«Об – муъҷиза, сарнавишт ва бақои бани башар», – шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи расмӣ—«Ҷумҳурият» (18.06.2018, №119) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитрро зери сарлавҳаи «Эҳсону накукорӣ воҷиботи фитрӣ ва табиии инсон аст» нашр карда, «Сухани рӯз»-и худро аз он иқтибос кардааст: «Фарорасии иди саиди Фитрро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар фарди Ватан саодату хушрӯзӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва тараққиёту пешрафти рӯзафзун орзумандам».
Дар ин шумора андешаи адиб Маҷид Салим бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сарлавҳаи «Роҳ ба сӯи Ваҳдат» нашр шудааст, ки дар он муаллиф шодию нишоти мардумро дар рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳи тоҷикон ёдоварӣ карда, ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ таъкид кардааст: «Мардуми тоҷик то имрӯз аз сафару боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвору ҷангии Афғонистон ёдовар мешаванд. Ба ҷасорату фидокориаш аз рӯзҳои нахустини фаъолият то ба имрӯз аҳсану офарин мехонанд. Он айём дар Афғонистон ҷангу низоъҳои дохилӣ ҳукмфармо буду касе амниятро кафолат намедод. Вале Сарвари давлат аз роҳаш барнагашт, ҳарчанд ки аз ҷангу кашмакашҳои дохилии кишвари ҳамсоя хуб огоҳ буд. Ҷонашро ба гарав монда, бо мухолифин сари як дастархон нишаст. Бо ҷасорат, боварӣ изҳор дошт: «Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам».
Дар шумораи навбатӣ «Ҷумҳурият» (19.06.2018, №120) аз сафари расмии Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон хабару гузоришҳо омода карда, Изҳороти муштаракро дар бораи «Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Покистон зери унвони «Тоҷикистон натиҷаҳои музокиротро бо Покистон муҳим арзёбӣ мекунад» нашр намудааст.
Инчунин дар ин шумора гузоришу мақолаҳо зери унвони «Номусоидии обу ҳаво. Мутахассисон чӣ маслиҳат медиҳанд?», «Об ва рушди иқтисод», «Хонаи тоҷикӣ. Сайёҳон мафтун мешаванд», «Ғурури ватандорӣ» ва дигар матлабҳои журналистӣ чоп шудаанд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (19.06.2018, №75) аз ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гузориши муфассал омода намуда, зери сарлавҳаи «Барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ оё роҳи ҳалли масъала аст? Ё чӣ бояд кард, ки мизоҷони бонкҳо маблағҳояшонро пас гиранд?» нашр кардааст. Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии чор лоиҳаи қонун: Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шуда буд. Вакилон ва намояндагони мақомоти дахлдор дар хусуси ҳар як лоиҳаи қонун андешаҳояшонро баён намуда, онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар охир, ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷонибдорӣ ва қабул гардиданд.
Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (19.06.2018, №75) суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таҳти унвони «Омодаем захираҳои бузурги обиро ба манфиати умум истифода барем» нашр кардааст.
Инчунин хабару мақолаҳои зерин дар ин шумораи нашрияи «Садои мардум» чоп шудаанд: «Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Дабири кули СММ Луи Женмин», «Маросими супоридани «Медали Созмони умуиҷаҳонии тандурустӣ», «Суҳбат бо намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони милали муттаҳид».
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (21.06.2018, №25) аз иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар шаҳри Москва ва Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳо нашр карда, зери унвони «Вақте ахлоқ коста мегардад…ҷамъият зарар мебинад» мақолаи Хуршед Мавлоновро чоп намудааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф сабабҳову омилҳои коста гардидани аҳлоқу одоби ҷавононро мавриди баррасӣ қарор дода, бо истифода аз панду андарзҳои гузаштагони миллат роҳҳои ҳалли ин мушкилро пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин зери унвони «Рисолати ҷавонон дар амнияти ҷомеа», «Шаҳри гулҳо», «Эҳтиёткор ва муҳофизи солимӣ бошед», «ТТЭ ҲНИТ-ташкилоти зиёикуш», «Ба рӯзноманигорон ҷасорат лозим» мақолаҳои дигар низ ба нашр расидаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (20.06.2018, №25) дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони милали муттаҳид эълон гардид, ҳамчун мақолаи асосӣ андешаҳои президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академик Ғуломқодир Бобизодаро зери сарлавҳаи «Об – муъҷиза, сарнавишт ва бақои бани башар» нашр кардааст.
«Масъалаи оби нӯшокӣ чун қазияи муҳими иҷтимоию сиёсӣ ба шарофати ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш ба маърази таҳқиқ ва омӯзиши ҷиддии олимону мутахассисон гузошта шудааст. Оби нӯшокӣ чун бақои зиндагӣ, сарчашмаи ҳама гуна ободиву ободонӣ арзёбӣ мегардад».