Чемпионати ҷаҳон- 2018: дастаи мунтахаби Испания бе сармураббӣ монд

Июнь 14, 2018 13:53

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Краснодари Россия, як рӯз пеш аз оғози бозиҳои Чемпионати Ҷоми ҷаҳон-2018  дар нишасти матбуотӣ президенти Федератсияи футболи Испания Луис Рубиалес сармураббии мунтахаби ин кишвар  Хулен Лопетегиро аз мақомаш барканор кард. Сабаби асосии ин вокуниш ба таври расмӣ сармураббии КФ шоҳонаи “Реал”-и Мадрид интихоб гардидани Хулен Лопетеги маънидод мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки як моҳ пеш Хулен Лопетеги бо дастаи мунтахаби Испания то соли 2020 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида буд.  Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 дастаи мунтахаби Испания шомили гурӯҳи “В” буда, аввалин бозиашро 15 июн бо дастаи мунтахаби  Португалия баргузор мекунад.

Дирӯз  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Конгресси ФИФА баргузор гардид, ки дар он мизбони Ҷоми Ҷаҳон-2026 – ро муайян карданд. Бори аввал дар таърихи гузаронидани бозиҳои  Ҷоми ҷаҳон якбора 3 кишвар- ИМА, Канада ва Мексика мизбонони Ҷоми ҷаҳон- 2026 эълон гардиданд. Ба тарафдории онҳо аз 199 федератсия 134 –то  овоз доданд.

Марокаш ҳам даъвогари мизбонии Чемпионати ҷаҳон буд.

Июнь 14, 2018 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад