Дар Душанбе «Маҷмӯаи осор»—и Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким рӯнамоӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли равон, соати 15:00 дар Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии «Маҷмӯаи осор»—и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, мунаққид, адабиётшинос ва доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким, ки аз 7 ҷилд иборат аст, баргузор мегардад.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Академияи илмҳо Машраби Абдулло ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, китоби мазкур моҳи январи соли 2018 нашр шуда, ҷилдҳои якум ва дуюми маҷмӯа фарогири мунтахаби шеъру достон ва манзумаҳои муаллиф мебошанд. Ҷилдҳои сеюм ва чорум таҳқиқҳо ва мақолаҳои илмии Аскар Ҳакимро дар бар мегиранд. Дар ҷилди панҷуми мунтахаб мақола, портрет ва мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудаанд, ки хонанда метавонад бо рӯзгору осор ва мавқеи адибон Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон шинос шавад.
Тарҷумаи «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, шеърҳои М. Лермонтов, Расул Ғамзатов ва дигар осори назмиву насрии адабиёти ҷаҳон, ки ба қалами Аскар Ҳаким тааллуқ доранд, дар ҷилди шашуми мунтахаб гирдоварӣ шудаанд.
Ҷилди ҳафтуми китоб «Гуфтор дар бораи худ» ном дошта, хотироти муаллиф ва силсилаи мақолаҳои муҳаққиқонро доир ба рӯзгор ва осори Аскар Ҳаким фаро гирифтааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






