Донишҷӯёни тоҷик дар Форуми ҷавонони СҲШ дар шаҳри Пекин сазовори номинатсияи «Беҳтарин ташаббус» гардиданд

Июнь 4, 2018 10:11

ДУШАНБЕ, 4.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бо иштироки ҷавонони аъзои СҲШ форуми ҷавонони СҲШ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Заробиддин Ширинов аз ҷараёни  форуми мазкур иттилоъ дод, дар кори  он ҷавонони зиёда аз 10 давлат иштирок намуданд.

Форуми мазкур аз рӯи се номинатсия баргузор гардида,  дар он донишҷӯёни тоҷик фаъолона ширкат варзиданд. Магистранти Донишгоҳи Пекин Маҳмуд Ҳамраалиев ва донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Пекин Шаҳриёр Ҳаёхоҷаев аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ташаббус» сазовори ҷои якум дониста шуданд.

Июнь 4, 2018 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад