«МУБОРАК, РӮЗИ ВАҲДАТ, ҶОНИ ШИРИН…». Достони нави Ато Мирхоҷа ба арзиши гарон ва баҳои баланди Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст

Июнь 27, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 27.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Достони тозаэҷоди шоир Ато Мирхоҷа «Ҷони ширин» дар пайравӣ аз достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзода эҷод гардида, ба мавзӯи бисёр   муҳим ва тақдирсоз — Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст. Дар достон ҳаводису рӯйдодҳои солҳои аввали истиқлолият, суханбозиву шиорпартоиҳои дурӯғини ҳизбҳову ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва  ба сангарҳо ҷудо кардани миллати тоҷик тасвир шуда, баъдан талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмин намудани сулҳу субот, роҳ гирифтан ба сӯи ободиву шукуфоиро дар худ таҷассум менамояд. Ин асар ба хонанда арзиши гарон ва баҳои баланд доштани Ваҳдати миллиро муаррифӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки эҷоди асарҳо дар пайравии достонҳои безавол дар таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик маъмул аст. Даҳҳо шоирон дар пайравии «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Юсуф ва Зулайхо» асарҳо навиштаанд, ки яке аз дигаре рангин буда, дар мазмуну муҳтаво камӣ надоранд. Вале дар пайравии достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзода бори аввал аст, ки шоири даврони истиқлолият достон менависад. Порчаҳои зерини достон:

Ватансозӣ суханбозӣ набудаст,

Ба ҳар девона ҳамрозӣ набудаст.

Басо душман, ки бошад дӯстмонанд,

Ба гуфтори шакар орад туро банд.

Дарояд дар дили ту, хона созад,

Дар охир хонаат вайрона созад, — хонандаро водор месозанд, ки ин достонро мисли «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода бо шавқу завқ мутолиа намояд. Инак, достони «Ҷони ширин»-и Ато Мирхоҷа пешниҳоди қазовати хонандагон мегардад.

Муборак, Рӯзи Ваҳдат, ҷони ширин,

Ало, эй ҳамдаму ҳамрози дерин!

Азизи дил, чу аз ваҳдат занам дам,

Ту меоӣ, ту меоӣ ба ёдам.

Чу аз ваҳдат сухан гӯянд мардум,

Ба ёди ту дилам гум мезанад, гум.

Чу аз ваҳдат бигӯяд шоҳу дарвеш,

Ба ёди ман ту оӣ аз ҳама пеш.

Ба ёди ман шакарханди ту ояд,

Дилам бори дигар банди ту ояд.

Ба ёдам мерасад нозу адоят,

Зи нав ҷону дилам гардад фидоят.

Садои хуштар аз кабки дарият,

Рухи зеботар аз ҳуру парият.

Биёрам дар назар, ҷонам шавад маст,

Ки мислат ҳамдаме дар паҳлуям ҳаст!

Бале, ҷоно, зару симам ту ҳастӣ,

Дар ин ваҳдатсаро нимам ту ҳастӣ.

Барои ман дар ин дунёи дилбар

Зи васлат рӯзи ваҳдат мешавад сар!

Намебудӣ агар дар рӯи олам,

Намедидам ба серӣ бахти одам.

Намедодӣ маро сӯзи муҳаббат,

Куҷо донистаме миқдори ваҳдат!

Агар ишқат намеуфтод дар дил,

Баробар мебудам бо пораи гил.

Ба танҳоӣ ба кунҷе мехазидам,

Ба ҳасрат лаб ба дандон мегазидам.

Бароям зиндагӣ маъно намедошт,

Суруде дар дилам маъво намедошт.

 

Муборак рӯзи Ваҳдат, ҷони ширин,

Ҳалолат хубии Зуҳрову Парвин!

Ба ёдат ҳаст айёме, ки шарбат

Бинӯшидем аз ҷоми муҳаббат,

Чи сон ҳаммеҳанон бо ҷанги тарфанд

Шароби васли моро заҳр карданд?!

Ватан вайрона шуд, мо хор гаштем,

Ба як лаб нони хушке зор гаштем.

Гадо гаштем андар меҳани хеш,

Шудем аз ёру аз ағёр дилреш.

Аз он, ҷоно, ба ҷон ин неш хӯрдем,

Ки фанди душманони хеш хӯрдем.

Надонистем, набвад ҳар суханбоз

Ба сад чарби забони худ ватансоз.

Ватансозӣ суханбозӣ набудаст,

Ба ҳар девона ҳамрозӣ набудаст.

Басо душман, ки бошад дӯстмонанд,

Ба гуфтори шакар орад туро банд.

Дарояд дар дили ту, хона созад,

Дар охир хонаат вайрона созад.

Ба ёдат ҳаст оё, ҷони ширин,

Шиору шарти аҳзоби нахустин?

Чи сон ҳамчун насим аввал вазиданд,

Пасон моро ба сангарҳо кашиданд.

Ҳамон марде, ки дар саҳни сиёсат

Ба ӯ бастем ихлос аз садоқат,

Баромад дар сафи афюнфурӯшон

Алайҳи халқи боимон ба майдон.

Гурӯҳи шӯрапуштонро ҷудо кард,

Аз он дам бар сари мардум бало кард.

Халафро нохалаф гардид ҳоким,

Муаллимро мунофиқ шуд муаллим.

Шуд алвон субҳи истиқлоли тоҷик

Ба хуни ахтари иқболи тоҷик.

Дареғо, халқ бо бад шуд бадомӯз,

Бизад сар аз бадӣ ҷанги ватансӯз.

Зи ҳар ҷониб ба хоки Тоҷикистон

Даромад душмани возеҳу пинҳон.

Яке мегуфт моро кофири хок,

Дигар мехонд моро муслими пок.

Яке моро баҳоӣ карданӣ буд,

Дигар моро хитоӣ карданӣ буд.

Яке мехост мо бошем тарсо,

Дигар мекард суҳбат аз Киришно.

Ба ёдат, ҷони ширин, ҳаст алъон,

Ки омад зардуҳиштие ба Шуғнон.

Ҳамешуд деҳ ба деҳ, саҳро ба саҳро,

Ки ёбад зардуҳиштие мабодо.

Чу дар Помир ҳамдине надид ӯ,

Бишуд дар Аврупояш нопадид ӯ.

Вагарна дайри муғ мехост созад,

Бад-он аз Боми дунё сар фарозад.

Нагӯям кеши ӯ нек аст ё бад,

Фақат гӯям, ки дар мо он сар омад.

На дунё бозпас гардад, на дарё,

Ба як об аз куҷо бинҳӣ ду раҳ по?

Ҳамин сон ҳаст дунё, ҷони ширин,

Надорам боваре бар аҳли ҳар дин.

Нахуст оянд, динатро рабоянд,

Сипас боғу заминатро рабоянд.

Туро бечораю нодор созанд,

Ғулому чокару покор созанд.

Муборак рӯзи Ваҳдат, ҷони ширин,

Ки моро монд барҷо дину оин.

 

Ба ёдат ҳаст оё он Сухандон,

Фазиле, дар адаб Суқроти даврон,

Расиду мағзи мардум кард торик,

Ки моро барғалат хонанд тоҷик.

Аз ин миллат дигар бояд гузаштан,

Тариқи тозае бояд наваштан.

Ту медонӣ, чи сон роҳаш буридам,

Гиребони ғурурашро даридам.

На танҳо ман, басе барно, басе пир

Гапи ӯро ба худ хонданд таҳқир.

Ба вай гуфтанд: «Ҳайфи он алифбо,

Ки хондиву шудӣ машҳури дунё.

Тамоми ҳарфҳояш тоҷикианд,

Забону муҳтавояш тоҷикианд.

Ҷад андар ҷадди мо будаст тоҷик

Ва фардо насли мо ҳам ҳаст тоҷик.

Забону миллату модар-падарро

Наёрад баргузидан одам асло.

Макун таҳмил бар мо зиллататро,

Бирав, бинвис ҷӯгӣ миллататро!».

Сухандони сабукандеш шуд маҳв,

Дигар бардошт дасту дил аз ин саҳв.

Муборак Рӯзи ваҳдат, ҷони ширин,

Ки тоҷик кишварашро баста озин!

 

Ба ёдам ҳасту бошад ҳам ба ёдат,

Чи сон гаштем маҳруми саодат.

Бишуд миллат ба ҳар ҳизбе парешон

Ва ҳар як шаҳру деҳи Тоҷикистон

Ба ҳам овехт ҳамчун гургу каргас,

Бадахшонро ба мо карданд маҳбас.

На раҳ сӯи Душанбе, не ба Хатлон,

На меҳмон аз Хуҷанду не зи Раштон.

Ба ҷои хатлию суғдӣ қавоид

Араб мекарду афғони муҷоҳид.

Қудуми номуборак ҳар яке дошт,

Ба дилҳо тухми нафрат ҳар яке кошт.

Худоё, дар канори ёр мурдан

Беҳ аст аз шаккари ағёр хӯрдан!

Ҳузури шон ғуюби дӯстон шуд,

Зи дамҳошон хазон ин бӯстон шуд.

Ба ёдат ҳаст, ҳар деҳ лашкаре дошт,

Қумандоневу сад ғоратгаре дошт.

На танҳо хасми моли халқ буданд,

Зану фарзандашон ҳам мерабуданд.

Ҳама аз сарҳади Меҳан рамиданд,

Ба ҳар як шаҳру деҳ сарҳад кашиданд.

Ба ёдат ҳаст оё, ҷони ширин,

Сафар кардем он айёми хунин.

Зи Хоруғ то Душанбе, сина пурсӯз,

Гузаштем аз чиҳил сарҳад ба се рӯз!

Ту гӯӣ аз чиҳил барзах гузаштем,

Зи чил дарвозаи дӯзах гузаштем.

Муборак Рӯзи Ваҳдат, ҷони ширин,

Ки пушти сар шуд он айёми сангин!

 

Азизи дил, ба ёдат ҳаст оё

Душанбеи хазонгардидаву мо?

Садои тир меомад шабу рӯз

Зи ҳар ҷониб ба гӯши мо ҷигарсӯз.

Агарчи ҷанг буду шубҳаю шак,

Агарчи гушна буд мардум якояк,

Агарчи метавонистем кардан

Ба ҳар сӯи ҷаҳон мо тарки Меҳан,

Вале обу ҳавои Тоҷикистон,

Мароми мардуми соҳибдили он,

Ҳаводори Душанбе кард моро,

Намакхори Душанбе кард моро.

Талоши сарвари барнои миллат

Барои сулҳу ободии давлат,

Дили моро қавӣ карду пуруммед,

Ато бинмудамон гармии хуршед.

Душанбе соябон шуд бар сари мо,

Дар ин ҷо боз шуд болу пари мо.

Дар ин ҷо байни шоирҳои номӣ

Маро ҳам гашт пайдо эҳтироме.

Дар ин ҷо фарқ кардам душман аз дӯст,

Ҷудо кардам дар ин ҷо мағз аз пӯст.

Ба ёдат ҳаст Айюбии шоир,

Дар инсондӯстӣ мумтозу моҳир.

Бародарвор моро шуд нигаҳбон

Зи офоти камонмардони даврон.

Ҷавонмардию ваҳдат инчунин бод!

Маконаш, Эзадо, хулди барин бод!

Дар ин ҷо Гулназар, Меҳмони Бахтӣ

Мадад карданд моро рӯзи сахтӣ.

Гумонам, то ки некӣ дар ҷаҳон аст,

Дили Сайидалӣ Маъмури он аст.

Ба ёдат ҳаст, аз томоту аз ғам

Раҳоӣ дод чун Аскар Ҳакимам?

Чи сон аз Муҳтарам Ҳотам нагӯям,

Ки шуд «Роҳи умед»-аш обрӯям.

Агар қасди сухан одамгарӣ ҳаст,

Магар з-ин шоирон одамтаре ҳаст?

Агар мақсуди ваҳдат васли дилҳост,

Зи юмни ин азизон ваҳдати мост!

Сиришти шоирон будаст ваҳдат,

Биҳишти шоирон будаст ваҳдат.

Муборак Рӯзи Ваҳдат, ҷони ширин,

К-аз он шуд зиндагӣ ободу рангин.

 

Ту донӣ, ҷони ширин, гашта пинҳон

Миёни ҳалқакӯҳҳо Тоҷикистон.

Зибас хулқи тамаддунофарӣ дошт,

Ба халқи Осиё пайғамбарӣ дошт,

Чу Юсуф нобародарҳои пуркин

Фикандандаш ба коми чоҳи сангин.

Ту гӯӣ, карда ҳамчун балшивикҳо

Табиат ҳам табартақсим онро.

Асири кӯҳҳои худ Зарафшон,

Барад ҳасрат ба мурғони парафшон.

Бадахшон пой дар занҷири сад кӯҳ.

Дилаш монанди маҳбусон пурандӯҳ.

Хуҷанду Исфара бо Конибодом,

Ҳама афтода чун сайде дар ин дом.

Ба ҳар ҷониб, ки рӯ меоварад Рашт,

Набинад аз паси кӯҳ Ромиту Ашт.

Ҳисору Балҷувон, Кӯлобу Қӯрғон –

Ҳама дар печи шаҳмори кӯҳистон.

Набинӣ, Тоҷикистон банд дар банд

Бувад маҷмӯаи дарбанду сарбанд.

Дар ин ҷо ҳар қабила миллате буд,

Дар ин ҷо даррае худ давлате буд.

Зи бими мулку меросаш як авлод

Ба авлоди дигар духтар намедод.

Қудо мегашт хоҳар бо бародар,

Бародарҳо қудо буданд аксар.

Ҳазар як қавм аз қавми дигар дошт,

Хурофоту таассуб бешумар дошт.

Намедонист, к-аз шӯю зани хеш,

Басо фарзанд ояд кунд-андеш.

Чунин одам бувад дар ҳукми тӯтӣ,

Надорад мағзаш аз эҷод қуте.

Бале, меоварад ин сон ҷудоӣ,

Ҷаҳонеро ба фақру бенавоӣ.

Агарчи фақри ҷисмонӣ шакар нест,

Зи фақри маънавӣ чизе батар нест.

Илоҷаш, ҷони ширин, буд белоф

Шикофидан дили сад кӯҳи чун Қоф.

Зи бунбасти қадимӣ раҳ кашидан,

Ба ҳар сӯ Юсуфе аз чаҳ кашидан.

Ба азми мардумони худгари мо,

Ба помардию ҷаҳди сарвари мо,

Набарди тоҷикон бо кӯҳ шуд сар,

Ки мислашро надида ҳеҷ кишвар.

Бибин, Деви Сапеди Девдарра

Зи дасти Рустами мо хӯрд арра.

Бишуд Шаршар ғуломи ҳалқабаргӯш,

Бале, ин аждаҳо гардид харгӯш!

Чу мағзи Чормағзак парма кардем,

Шахашро муму сангаш сурма кардем.

Ҳазорон сол раҳро хоб дидем,

Азоб аз ағбаи Анзоб дидем.

Чунон таркид дар он оҳи мардум,

Ки шуд хорои қалбаш роҳи мардум.

Зи Шаҳристону душвораш чӣ гӯям,

Зи талҳои аҷалбораш чӣ гӯям?

Уқоби қуллааш гардад нафастанг,

Расад болу параш бар теғаи санг.

Вале мо синаашро боз кардем,

Ба пои халқ пойандоз кардем.

Зи Ваҳдат ҷониби Ёвон хамидем,

Раҳи поезд бар кӯҳҳо кашидем.

Чу шуд роҳи маҳалҳо сӯи ҳам боз,

Шуданд анбозу ҳампаймону ҳамроз.

Маҳалҳо чун қарибу хеш гаштанд,

Шиносои вуҷуди хеш гаштанд[1].

Маҳалбозону ғаммозони эшон

Шуданд аз ваҳдати мардум парешон.

Муборак, ҷони ширин, Рӯзи Ваҳдат,

Дурахши шамси ҷонафрӯзи Ваҳдат!

 

Зи ман беҳтар ту донӣ, ҷони ширин,

Ки инсон то куҷо шуд нотавонбин.

Ҷаҳон шуд то куҷо макрӯҳу ифлос,

Бадомӯзу бадафъолу бадихлос.

Фиребу зӯрию таҳқири одам

Шуд оини худовандони олам.

Фашизми Амрикою Ғарб бебок,

Ҷигаргоҳи мусулмонро кунад чок.

Зи Шарқ ояд садои асри вусто,

Таассуб чира гашта мағзҳоро.

Зи Исою Муҳаммад ҳар ду гӯянд,

Валекин роҳи эшонро напӯянд.

Ту гӯӣ ҷумлагӣ Қуръону Инҷил

Бувад як қиссаи Қобилу Ҳобил.

Ту гӯӣ нест бар меҳру муҳаббат

Дар оёти Худо ҳарфи ишорат!

Ба номи ҳифзи ҳаққу шаъни инсон

Ҷаҳон афтода дар қапқони Шайтон.

Агар то ҳол баҳри ҳифзи меҳан,

Силаҳ месохтанд аз баҳри душман,

Кунун пурқудратон бо халқ бозанд,

Ҳама баҳри силаҳ душман бисозанд!

Ба ёдат ҳаст вақти сарфи як шом

Табу тоби Латифи пури Пидром?

Чӣ сон ин шоири озодандеш

Буд аз тақдири халқи хеш дилреш.

Ки Мағриб, то силоҳашро фурӯшад,

Паёпай хуни афғонро бинӯшад.

Бувад омоли Пидроми мубориз:

Барояд халқи ӯ аз сангару диз.

Амонӣ пар кашад дар мулки Афғон,

Шавад ваҳдатсаро чун Тоҷикистон.

Зи як хон нон хӯрад тоҷику пашту,

Бишарманд аз ҳаёҳӯи «ману ту».

Назар дар ҳам ба чашми меҳр созанд,

Ба меҳри худ адуро сеҳр созанд.

Чу афтад меҳр дар дил, кин гурезад,

Сиёҳӣ аз дилу аз ҷон бирезад.

Шавад равшан равону мағзи миллат,

Шавад сар рӯзгори нағзи миллат.

Худоё, дарди афғонро даво кун,

Хуросонро зи чоҳи ғам раҳо кун!

Муборак, ҷони ширин, Рӯзи Ваҳдат

Барои тоҷикони пурмуҳаббат!

 

Азизам, беҳтар аз ҳар кас ту донӣ,

Чӣ хоҳад шоират аз зиндагонӣ.

Чӣ сон мебигзарад бар вай шабу рӯз,

Чӣ дорад дар дили худ аз табу сӯз.

Ҳавас бар моли ин дунё надорад,

Дукону тангаву тилло надорад.

Фақат хоҳад, ки ҷон бахшад суханро,

Барафрӯзад дили халқи Ватанро.

Ки ирқу боварашро дӯст дорад,

Забони модарашро дӯст дорад.

Миёни ин ҳама фарҳангу мардум,

Насозад чеҳраю фарҳанги худ гум.

Ба илму фанни олам чир гардад,

Зи нав машҳуру оламгир гардад.

Сухан гуфтан зи ҳар кас гарчи ояд,

Агар шоир бигӯяд, пар кушояд.

Шавад ҷо дар дили инсон гапи вай,

Аз он инсони комил – зиндаву ҳай!

Махӯр ғам, ҷони ширин, гар ду оҷиз

Чу ору гирди мо доранд виз-виз.

Барои ин маризони равонӣ

Ватанпарвар бувад худ хасми ҷонӣ.

Бувад ҳар зарра рушди Тоҷикистон,

Барои ин маризон рафтани ҷон.

Чу кӯшиданд бар тақсими миллат,

Тиҳӣ шуд ҷонашон аз нури Ваҳдат.

Надорад халқи солимфикр дигар

Ба ин гумкардароҳон ҳеҷ бовар.

Ба ҳизбу кешашон ҳам кас нанозад,

Ки раҳгумкарда раҳгумкарда созад.

Ҳазорон шукри халқи Тоҷикистон,

Ки кард ӯ интихоби пури Раҳмон.

Абармарде, ки бо неруи имон

Ватанро вораҳонд аз чанги Шайтон.

Гузашт аз худ, гузашт аз хобу роҳат,

Расонд ӯ миллати моро ба ваҳдат.

Чу боғистон Ватан гардид? Гардид,

Чароғистон Ватан гардид? Гардид.

Зи ифротӣ Ватан гардид озод,

Зи тахти савлаташ уфтод? Уфтод.

Хатар бар ҷони мардум нест? Оре,

Гадои нони гандум нест? Оре.

Мусулмонаш мусулмон монд? Мондаст,

Намозу савму имон монд? Мондаст.

Риё дар кори дин коҳид? Коҳид,

Дамои буғзу кин коҳид? Коҳид.

Басо шайтони раҳгум аз миён рафт,

«Тую ман» байни мардум аз миён рафт,

Мароми ваҳдаташ шуд ҷовидонӣ,

Аз он гардид ширин зиндагонӣ!

Муборак Рӯзи Ваҳдат, ҷони ширин,

Вафодори мано, табрику таҳсин!

Барои мо дилафрӯзи дигар нест,

Муборактар аз ин рӯзи дигар нест!

Ато МИРХОҶА,

июни соли 2018

 

[1] Мисраъ бо тағйири андак аз Носири Хусрав.

Июнь 27, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард