Дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдончаи варзишии замонавиро ба истифода супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи майдонча волонтёрҳои назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои хориҷӣ хайрамақдам гуфтанд.
Сохтмони майдончаи мазкур дар давоми 3 моҳ бо харҷи 540 ҳазор сомонӣ сохта шуда, масоҳати умумиаш 720 метри квадратиро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз майдончаҳои футбол, волейбол, баскетбол ва ташноб иборат мебошад. Ҳамзамон дар шафати майдончаи варзишӣ гулгашти зебое бунёд гардида, дар он баҳри дилхушии кӯдакону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар дохили майдончаи варзишӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки меҳмонону сокинони маҳаллаи мазкур аз он дидан намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба сатҳи корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, зикр намуд, ки иншооти мазкур ба наврасони маҳаллаи Бадахшони ноҳияи Шоҳмансур дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ туҳфаи арзанда мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода аз кумаку ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва саҳми арзандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин ҳама ба шарофати сулҳу субот дар кишвар ба вуқӯъ мепайвандад.
Қобили зикр аст, ки майдончаи варзишии мазкурро Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бунёд намуд.













РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






