Дар Иттифоқи нависандагон бахшида ба фаъолияти эҷодии Ато Ҳамдам маҳфили адабӣ баргузор гардид

Июнь 13, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти эҷодии нависанда, рӯзноманигор, драматург, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ато Ҳамдам маҳфили адабӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Низом Қосим, драматурги шинохта Нур Табаров, шоирону нависандагон, ҳунармандони театр ва ҳаводорони эҷодиёти Ато Ҳамдам иштирок карда, аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд намуданд.

Зикр гардид, ки Ато Ҳамдам яке аз адибони сермаҳсулест, ки муҳтавои эҷодиёташ инсонро ба андеша кардан водор месозад. Аз ин рӯ, адиб бо ин асарҳои пурмуҳтавои худ писанди ҳамагон гаштааст. Аз ҷумла, пйесаҳои «Писари Ватан», «Пеш аз борон», «Сабақ», «Ҳар қиссаро анҷомест», «Фарзанди якум», «Ба истиқболи субҳ»-и ӯ хеле моҳирона эҷод гардида, очеркҳои «Маънии умр», «Давоми роҳ», «Дастони тиллоӣ», «Ба истиқболи субҳ», «Фикр кардан лозим», «Дидор», «Саҳнаи зиндагӣ», «Жизнь продолжается» ва ғайра ба чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Шоир Низом Қосим фаъолияти эҷодӣ ва хизматҳои давлатии ин адиби сермаҳсулро зикр карда, таъкид намуд, ки Ато Ҳамдам дар тӯли фаъолияти чандинсола барои бедор кардани худшиносиву фарҳангдӯстии мардум заҳмат кашидааст.

«Ато Ҳамдам ҳамчун ходими адабӣ ва драматург ба адабиёт содиқона хизмат карда, тамоми кӯшишу талошашро барои бедор кардани ҳисси худшиносиву фарҳангдӯстии мардум равона намудааст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ато Ҳамдам драмаҳое эҷод кард, ки барои ба хориҷиён шиносондани Тоҷикистон муҳим буд. Соли 1993 дар Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов мазҳакаи «Сафармахсум» ба намоиш гузошта шуд. «Сафармахсум»-и ӯ дар озмуни «Парасту – 93» (Душанбе), дар озмуни байналмилалии «Наврӯз – 93» (Ашқобод) ба гирифтани Шоҳҷоиза мушарраф гардид. Ин ғолибият барои он замон хеле муҳим буд»,-иброз дошт Низом Қосим.

Дар маҳфил таъкид карда шуд, ки Ато Ҳамдам баробари эҷоди асарҳои зиёди адабӣ, инчунин ба тарҷумонӣ низ машғул шуда, повестҳои Г. Марков – «Замини Иван Егорович», «Айёми ҷангии ман», пйесаҳои А. Вампилов – «Латифаҳои деҳот», Тавфиқ Ҳаким – «Тири бехато», Ҷон Голсуорси – «Виҷдон», С. Алёшин – «Кори гражданӣ»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ёдовар мешавем, ки Ато Ҳамдам 13 июни соли 1948 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва шуъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Корро аз рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» шурӯъ карда, солҳои 1977-1988 чун муҳаррир ва сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Аз соли 1992 то соли 2004 дар вазифаҳои Вазири фарҳанг ва Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Солҳои 2004 -2009 директори Муассисаи нашриявии «Адиб» ва аз соли 2009 сармуҳаррири нашриёти «Эр-граф» ва ҳамраиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва кишварҳои назди Балтика мебошад.

Ато Ҳамдам Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), узви Иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон (1997), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1970) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979) мебошад.

Июнь 13, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ