Дар Қоҳира ба шарафи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид

Июнь 25, 2018 12:23

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар яке аз варзишгоҳҳои шаҳри Қоҳира ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии  Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ ва мусобиқаи футбол баргузор шуд, ки дар он гурӯҳе аз донишҷӯёну шаҳрвандони тоҷики муқими Миср иштирок карданд. Мизбонии ҳамоиши ҷашниро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти тоҷикони Миср ба уҳда доштанд.

Дар суханони шодбошӣ мизбонон Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ширкаткунандагони ҳамоиш табрик гуфта, аҳамияти сарнавиштсози ин рӯзро дар таърихи навини халқи тоҷик таъкид намуданд.

Дар ин росто зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ ба шарофати фидокориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарору пойдор шуд. Ширкаткунандагони ҳамоиш бо ҳамовозӣ пуштибонии худро аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки ҷидду ҷаҳди худро баҳри ободиву пешрафти бештари Ватани маҳбуби худ дареғ надоранд.

Пас аз поёни маросими ифтитоҳи ҳамоиши ҷашнӣ мусобиқаи футбол сурат гирифт. Ба ғолибон ва иштироккунандагони мусобиқа ҷоизаҳои хотиравӣ, аз ҷумла, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Қоҳира ба забони арабӣ чоп шуда буд, тақдим гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.

Июнь 25, 2018 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад