Дар Суди конститутсионӣ оид ба Ваҳдати миллӣ чун омили аслии пойдории Истиқлолият ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 21-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳамчун санади таърихӣ барои таҳкими пояҳои ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат кард, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиш доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода иброз дошт, ки 21 сол қабл миллати тоҷик бо паси сар кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуд, ки сулҳи тоҷиконро оғоз ва Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид.
«Танҳо ба шарофати заҳматҳои пайгирона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шавад ва миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳоӣ ёфта, муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватану манзили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маҷрои рушду инкишоф дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардид. Сулҳу субот барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон заминаи воқеӣ гузошт. Моро зарур аст, ки ин арзиши муқаддасро чун гавҳараки чашм эмин нигаҳ дорем»,-зикр намуд Маҳкам Маҳмудзода.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов нақши Пешвои умумимиллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва истиқрори сулҳро шарҳ дода, иброз дошт, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих фоҷеаҳои зиёдро аз сар гузаронид, аммо хушбахтона, асолату арзишҳои волои худро аз даст надода, ҳамчун як миллати воҳид ташаккул ёфт. Сабаб дар хирадмандӣ ва дорои фарҳанги ғанӣ будани тоҷикон аст, ки ин нукта дар асарҳои бунёдии Сарвари давлат зикр шудааст.
«Бахти мо ин аст, ки Пешвои умумимиллӣ дорем. Мо метавонем Пешвои миллиамонро дар қатори шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ чун Наполеон, Ҷавоҳирлаъл Неру, Камол Отатурк дар як радиф гузорем. Вақте вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ҷонибдорӣ намуданд, кори таърихиеро оғоз бахшиданд. Мо соҳиби Пешвои миллӣ шудем. Имрӯз мо бояд Пешвои умумимиллиамонро ҳифз ва қадр намоем, зеро онҳое, ки Пешвои миллиашонро ҳифз ва қадр намекунанд, давлатдории миллӣ ва сулҳу суботро танҳо орзу менамоянд. Чаро дар Афғонистони ҳамсоя беш аз чил сол шуд ҷанг идома дорад ва касе наметавонад ба ин кишвар сулҳ оварад? Зеро ин кишвар пешво надорад»,-таъкид кард Кароматулло Олимов.
Зикр карда шуд, ки дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳон таҷлил аз ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва баргузории ҳамоишҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сулҳу субот ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ саҳми муҳим мегузорад.
Бояд гуфт, ки дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок ва маърӯза карданд.








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд






