НЕСТ БОД НАШЪАМАНДӢ! Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ коҳиш ёфтааст

Июнь 26, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 1987 Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади ноил гардидан ба ташкили ҷомеаи ҷаҳонии озод аз суиистеъмоли маводи мухаддир ва зоҳир намудани нишони устуворӣ дар мубориза бо ин падида қарор қабул кард, ки ҳамасола рӯзи 26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор ҷашн гирифта шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳонӣ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, тамоми кӯшишҳоро дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба харҷ медиҳад, то ҷомеаи солим ва пойдори бидуни маводи нашъадор бунёд намояд.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ, дар мамлакат ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 83,6 нафар бемор рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Ва ин дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама нишондиҳандаи паст мебошад.

Дар қайди оммавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ шумораи нашъамандон дар ҷумҳурӣ соли 2017 6930 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2016  200 нафар кам аст. Ин нуктаро зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ Рустам Шарипов зикр намуд.

Бояд гуфт, ки маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он дар баробари таҳдидҳои хатарбори ҷаҳони муосир ҳамоно аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва мояи нигаронӣ боқӣ мондааст. Имрӯзҳо дар ҷаҳон шумораи нафароне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд, беш аз 200 млн нафарро ташкил медиҳад.

Маводи мухаддир дар навбати аввал моддаи психоактивии хавфноке мебошад, ки истеъмоли он қобилияти дуруст қабул кардани ҳодисаю воқеият, солим фикр кардан ва қарорҳои дуруст қабул кардани ҳар як шахсро ба куллӣ тағйир медиҳад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, истеъмоли маводи мухаддир хатари гирифторшавӣ ба сактаи дил, заҳролудшавӣ, сирояти бемориҳои ниҳоят хавфнок ва осеби майнаи сарро ба вуҷуд меорад. «Оқибатҳои бемории нашъамандӣ ҳам ба худи шахси истеъмолкунанда, яъне нашъаманд ва ҳам ба атрофиёни ӯ, аҳлу оила ва ҷомеа метавонад зарар расонад. Гузашта аз ин, ин амал сабаби зарар дидани насли ояндаи ӯ, таваллуди тифли носолим, тағйирёбии ҳолати ҷисмонӣ ё ин ки ҳолати рӯҳии фарзандонашон ҳангоми истеъмоли маводи нашъаовар мегардад»,-мегӯяд Р.Шарипов.

Ба иттилои мутахассисон, сабаби ба нашъамандӣ гирифтор шудан, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба маводи мухаддир аст. Гузашта аз ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки робита бо истифодабарандагон ва дар натиҷа  истифодаи  моддаҳои нашъаовар сароғози ин беморист. Рустам Шарипов изҳор медорад, ки баъзе беморон худашон омада, аз қайди диспансерӣ мегузаранд, табобат мешаванд ва ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Яъне, бояд дар хотир дошт, ки ин беморӣ табобатшаванда аст ва ҳаргиз набояд умедро аз даст дод.

Як тан зани сокини шаҳри Душанбе (С.Г) ки дар ин Марказ табобат мегирад, зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» аз даст заданаш ба ин амал изҳори пушаймонӣ намуда, даъват кард, ки ҳаргиз ба ин роҳе, ки охираш марг аст, нараванд. «Як хатоӣ сабаб шуд, то ман ҳам аз баҳри оилаву фарзандон, ҳам аз баҳри падару модар ва ёру дӯстони худ гузарам. Солҳои умри ман бо ин роҳ барабас рафтанд. Хушбахтона, бо кумаки волидонам, ки навобаста аз ҳама он ташвишҳое, ки ман ба онҳо овардам, аз ман рӯ нагардониданд, ман тавонистам аз ин роҳи пурхатар ба зиндагии муқаррарӣ ва ба назди фарзандон баргардам. Ҳоло дар Маркази норкологӣ табобат гирифта истодаам ва худро беҳтар ҳис мекунам. Аммо синни ман ба 40 расид, пушаймонам, ки давраи беҳтарини умрамро бо амале гузаронидам, ки ба ҷуз пушаймониву ашк рехтан дигар суде надорад. Ба ҳамагон гуфтанӣ ҳастам, ки ҳаргиз ба ин роҳ қадам нагузоранд, зеро ин роҳ танҳо одамро ба марг мерасонаду бас»,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Рустам Шарипов, дар миёни шумораи гирифторони ин беморӣ занҳо низ дида мешаванд, аммо шумораашон кам аст.

Ба иттилои манбаъ, дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» амал мекунад, ки дар заминаи татбиқи самараноки барнома чорабиниҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳадафи ниҳоии барнома пешгирӣ ва боздошти паҳншавии маводи фаъолкунанда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ мебошад.

Навобаста аз он ки шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол коҳиш меёбад, аммо он ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Зеро барои он ки дар оянда тавонем ҷомеи солим бунёд созем, ба мо насли солиму ояндасоз зарур аст.

Беҳуда намегӯянд, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Ба ин хотир моро зарур аст, то дар муттаҳидӣ даст ба дасти ҳам дода, насли ҷавони хешро аз хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем ва нисбат ба тақдири онҳо бетараф набошем.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «ХОВАР»

Июнь 26, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад