Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз наздик шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Ин нерӯгоҳ бо истеҳсоли «нерӯи сабз», яъне бе партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ яке аз беҳтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






