Чемпионати ҷаҳон-2018: Германия ба фатҳи қуллаи навбатии чемпионӣ меравад

Июнь 1, 2018 17:03

ДУШАНБЕ,  1.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  13 рӯзи дигар боқӣ монд. Идомаи шиносоӣ бо дастаҳои иштирокдори бозиҳои финалии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ. Имрӯз дар бораи гурӯҳи «F», ки дар он дастаҳои мунтахаби  Германия, Мексика, Шветсия  ва Кореяи Ҷанубӣ  бо ҳам омадаанд, маълумот пешкаш мегардад.

Ягона гурӯҳе, ки норозигии футболбозону роҳбарияти дастаҳои мунтахабро баъди қуръакашии Чемпионати ҷаҳон-2018  ба вуҷуд овард, маҳз гурӯҳи «F» ба шумор меравад.  Сабаби асосии ин норозигӣ  аз он иборат аст, ки масофаи ҷойгиршавии варзишгоҳҳои баргузории бозиҳо дар ин гурӯҳ аз якдигар хеле дуранд.   Варзишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Сочи, Қазон ва Екатеринбург бозиҳои ин гурӯҳро мегузаронанд.

Дар бораи он ки  кадом даста дар  ин гурӯҳ пурқувват аст, ҳоҷат ба баён нест. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки дар баробари чемпиони феълии ҷаҳон -дастаи мунтахаби Германия,  Шветсия даъвогари дуввум  барои баромадан ба даври дигар аст.   Дастаҳои мунтахаби Мексика ва Кореяи Ҷанубиро аз мадди назар дур кардан нашояд. Онҳо ҳам ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтаанд, ки худро нишон диҳанд.

Дастаи мунтахаби Германия

Дастаи мунтахаби Германия  дар баробари дастаи мунтахаби Бразилия аз ҳама дастаи беҳтарини футболи ҷаҳон ба шумор меравад ва чор  маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овардааст. Олмониҳо 18 маротиба дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон иштирок карда, 106 бозӣ гузаронидаанд, ки 66 -тои он бо ғалаба ҷамъбаст шудаасту  20 мусовӣ ва 20 бохт доранд.

Дастаи мунтахаби Германия соли 1908 таъсис ёфтааст. Аввал ин даста намояндаи Ҷумҳурии Веймар, баъдан Рейхи Сеюм ва сипас Ҷумҳурии Федеративии Олмон буд. Дар ин давраҳо дастаҳои мунтахаби Саар ва Ҷумҳурии Демократии Германия низ вуҷуд доштанд ва ҳоло ҳар се даста муттаҳид шудаанд (Саар соли 1952, ҶД Германия соли 1990).

Аввалин унвони чемпиониро футболбозони Олмон соли 1954 ба даст оварданд. Дар вохӯрии ниҳоӣ олмониҳо бар дастаи мунтахаби Венгрия бо натиҷаи 3:2 дастболо гардиданд. Баъди 20-сол,  соли 1974 боз бахти дастаи мунтахаби Германия хандид ва баъди пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби Голландия бо нишондоди 2:1 маротибаи дуввум онҳо Ҷоми ҷаҳонро болои сар бардоштанд. Дастаи мунтахаби Германия ду маротиба дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон бо дастаи мунтахаби Аргентина  қувва санҷида, соли 1990 дар Италия  бо ҳисоби 1:0 ва соли 2014 дар Бразилия бо ҳамин натиҷа ғалаба кард.

Аҷиб он аст, ки дастаи мунтахаби Германия  4 маротиба соҳиби Ҷоми ҷаҳон, чор маротиба соҳиби медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон, 4 маротиба барандаи медалҳои биринҷӣ мебошад, ки ҳама баробаранд. Аз тарафи дигар нишондоди дастаи мунтахаби Германия дар Аврупо ҳам баробар  аст;  3 маротиба чемпиони Аврупо, 3 маротиба барандаи медалҳои нуқра ва се маротиба соҳиби медалҳои биринҷӣ мебошад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Германия 5 нафар бозингароне, ки  сазовори ҷоизаи  «Тӯби тилло»-и шудаанд, бозӣ кардаанд. Инҳо Герд Мюллер (1970) Франс Бекенбауэр ( 1972, 1976) , Карл Ҳайнс Руминигге (1980, 1981) ва Лотар Матеус ( 1990) мебошанд.

Дар бораи дастаи мунтахаби Германия ҳар қадаре, ки нависем, маълумот кофӣ аст. Танҳо ғалабаи ин даста бо ҳайати сеюмаш дар Ҷоми Конфедератсия -2017 бар он далолат мекунад, ки футболбозони болаёқату шӯҳратёр дар ин кишвар хеле зиёданд ва метавонанд дар ҳар мусобиқа бо се ҳайати бо ҳам баробар иштирок кунанд.

Дар раддабандии ФИФА Германия дар зинаи аввал аст. Аз соли 2006 инҷониб даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Йоаҳим Лёв ба мусобиқаҳо омода мешавад. Имсол ҳам дастпарварони Лёв як мақсад доранд. Ғалабаи панҷум дар Ҷоми ҷаҳон ва дар ин нишондод баробар шудан бо дастаи мунтахаби Бразилия.

Ҳайати дастаи мунтахаби Германия

Дарвозабонҳо: Бернд Лено («Байер»), Мануэл Нойер («Бавария»), Марк-Андре тер Штеген («Барселона»), Кевин Трапп (ПСЖ);

Муҳофизатгарон:  Жером Боатенг («Бавария»), Маттиас Гинтер («Боруссия» М), Йонас Гектор («Келн»), Матс Хуммелс, Джошуа Киммих (ҳар ду аз  «Бавария»), Марвин Платтенхардт («Герта»), Антонио Рюдигер («Челси»), Никлас Зюле («Бавария»), Джонатан Та («Байер»);

Нимҳимоятгарон: Юлиан Брандт («Байер»), Юлиан Дракслер (ПСЖ), Леон Гореска («Шалке-04»), Илкай Гюндоган («Манчестер Сити»), Сами Хедира («Ювентус»), Тони Кроос («Реал»), Месут Озил («Арсенал»), Марко Ройс («Боруссия» Д), Себастян Руди («Бавария»), Лерой Сане («Манчестер Сити»);

Ҳамлагарон:  Томас Мюллер («Бавария»), Марио Гомес («Штутгарт»), Нилс Петерсен («Фрайбург»), Тимо Вернер («РБ Лейпсиг»).

Дастаи мунтахаби Мексика

Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Мексика дар чемпионатҳои ҷаҳон он қадар назаррас нест. Аммо ин даста тавонистааст дар 15 бозиҳои финалии Ҷоми ҷаҳон иштирок кунад. Ин нишондод миёни дастаҳое, ки чемпиони ҷаҳон нашудаанд, аз ҳама беҳтарин ба ҳисоб меравад. Солҳои 19970 ва 19986 Мексика то марҳалаи чорякниҳоии бозиҳои Чемпионати ҷаҳон расидааст.

Дар мусобиқоти Ҷоми КОНКАКАФ дастаи мунтахаби Мексика дастоварди аъло дорад.  10 карат унвони чемпиони КОКАКАФ-ро  соҳиб гардидааст.

Дастаи мунтахаби Мексика  дар раддабандии нави Федератсияи футболи ҷаҳонӣ дар мақоми 15-ум маскан гирифтааст ва аз ин пештар соли 1998 ва 2006 дар мақоми 4-ум ҷойгузин буд. Сармураббии даста Хуан Карлос Осорио мебошад, ки аз соли 2015 ба даста машқ медиҳад. Дастаро бо номи «Ла Верде» низ ном мебаранд, ки маънояш сабзпӯшон мебошад.

Хавйер Эрнандес ва ё худ Чичарито беҳтарин нишонзани дастаи мунтахаби Мексика ба шумор меравад. Ӯ ба дарвозаи ҳарифон 48 гол задааст. Эрнандес ҳоло дар дастаи «Вест Ҳем Юнайтед»-и Англия ҳунарнамоӣ дорад, аммо ба фикри мутахассисон ин ҷои ӯ нест. Шояд барои Чичарито ин охирин чемпионати ҷаҳон бошад. Аз ин рӯ барои боз ҳам шӯҳрат ёфтан майдонҳои Чемпионати ҷаҳон дар Россия боз як имкони дигар ба ин ҳамлагар медиҳанд.

Футболбозони беҳтарини Мексика ба дастаҳои беҳтарини Аврупоӣ кам мегузаранд ва аз ин рӯ маҳаки асосии дастаи мунтахабро маҳз ҳамон бозингароне ташкил медиҳанд, ки дар Чемпионати худи Мексика ҳунарнамоӣ доранд.

Дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасони  ин кишвар солҳои 2005 ва 2011соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардидаанд. Дастаи мунтахаби олимпиаш  бошад, соли 2012 дар Англия барандаи медалҳои тилло гардида буд.

Иштироки дастаи мунтахаби Мексика дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳони соли 2014 расонаҳоро ба ларза овард. Хатои доварон дар бозиҳои гурӯҳӣ ба бозии дастаи мунтахаби Мексика таъсир нарасонда бошад, ҳам онҳоро хеле дилшикаста кард. Он вақт дастаи мунтахаби Мексика дар гурӯҳи А якҷоя бо дастаҳои мунтахаби    Бразилия , Хорватия ва Камерун ҳамроҳ буд.

Дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Камерун довари бозӣ Умберто Клавихо ду голи задаи Ҷавани дос Сантосро ба ҳисоб нагирифт, аммо футболбозони Мексика тавонистанд  бо голи задаи Орибе Пералта ба ғалаба шарафёб гарданд. Ёвари довари вохӯрӣ Умберто , ки ду голи ҳақиқиро ба ҳисоб нагирифта буд, аз ҳакамӣ дар бозиҳои минбаъда дар канор карда шуд. Бозии дувумро футболбозони Мексика бо Бразилия мусовӣ анҷом дода, дар вохӯрии сеюм бо дастаи мунтахаби Хорватия бо натиҷаи 3: 1 пирӯз гардиданд ва ба бозиҳои 8/1- ниҳоӣ роҳ пайдо карданд. Аммо дастаи мунтахаби Ҳоланд дар ҳаштякфинал пеши роҳи Мексикаро боздошт. Дар ин вохӯрӣ ҳам, пеналтии дар дақиқаи 94-ум таъинкардаи  довар шубҳанок буд. Мексикоиҳо дар даққиқаи 48-ум бо голи дос Сантос ҳисобро боз карданд. Дар дақиқаи 88-ум Снейдер    натиҷаро мусовӣ гардонид ва Хюнтелер аз зарбаи 11 метра ҳисобро ба нафъи ҳоландиҳо ҷамъбаст кард.

Акнун дар соли 2018 Чичарито бо Гилермо Очоа аз «Стандарт», Эктор Морено аз «Рома», Диэго Ройес аз «Порту», Андрес Квадрадо аз «Реал Бетис», Раул Хименес аз «Бенфика» ва  Хесу Карона аз «Порту» майдондорӣ мекунанд.

Ҳайти дастаи мунтахаби Мексика

Дарвозабонҳо: Хесус Корона («Крус Асул»), Алфредо Талавера («Толука»), Гилермо Очоа («Стандард»);

Муҳофизатгарон:   Эдсон Алварес («Америка»), Освалдо Аланис («Чивас»), Нестор Араухо («Сантос Лагуна»), Уго Айяла («Тигрес»), Хесус Галярдо (УНАМ), Мигел Лаюн («Севиля»), Эктор Морено («Реал Соседад»), Диего Рейес («Порту»), Карлос Салседо («Айнтрахт»), Хесус Корона («Порту»), Юрген Дамм («Тигрес»);

Нимҳимоятгарон: Марко Фабиан («Айнтрахт»), Хонатан дос Сантос, Ҷовани дос Сантос (ҳар ду аз «Лос-Анджелес Гэлакси»), Андрес Гуардадо («Бетис»), Эрик Гутеррес («Пачука»), Эктор Эррера («Порту»), Хесус Молина («Монтеррей»), Рафаэл Маркес («Атлас»);

Ҳамлагарон: Хавер Акино («Тигрес»), Хавер Эрнандес («Вест Хэм»), Раул Хименес («Бенфика»), Ирвинг Лосано (ПСВ), Орибе Пералта («Америка»), Карлос Вела («Лос-Анджелес»).

Дастаи мунтахаби Шветсия

Дастаи мунтахаби Шветсия яке аз дастаҳои пурқуввати сайёра ба ҳисоб меравад. Онҳо се маротиба ба гирифтани медалҳои Бозиҳои олимпӣ сазовор гардидаанд. Аз тарфи дигар дастаи мунтахаби Шветсия маротибаи 11-ум дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон ширкат меварзад. Дар Чемпионати соли 1958, ки дар Шветсия барпо гардид, мунтахаби ин кишвар дар вохӯрии ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Бразилия қувва озмуда бо ҳисоби %:2 шикаст хӯрд ва медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳонро соҳибӣ кард. Ду маротиба Шветсия соҳиби медалҳои биринҷӣ (1950, 1994) гардидааст.

Ситораҳои футболи Шветсия Златан Иброҳимович баъди Чемпионати Аврупои соли 2016 эълон кард, ки ҳунарнамоиашро дар дастаи мунтахаби кишвараш ба анҷом расонидааст, акар не ҳоло ҳам, метавонист ба даста кӯмак расонад. Иброҳимович беҳтарин нишонзани дастаи мунтахаби Шветсия мебошад. Ӯ дар 116 вохӯрӣ ба дарвозаи ҳарифон 62 тӯб задааст.

Дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон- 2018  дастаи мунтахаби Шветсия бо се дастаи мунтахабе, ки дар Чемпионатҳои  ҷаҳон дар финал бозӣ кардаанд, қувва санҷид. Инҳо дастаҳои мунтахаби Франсия, Ҳоланд ва Италия буданд. Дар гурӯҳ Шветсия дуввум шуд ва барои ба бозиҳои ниҳоӣ рафтан дар маҳрумбозиҳо  (плей-офф) ширкат кард. Ҳарифи онҳо дастаи мунтахаби Италия гардид. Шведҳо  аз натиҷаи 2 бозӣ (1:0, 0:0) ғолиб омада бори аввал дар тахрихи 60 солаи дастаи мунтахаби Италия роҳи ӯро барои ба финали Ҷоми ҷаҳон баромадан  бастанд ва баъди 12 сол дастаи мунтахаби Шветсия аз нав ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифт.

Ҳайти дастаи мунтахаби Шветсия

 Дарвозабонҳо:Робин Олсен («Копенгаген»), Карл Йохан Йонссон («Генгам»), Кристоффер Нордфелдт («Суонси»);

Муҳофизатгарон:   Микаэл Лустиг («Селтик»), Виктор Линделёф («Манчестер Юнайтед»), Андреас Гранквист («Краснодар»), Людвиг Аугустинссон («Вердер»), Эмил Крафт, Филип Хеландер (ҳар ду аз «Болоня»), Понтус Янссон («Лидс»), Мартин Олссон («Суонси»);

Нимҳимоятгарон:Эмил Форсберг («Лейпсиг»), Виктор Классон («Краснодар»), Албин Экдал («Гамбург»), Себастян Ларссон («Халл»), Ҷимми Дурмаз («Тулуза»), Маркус Роден («Кротоне»), Оскар Хилемарк («Ҷеноа»), Густав Свенссонн («Сиэтл»);

Ҳамлагарон:Ола Тойвонен («Тулуза»), Маркус Берг («Алайн»), Йон Гвидетти («Алавес»), Исаак Кисе Телин («Васланд-Беверен»).

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ

Дар ин гурӯҳ намояндаи футболи Осиё -дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ низ ҳузур дорад. Коршиносони футбол онро ба қатори дастаҳои даъвогар ба даври дигари бозиҳо дохил накардаанд. Аммо дастаи  мунтахаби Корея аз беҳтарин дастаҳои Осиёи буда, маротибаи 10-ум дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад. Ин даста дар таснифоти ҷаҳони дар зинаи 61-уми ҷойгир шудааст.

Ғайр аз ин дастаи мунтахаби Корея ягона дастаи осиёие мебошад, ки дар бозиҳои нимфиналии Ҷоми ҷаҳон иштирок кардааст. Ба кореягиҳо мушарраф шудааст, ки ду маротиба унвони чемпиони  Осиёро ба худ ихтисос диҳанд. Алабатта ин дар солҳои 50-уми қарни гузашта ба амал омадааст. Аммо таърих онро фаромӯш нахоҳад кард.

Дастаи мунтахаби Корея бохти аз ҳама душвори худро дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Шведсия , ки дар як гурӯҳ аст, дидааст. Соли 1948 дар Лондон дастаи мунтахаби Шведсия Кореяро бо натиҷаи 12:0 шикаст додааст. Корея бо дастаҳое, ки дар гурӯҳи «F» бо ҳам омадаанд, бозиҳои зиёде доир кардааст. Се маротиба бо Олмон, 4 маротиба бо Шведсия ва 12 бори дигар бо Мексика қувва санҷидааст.

Барои капитани даста Ки Сон Ён ин чемпионати сеюми ҷаҳон мебошад. Сон Ён дар дастаи  «Сток Сити» бозӣ мекунад.

Дастоварди намоёни футболбозони Корея  аз заҳматҳои Гус Ҳидинг сарчашма мегирад. Дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2002 дар Япония ва Корея онҳо  ба гирифтани мақоми чорум шарафёб гардиданд. Он солҳо дар гурӯҳи худ дастаи мунтахаби Корея бар Полша бо натиҷаи 2:0, ба Португалия 1:0 ғалаба карда бо дастаи мунтахаби Америка вохӯриро мусовӣ анҷом дод. Дар бозии ҳаштякниҳоӣ дастаи мунтахаби Италия бо ҳисоби 1:0  аз Корея мубталои шикаст гардид. Пас аз он дар бозии чорякниҳоӣ дастаи мунтахаби Корея боз як фоҷиаи дигарро барои ҷаҳониён тақдим кард ва дастаи мунтахаби Испанияро дар задани зарбаҳои 11 метраи баъдибозӣ  мағлуб кард.

Дар вохӯрии ½-ниҳоӣ  олмониҳо бо ҳисоби 1 бар 0 Кореяро ноком кардад ва барои мақоми сеюм дастаи мунтахаби Туркия ҳам бо натиҷаи 3 бар 2 бар Корея ғолиб омад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Корея беҳтарин футболбозони Осиё бозӣ мекунанд. Ки сон Ён аз «Сток Сити», Ли чон Ён аз «Кристал Пелас», Ку Джа Чхол аз «Аусбург», Сон Хин Мин аз «Тотенҳем».

Ҳайати дастаи мунтахаби Корея Ҷанубӣ

Дарвозабонҳо: Ким Син Гю («Виссел Кобе»), Ким Чжин Хен («Сересо Осака»), Чо Хюн У («Тэгу»);

Муҳофизатгарон:   Ким Ен Гвон («Гуанчжоу Эвергранд»), Чан Хён Су («Токио»), Чон Син Хён («Саган Тосу»), Юн Ён Сон («Соннам»), Квон Кён Вон («Тянсзинь Сюансзян»), О Бан Сук («Чеджу Юнайтед»), Ким Ҷин Су («Чонбук»), Ким Мин У («Санҷу Санму»), Пак Чу Хо («Улсан Хёндэ»), Хон Чул («Санҷу Санму»), Ко Ё Хан («Сеул»), Ли Ён («Чеджу Юнайтед»);

Нимҳимоятгарон: Ки Сон Ён («Суонси Сити»), Чон У Ён («Виссел Кобе»), Квон Чхан Хун («Дижон»), Чу Се Ҷон («Асан Мугунхуа»), Ку Ҷа Чхол («Аугсбург»), Ли Ҷэ Сон («Чонбук»), Ли Син У («Верона»), Мун Сон Мин («Инчхон Юнайтед»), Ли Чхон Ён («Кристал Пэлас»);

Ҳамлагарон: Ким Син Ук («Чонбук»), Сон Хин Мин («Тоттенхэм»), Хван Хи Чхан («Залбург»), Ли Гин Хо («Канвон»).

Тақвими бозиҳои гурӯҳӣ «F»

17 июн. 18.00. Москва. «Лужники». Германия – Мексика
18 июн. 15.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея
23 июн. 18.00. Ростови лаби Дон. Корея – Мексика
27 июн. 21.00.  Сочи. Германия – Шведсия
27 июн. 17.00.  Қазон. Корея – Германия
27 июн. 17.00. Екатеринбург.   Мексика – Шведсия

 

 

Июнь 1, 2018 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид