро боздоранд.

Чанде пеш Италия барои ворид шудани киштии «Аквариус» бо 629 муҳоҷир аз кишварҳои мусулмонӣ ва африқоӣ ба бандари худ иҷозат надод. Роҳбарони Италия сабаби чунин иқдомро ба сиёсати нодурусти Иттиҳоди Аврупо нисбат ба муҳоҷирон ва гурезагон нисбат дода, иброз намуданд, ки кишварҳои аврупоӣ бояд тартиби қабул ва паноҳгоҳ додан ба гурезагону муҳоҷиронро бозбинӣ намоянд. Бо ин роҳ Италия ошкоро намоиш дод, ки дигар аз қабули муҳоҷирони ғайриқонуние, ки чун гуреза вориди Аврупо мешаванд, худдорӣ мекунад. Ин киштӣ пас аз чанд рӯзи интизорӣ дар соҳилҳои Италия маҷбур шуд ба самти бандари Испания равон шавад. Роҳбарони Испания иҷоза доданд, ки муҳоҷирон саломат ба соҳил расанд, аммо ишора карданд, ки танҳо барои зиндаву саломат мондани муҳоҷирон онҳоро қабул кардаанд ва дар оянда ба ҳамаи гурезаҳо ва муҳоҷирон дар кишвари худ паноҳгоҳ доданӣ нестанд. Ин амали Италия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи кишварҳои аврупоӣ ва неруҳои сиёсии таъсиррасон аз ҳузури муҳоҷирони африқоиву арабӣ дар давлатҳояшон ҷонибдорӣ мекунанд.

Амалиёти террористӣ, ки дар давлатҳои Франсияву Британияи Кабир ва Германияву Белгия дар 2-3 соли охир рух доданд, рӯҳияи муқобили муҳоҷиратро ба миён овард. Зеро аксари онҳое, ки амалҳои террористӣ содир карданд, муҳоҷироне буданд, ки ба Аврупо аз Африқо ё давлатҳои Шарқи Наздик омада буданд.

Аврупо имрӯз миллиардҳо доллар сарф карда, талош дорад, ки гурезаҳо ва муҳоҷирон дар кишварҳои ҳамсояи ватанашон маскун шаванд ва ба Аврупо наоянд. Аммо ба андешаи таҳлилгарон, ин ҳам роҳи ҳалли мушкили гурезагон нест. Ягона роҳи ҳал ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг дар кишварҳои ҷангзада аст. Зеро ҳар нафаре, ки Ватанаш ободу ором аст, ҳеҷ гоҳ онро тарк намекунад.

Ҷасур АБДУЛЛО,

АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард