Боздиди Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 20, 2018 18:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Мамнун Ҳусейн дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосӣ роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарварии директори ин ниҳод Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони урду, ки забони асосии аҳолии Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад, сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олӣ ва ҳайати ҳамроҳаш ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуданд. Аз ҷумла, ба бозёфтҳои давраҳои Ҳахоманишиҳо, Панҷакенти қадим, китобҳои нодир дар гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», Сомониён, машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик «Меҳроби Искодар», санги катибадор дар толори «Хушнависӣ» (навиштаҷоти Мирзо Бобур дар рӯи санг) ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мароқи бештар зоҳир карда шуд.

Меҳмонон тавассути толорҳои нигоравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик огаҳии бештар пайдо намуда, баъд аз тамошои нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Мамнун Ҳусейн ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон тассуроти хешро дарҷ намуд.

 

Июнь 20, 2018 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд