Чемпионати ҷаҳон-2018: гурӯҳи «Н» аз ҳама гурӯҳҳо одитар ба чашм мерасад

Июнь 4, 2018 13:17

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  10 рӯзи дигар боқӣ монд. Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи гурӯҳи охирини бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2018-«Н» пешниҳод мекунад.

Гурӯҳи «Н»  аз ҳама гурӯҳҳо одитар ба чашм мерасад. Ин аз он хотир аст, ки дар ин гурӯҳ дастаҳои таҷрибадору унвондор ҳузур надоранд.  Дар гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Полша, Сенегал, Колумбия ва Япония барои ба бозиҳои минбаъда баромадан бо ҳам рақобат менамоянд. Аз рӯи баҳсу назарсанҷии расонаҳои хабарии ҷаҳон дастаи мунтахаби Полша ва Сенегал нисбат ба Япония ва Колумбия дар гурӯҳ соҳиби бартарӣ мебошанд.

Дастаи мунтахаби Полша

Дастаи мунтахаби Полша аз соли 1938 сар карда, дар бозиҳои ниҳоӣ ва интихобии Чемпионати ҷаҳон пайваста ширкат меварзад. Маротибаи ҳафтум аст, ки ин даста ба бозиҳои финалӣ роҳхат мегирад. Дар радабандии охири таснифоти Федератсияи футболи ҷаҳон  Полша дар зинаи 10-ум қарор дорад ва соли гузашта, моҳи август дар ин ҷода натиҷаи беҳтарин — панҷумро комёб гардид. Соли 1938 дар аввалин иштирокаш дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ баромад ва солҳои тӯлони бо ҳамин як дастовардаш дар сояи комёбиҳои дигар дастаҳо то соли 1974 боқӣ монд. Футболбозони Полша дар Чемпионати чаҳони соли 1974, ки дар Германия баргузор гардид, баъди 36 сол ҳамаро дар ҳайрат гузошта, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Онҳо дар гурӯҳи 4-ум бар дастаҳои мунтахаби Аргентина, Италия ва Гаитӣ ғолиб омада, дар бозии гурӯҳии дуввум танҳо аз дастаи мунтахаби Германия бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб шуданд. Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм футболбозони Полша бар Бразилия бо натиҷаи 1:0 пирӯз гардида аввалин медалҳои биринҷӣ Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварданд. Ду сол пеш дар бозиҳои олимпии Мюнхен дастаи мунтахаби олимпии Полша соҳиби медалҳои тилло ва унвони чемпиони олимпӣ гадида буд.

Дасти мунтахаби Полша ин дастоварди худро дар соли 1982 аз нав такрор кард ва дар рақобат барои мақоми сеюм дастаи мунтахаби Франсияро бо ситораҳош бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дод. Голҳоро Анҷей Шармах, Стефан Маевский ва Януш Купсевич аз дастаи Полша ба ҳадаф расониданд. Дар чемпионати минбаъдаи ҷаҳон футболбозони ин кишвар то ба бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳон расидаанд.

Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Полша дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати Аврупои соли 2016 барои ин даста роҳи нав кушод. Бори аввал дар таърихи худ дастаи мунтахаби ин кишвар бар Германия — чемпиони феълии ҷаҳон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Дар ҳайати ин даста ситораҳои футболи ҷаҳон хеле зиёданд. Роберт Левандовский аз “Бавария” , Лукаш Фабиянски аз “Суонси Сити”, Лукаш Пишек аз “Боруссия”, Камил Глик аз “Монако”, Якуб Блашиковский аз “Волсбург”, Петр Зелинский аз “Наполи”-ро номабар кардан мумкин аст, ки дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон аз худ нақши босазо гузоштаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Полша

Лукаш Скорупски («Рома»), Лукаш Фабиански («Суонси»), Войчех Шченсни («Ювентус»), Бартош Бялковски («Ипсвич»);

Муҳофизатагрон: Ян Беднарек («Саутгемптон»), Бартош Берешински («Сампдория»), Тиаго Чонек (СПАЛ), Камил Глик («Монако»), Артур Енджейчик, Михал Паздан (ҳар ду аз «Легия»), Марчин Камински («Штутгарт»), Томаш Кендзера («Динамо» К), Лукаш Пишчек («Боруссия» Д), Матсей Рибус («Локомотив»);

Нимҳамоятгарон: Якуб Блашчиковски («Волфсбург»), Павел Давидович («Палермо»), Пшемислав Франковски («Ягеллония»), Ятсек Гуралски («Лудогорес», Б), Камил Гроситски («Халл»), Дамян Кондзер, Шимон Журковски, Рафал Кужава (ҳама аз «Гурник»), Карол Линетти («Сампдория»), Мачей Макушевски («Лех»), Кшиштоф Мончинский, Себастян Шимански (ҳар ду аз «Легия»), Славомир Пешко («Лехия»), Гжегож Криховяк («Вест Бромвич»), Петр Зелинский («Наполи»);

Ҳамлагарон: Давид Ковнатски («Сампдория»), Роберт Левандовски («Бавария»), Аркадиуш Милик («Наполи»), Кшиштоф Пентек («Краковия»), Лукаш Теодорчик («Андерлехт»), Камил Вилчек («Брондбю»).

Дастаи мунтахаби Сенегал

Дастаи мунтахаби Сенегал аз дастаҳоест, ки бозиашро пешгӯӣ кардан душвор аст. Ин даста метавонад ҳангомаро дар Чемпионати навбатии ҷаҳон аз худ боқӣ гузорад. Чун ба омори даста таваҷҷуҳ кардем, рӯшан шуд, ки дар чемпионати ҷаҳони соли 2002 дар аввалин ширкаташ дар бозиҳои финалӣ Сенегал бар чемпиони  ҷаҳони соли 1998- дастаи мунтахаби Франсия бо натиҷаи 1:0 ғалаба кардааст.

Дастаи мунтахаби Сенегал тавассути кӯшишҳои зиёди ситораҳояш, чун Калиду Кулибалӣ аз “Наполӣ”, Идрисса Гейе аз “Эвертон”, Садио Мане аз “Ливерпул”, Шейху Кяте ва Диафра Сако аз “Вест Ҳем” ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 роҳхат гирифт. Ин дуввумин ширкати дастаи мунтахаби Сенегал дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон мебошад.

Дар чемпионати миллатҳои Африқо натиҷаи сенегалиҳо он қадар назаррас нест. Онҳо танҳо  соли 2002 барандаи медалҳои нуқра гардидаанд. Дар асри навин ин дастаи африқоӣ яке аз беҳтарин дастаҳои футболи қитъа муаррифӣ мешавад. Натиҷаҳои ба дастовардааш дар Чемпионати ҷаҳони соли 2002 дар Япония ва Кореяи Ҷанубӣ аз ин далолат мекунанд. Дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби Франсия, Уругвай ва Дания қувва озмуда ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ баромад (Франсия-Сенегал 0:1, Дания 1:1, Уругвай 3:3) ва Шведсияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дастаи  мунтахаби Туркия дар ¼-финал пеши роҳи футболбозони Сенегалро бо нишондоди 1:0 боздошт.  Ин дастоварди бузурги сенегалиҳо дар чемпионатҳои  ҷаҳон мебошад.

Дастаи мунтахаби Сенегал метавонад имсол боз як саҳифаи наву рангинро дар торномаи таърихи футболи ҷаҳон сабт намояд.

Дастаи мунтахаби Колумбия

 

Футбол дар Колумбия яке аз намудҳои варзиши дӯстдоштаи мардум ба ҳисоб меравад ва он пештар  берун аз қоидаҳои Федератсияи футболи ҷаҳонӣ амал мекард. Яке аз Лигаҳои футболи пурқувваттарини  ҷаҳон солҳои 40-ум маҳз дар Колумбия гузаронида мешуд. Онҳо ҳатто ба чемпионатҳои ҷаҳон кам таваҷҷуҳ мекарданд. Аммо баъди ба низом даромадани футбол зери чаҳорчӯбаи қоидаҳои ФИФА  дастаи мунтахаби Колумбия  барои ширкат дар Чемпионатҳои ҷаҳон мароқ зоҳир кард. Шаш маротиба дар бозиҳои ниҳоӣ иштирок кардааст ва дастовардаш намоёнаш-ин расидан то ба  марҳалаи чорякниҳоӣ мебошад.

Дастаи мунтахаби Колумбия дар раддабандии футболи ҷаҳонӣ яке аз зинаҳои баландро ишғол мекунад ва боре дар зинаи сеюм ҳам қарор дошту имрӯз дар ҷои 16-ум аст.  Давраи  тиллоии ин дастаро баъди соли 1987 баён мекунанд. Он вақт дастаи мунтахаби Колумбия соҳиби медалҳои биринҷии Ҷоми Амрико гардида буд ва дар ҳайати даста гурӯҳи калони футболбозони шӯҳратёр ба камол мерасиданд, ки дар миёнашон Карлос ВалдеррамаЛеонел АлваресЛуис Карлос ПереаРене Игита, баъдан  Виктор АристисабалОскар КордобаФарид МондрагонИван Рамиро Кордоба ва дигарон буданд.

Сармураббии ин даста Франсико Мантурани соли 2001 Колумбияро ба гирифтани унвони Чемпиони Америка шарафёб гардонид. Ҳоло ба даста мураббии аргентинагӣ Хосе Пакерман машқ медиҳад. Ин даста дар бозиҳои интихобии минтақаи Амрикоӣ Ҷанубӣ аз зинаи чорум ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт. Дар гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Бразилия, Уругвай, Аргентина ва Перу низ ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дастаи мунтахаби Колумбия дар маҷмӯъ соҳиби 27 имтиёз гардид, ки ин аз пешсаф — дастаи мунтахаби Бразилия 14 хол кам мебошад.

Футболбозони Колумбия маротибаи шашум ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд ва ба онҳо муяссар гардидааст, ки соли 2014 дар Бразилия то ба марҳалаи чорякниҳоӣ бароянд.

Имрӯз ситораҳои футболи Колумбия дар дастаҳои гуногуни Аврупову Амрико дар майдонҳои футбол ҳунар нишон медиҳанд. Давид Оспина дар “Арсенал”, Кристиан Сапата дар “Милан”, Карлос Санчес дар “Фиорентина”, Хуан Квадрадо дар “Ювентус”, Хамес Родригес дар “Бавария”, Радамел Фалкао дар “Манако” бозӣ мекунанд. Инҳо дилу дидаи дастаи мунтахаби Колумбия ба шумор мераванд ва мухлисонашон ба онҳо боварӣ доранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Колумбия

Дарвозабонҳо: Давид Оспина («Арсенал»), Камило Варгас («Депортиво Кали»), Иван Арболеда («Банфилд»), Хосе Куадрадо («Онсе Калдас»);

Муҳофизатгарон: Кристиан Сапата («Милан»), Дэвинсон Санчес («Тоттенхэм»), Сантяго Ариас (ПСВ), Оскар Мурило («Пачука»), Франк Фабра («Бока Хуниорс»), Йохан Мохика, Бернардо Эспиноса (ҳарду аз  «Жирона»), Йерри Мина («Барселона»), Вилям Тесило («Санта-Фе»), Стефан Медина («Монтеррей»), Фарид Диас («Олимпия»);

Нимҳимоятгарон: Вилмар Барриос, Себастян Перес (ҳарду аз  «Бока Хуниорс»), Карлос Санчес («Эспанол»), Ҷефферсон Лерма («Леванте»), Хосе Искердо («Брайтон»), Хамес Родригес («Бавария»), Ҷованни Морено («Шанхай Шэнхуа»), Абел Агилар («Депортиво Кали»), Матеус Урибе («Америка»), Имми Чара («Жуниор»), Хуан Кинтеро («Ривер Плейт»), Эдвин Кардона («Бока Хуниорс»), Хуан Куадрадо («Ювентус»), Густаво Куэляр («Фламенго»);

Ҳамлагарон: Радамел Фалкао («Монако»), Дуван Сапата («Сампдория»), Мигел Борха («Палмейрас»), Карлос Бакка («Вилярреал»), Луис Муриэл («Севиля»), Теофило Гутеррес («Жуниор»).

Дастаи мунтахаби Япония

 

Дастаи мунтахаби Японияро дар қитъаи Осиё бо Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ ва Австралия баробар кардан мумкин аст. Ба ин нигоҳ накарда, дар гурӯҳи “Н” кошиносони футбол Японияро дар чои чорум мебинанд.

“Самурайҳои буру” -чунин ном мебаранд дастаи мунтахаби Японияро.  Аммо дар бисёр ҳолатҳо он метавонад тағйир ёбад. Масалан зери роҳбарии сармураббӣ Такеси Окада  даста ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт ва ҳоло онро чун “Окада Ҷапан” ном мебаранд. Даста дар минтақаи Осиё чор маротиба унвони чемпионӣ ба даст оварда, дар чемпионатҳои ҷаҳони соли 2002 ва 2010 то ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ расидааст. Маротибаи панҷум дар бозиҳои финалии чемпионати ҷаҳон ширкат менамояд. Дар бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1968 соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гардидааст.

Соли 1998 аввалин маротиба дар чемпионати ҷаҳон дар Франсия иштирок карда, дар се бозии гурӯҳӣ ба мағлубият дучор шудааст.

Соли 2002 Япония ва Кореяи Ҷанубӣ мизбони бозиҳои финалии ҷоми ҷаҳонӣ гардиданд ва дастаи мунтахаби Япония тавонист дар гурӯҳи “Н” бо дастаҳои мунтахаби Белгия, Россия ва Тунис қувва озмояд. Сари роҳи худ япониҳо бар дастаи мунтахаби Россия бо натиҷаи 1:0 , бар Тунис 2:0 ғолиб омада, бо Белгия 2:2 мусовӣ бозиданд ва бо касби 7 имтиёз аз зинаи аввал ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Аммо бахташон дар рақобат бо дастаи мунтахаби Туркия омад накард ва бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб гардида,  аз давом додани бозиҳо дар канор монданд. Чунин натиҷа дар чемпионати ҷаҳони соли 2010 низ ба қайд гирифта шуд.

Дар чемпионати охирини ҷаҳон дар Бразилия дастаи мунтахаби Япония аз гурӯҳ баромада натавонист ва инак боз чемпионати ҷаҳон ва ин дафъа дар Россия.

Дар ҳайати дастаи мунтахаб як қатор бозингарон аз дастаҳои аврупоӣ муаррифӣ шудаанд. Юто Нагатомо аз “Интернатсионале”, Мая Ёсида аз “Саутгемптон”, Ҳироки Сакай аз “Олимпик Марсел”, Готоку Сакай аз “Гамбург”, Макото Ҳасебе аз “Айнтрахт”, Синдзи Кагава аз “Боррусия”, Синзи Оказаки аз “Лестер Сити” ва ниҳоят пеш аз саршавии чемпионати ҷаҳон Кейсуке Ҳонда  “Почука” низ ба даста даъват шуд.

Дастаи мунтахаби Япония дар раддабандии футболи ҷаҳон дар зинаи  60-ум қарор дорад. Умед аст, ки ин ситораҳои футболи Япония дар чемпионати навбатии ҷаҳон он тавре бозӣ мекунанд, ки ба дили мухлисонашон наздик бошад.

Ҳайатаи дастаи мунтахаби Япония

Дарвозабонҳо: Эйдзи Кавасима («Метс»), Масааки Хигасигути («Гамба Осака»), Косуке Накамура («Касива»);

Муҳофизатгарон: Юто Нагатомо («Галатасарай»), Готоку Сакаи («Гамбург»), Томоаки Макино, Гэн Сёдзи, Ватару Эндо (ҳама аз «Урава»), Майя Йосида («Саутгемптон»), Хироки Сакаи («Марсел»), Наомиси Уеда («Касима»);

Нимҳимоятгарон: Макото Хасебе («Айнтрахт»), Синдзи Кагава («Боруссия»), Гаку Сибасаки («Хетафе»), Риота Осима («Кавасаки»), Тосихиро Аояма («Хиросима»), Хотару Ямагучи («Серезо Осака»), Кейсуке Хонда («Пачука»), Генки Харагучи, Такаси Усами (ҳар ду аз  «Фортуна»), Кэнто Мисао («Касима»), Такаси Инуи («Эйбар»), Йосуке Идегучи («Културал Леонеса»);

Ҳамлагарон: Синдзи Окадзаки («Лестер»), Юйя Осако («Вердер»), Йосинори Муто («Майнтс»), Такума Асано («Штутгарт»).

Тақвими гурӯҳи “Н”

19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Япония
19  июн. 20.00. Москва. «Спартак». Полша – Сенегал
24 июн. 20.00. Екатеринбург. Япония – Сенегал
24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия
28 июн. 19.00. Волгоград. Япония – Полша
28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Июнь 4, 2018 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Ҳисор майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд
БОЗИҲОИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро оғоз намуд
ФУТБОЛ. Наврасони Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи якум ҳамсолонашонро аз Амороти Муттаҳидаи Араб мағлуб намуданд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФУТБОЛ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши варзишгарон доир шуд
БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Варзишгарон ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд
25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад
Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Урдун-Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Уммон ҳакамӣ мекунад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивал баргузор шуд
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст