Дар Хуҷанд гирифтани раводид ба Германия ва дигар кишварҳои Аврупо осон гардид

Июнь 6, 2018 16:38

ДУШАНБЕ, 6.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.  5 июни соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер – Виссинг дар доираи барномаи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои раводиди давлати Германия ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген иштирок намуд.

Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Германия ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Полша, Литва, Люксембург, Малта, Венгрия, Нидерланд, Португалия, Словакия, Словения, Франсия, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон аз ҷониби ҶДММ «Дунёгард» амалӣ карда шуда, он дар ошёнаи 3-юми бинои «Казкомерсбонк» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Давоми 15 рӯзи корӣ шаҳрвандон метавонанд раводиди худро аз ин марказ дарёбанд. Ширкати «Дунёгард» ба мазмуну муҳтаво ва қабулу раднамоии раводид алоқаманд набуда, танҳо хизматрасонии интиқолдиҳии ҳуҷҷатҳоро амалӣ месозад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҶФГ  ҳавасманди ҳарчи сода ва зудтар дастраснамоии раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода изҳор намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки бидуни мамониат ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон сафар намоянд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Германия, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 сурат мегирад, имкон медиҳад, ки мардум ба таври содаву осон раводид дастрас намоянд.

Гузашта аз ин, он барои соҳибкорону тоҷирон баҳри рушди тиҷорат ва дарёфти бозорҳои нави молу коло низ мусоидат менамояд.

 

 

Июнь 6, 2018 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд