АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: моҳи аввали тобистон бо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат сипарӣ мешавад

Июнь 12, 2018 15:48

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз меъёр зиёд гармшавии ҳарорати ҳаво аз он дарак медиҳад, ки гармшавии глобалӣ дар ҷаҳон торафт дар ҳоли болоравӣ буда, ин раванд метавонад оқибатҳои ҷиддӣ ва манфии худро ба сайёраи замин ва системаи экологӣ гузорад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иброз дошт, рӯзҳои наздик дар қисми зиёди навоҳии ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ, доманакӯҳҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.

«Рӯзҳои 14-15 июн дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд боридани борон ва амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин давра ҳарорати ҳаво низ тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳои вилояти Хатлон 20-25, рӯзона 35-40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисматҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ҳаво шабона 13-18, рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар натиҷаи шиддат гирифтани шамол дар вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани чангу ғубор низ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд низ рӯзҳои 13 ва 16 июн асосан ҳаво бебориш гашта, вале 14-15 июн дар як қатор ноҳияҳо боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзҳои 13-16 июн асосан бебориш мешавад ва 14-15 июн дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-37 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш шуда, танҳо 16 июн эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш шуда, танҳо 14-15 июн боридани борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ дар назар аст. Ҳаво шабона 16-18 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад»,-афзуд Ҷ.Байдуллоева.

Ба гуфтаи мутахассиси Агентии обуҳавошиносӣ, моҳи июн ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи абрнок шуда, дар қисматҳои ҷанубӣ аллакай ҳарорати гарм то 40 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи марказ то 38 дараҷа ва дар Суғд то 37 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад. Танҳо дар рӯзҳои алоҳида боридани боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.

Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, боридани борон ва ин гуна вазъи ҳаво дар моҳи июн ғайримуқаррарӣ набуда, он дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби дохилшавии ҳавои сард ва намнок, ки омили боридани боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ мегардад, ҳамасола мушоҳида мешавад.

«Танҳо моҳи июл, ки моҳи хушктарин дар иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, асосан дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳаво бебориш ва нисбатан гармтар мешавад»,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи мутахассисон, зиёдшавии партовҳои газҳои парникӣ ва болоравии консентратсияи ин газҳо дар фазои атмосфера омилҳои асосии пайдоиши гармшавии глобалӣ ба шумор мераванд. Ва ин гуна гармшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои гарм ва камбориш боиси хушксолӣ ва камҳосилии маҳсулоти заминҳои хоҷагии қишлоқ мегардад. Мутахассисони обуҳавошинос бар он назаранд, ки эҳтимол имсол тобистон дар кишвар гарм ояд.

Ба гуфтаи ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов, гармшавии иқлим дар тамоми сайёраи замин таъсири манфии худро ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи кишоварзӣ низ расонида метавонад. «Дар ҳолати аз меъёр зиёд гарм шудани ҳаво дар фасли тобистон он метавонад боиси кам гардидани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва инчунин дар ҳолати аз ҷониби кишоварзон нодуруст ба роҳ мондани парвариши зироат метавонад сабаби талафоти зиёди маҳсулот гардад. Дар баробари ин, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тобоварии маҳсулоту зироат ба ҳама гуна шароити номусоид, аз ҷумла, гармӣ дар мисоли якчанд навъи гандум ва сабзавот, чун картошкаи навъҳои «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Рашт» навъҳои наве офаридаанд, ки ин намудҳо ба ҳарорати баланд тобовар буда, дар ин самт корҳо идома доранд»,- зикр намуд Саидҷамол Саидов.

Ба гуфтаи мавсуф, яке аз мушкилиҳои асосӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи гармии ҳаво- ин норасоии об аст, ки   метавонад ба зироат таъсири манфӣ расонад.

«Гармшавии ҳарорати  ҳаво кишоварзони мамлакатро вазифадор мекунад, ки баҳри пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ бояд зимни интихоби зироат навъҳои ба камобӣ тобовари онро кишт намуда, сари вақт обмонии зироатро ба роҳ монанд. Масалан, дар кишти такрорӣ зироати ҷуворимакка, офтобпараст, чойҷуворӣ, зироати лӯбиёгӣ, сабзавотӣ, аз ҷумла, бояд картошка кишт кунанд. Мебояд дар байни зироати коркардшаванда дар 1 метри тӯлонӣ 1 ё 2 дона тухми ҷуворимакка ё чойҷуворӣ кишт карда шавад, ки ин таъсири ҳарорати баландро барои зироати киштшуда то андозае паст мекунад»,-мегӯяд С.Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, деҳқононро зарур аст обмонии қаторҳоро бо суръати паст баъди пешин ва шабонгаҳ  самаранок ба роҳ монанд.  Коркарди байни қаторҳо бо техникаҳои кишоварзӣ ва дастӣ пас аз 2-4 рӯзи обмонӣ ҳатман бо дохил намудани нуриҳои минералӣ бояд гузаронида шавад, ки ин амал ба камтар бухоршавии намӣ аз сатҳи хок сабаб гашта, ба самаранок истифода бурдани оби полезӣ мусоидат мекунад. «Бояд бо сарфи ками об зироат парвариш кунем, зеро имсол захираи об, барфу тарма дар дарёву кӯҳҳои мо то 40 фисад коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз бояд ҳар як қатра обро самаранок истифода бурд. Дар як рӯз аз 1 гектар замин то 15-20 тонна об бухор мешавад. Инро бояд тавассути ба роҳ мондани коркарди байни қаторҳо то андозае камтар намуд»,-зикр намуд мавсуф.

Саидҷамол Саидов бар он назар аст, ки сари вақт ҷамъ овардани зироат метавонад омили хубе дар самти ба даст овардани ҳосилнокии баланд гардида, аз талафоти ҳосил эмин буд.

«Кишти такрорӣ ва сари вақт ҷамъ овардани ҳосил пеш аз сардиҳо метавонад хароҷотро пӯшонад ва ба деҳқонон манфиат орад. Аммо, мутаассифона, дар миёни 170 ҳазор хоҷагиҳои деҳқониву фермерие, ки ба қайд гирифта шудаанд, баъзан нафарони фориғбол низ ҳастанд. Онҳо бояд донанд, ки ҳар як рӯз бояд самаранок истифода бурда шавад. Зеро ҳар як зироат давраи нашъунамои худро дорад, ки дар ҳолати фориғболӣ ва хунукназарӣ метавон ҳосили хуб ба даст наоварда,  зиён бубинанд»,-гуфт С.Саидов.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «ХОВАР»

Июнь 12, 2018 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид