Рӯзномаи «Ал-Аҳром» оид ба сарчашмаи тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи терроризм дар Тоҷикистону Афғонистон мақола интишор кард

Июнь 26, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи маъруфи Миср «Ал-Аҳром» дар шумораи навбатии худ аз 17 июни соли 2018 дар фасли «Исломи сиёсӣ» дар бораи сиёсати зиддиинсонӣ ва зиддиисломии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаммаслакони ӯ мақолаи таҳлилӣ чоп кардаст. Аз ҷумла дар ибтидои мақола омадааст: «Рӯз то рӯз… авҷи душманигароии Эрон дар муқобили ҳамсояҳо-кишварҳои Мовароуннаҳр афзоиш меёбад. Махсусан дар кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки мардуми ҳамфарҳангу ҳамурфу одат ва ҳамзабони Эрон мебошанд. Забони ин кишварҳо бо забони мурдуми Эрон як аст, бо ҳамин забон мардуми Афғонистон суҳбат намуда, ҳарфҳои арабиро истифода мекунанд ва ҳамчунин бо ҳамин забон мардуми Тоҷикистон суҳбат намуда, ҳарфҳои сириликро истифода менамоянд».

Матни мақолаи мазкур дар зер оварда мешавад.

Тоҷикистон ва Афғонистон – дар меҳвари сиёсати геополитикии Теҳрон

Бо вуҷуди муштарак будани фарҳанг ва забони муошират, Теҳрон «хаёл»  мекунад, ки ин кишварҳо барои ӯ ҳамчун «ҳавлии паси хона» қарор дошта, ӯ «молик»-и онҳо мебошад. Эрон дар корҳои дохилии онҳо дохолат намуда, террористонро дар симои ал-Қоидаю ҷунбиши Толибон дар Афғонистон ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии решаи ихвони қутбидоштаро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Гирдиҳамоии хашмгин аз дахолатҳои эронӣ дар Душанбе

Рӯзҳои ахир, гирдиҳамоиҳои густурда ва эътирозҳои шадиди шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин эътирозҳо ба сабаби пуштибонии Теҳрон аз наҳзати террористӣ ва роҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо дар кишварҳои аврупоӣ қарор дорад, сурат гирифт.

Гирдиҳамомадагон шиорҳои зиддиэрониро баланд бардошта, бо навиштаҷоти «ҳазар аз террористи калон» ишора ба М. Кабирӣ — роҳбари ТТЭ ҲНИ, намояндаи гурӯҳи ихвониҳо, ки дар ҷаҳон ҳамчун ташкилоти байналмиллалии террористӣ шинохта шудааст, ҷониби сафорати Эрон дар Душанбе эътироз карданд. Навиштаҷоти дигар ба монанди «Тоҷикистон дигар макони ҷангҳои динӣ нест», «Ба таълимҳои динӣ дар Эрон хотима бахшед», «Фарзандони моро роҳгум насозед!», «Ба солҳои 1992-2000 дигар боз нахоҳем гашт» ва «Фарзандони моро бозпас биёред» эътироз ба он буд, ки ба фарзандони тоҷик дар мадрасаҳои динии Эрон таълимоти ифротгароӣ дода шуда, онҳоро гумроҳ месозанд. Эътирозгарон тақозо карданд, ки фарзандони тоҷик, ки дар Эрон таҳсил доранд, бозпас оварда шаванд.

Дар идомаи мақола навишта шудааст: «Мақомоти Тоҷикистон кушиши табаддулот бар зидди Ҳукумати кунуниро дар моҳи сентябри соли 2015 таҳти роҳбарии собиқ ноиби Вазири мудофиа Абдулҳалим Назарзода, яке аз роҳбарони фаъоли пинҳонкори ҳизби наҳзат, пешгирӣ намуд. Дар рафти амалиёти зиддитерорристӣ А. Ҳалимзода безарар гардида, роҳбарони ҳизби наҳзат бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор карданд».

Таҷрибаи Эрон дар оғози ҷангҳои шаҳрвандӣ

Эрон дар оташ задани шӯълаи ҷангҳои шаҳрвандӣ дар минтақаҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад. Аз ҷумлаи чунин кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эрон ин таҷрибаи худро дар солҳои 1992-1997 бо дасти террористони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) амалӣ намуда, аз бетартибиҳои кишвар ва пошхӯрии Иттиҳоди шуравӣ дар соли 1991 суйистифода намуд. Робитаҳои таърихӣ Ҳукумати Эронро бо ҲНИ пайваст менамояд. Эрон ҷанговарони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки пешравии кишварро барои рушду ободонӣ солҳо ба қафо бурд, дастгирӣ менамуд.

Эрон барои сӯйиқасди сиёсатмадорон, донишмандон ва рӯзноманигорон дар давоми ҷанги шаҳрвандии кишвари воқеъ дар Осиёи Марказӣ дар солҳои навадум, нақши касифро иҷро кардааст.

Бо истифода аз ин таҷрибаи ғанӣ, эмиссарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар айни ҳол ҷавонони фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва таълими ақидаи шиаҳои «исноашарӣ» ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ дар пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар минтақаҳои даргири олам ва бахусус Афғонистон таълим дода истодаанд. Ин амал ба мақсади аз байн бурдани Ҳукумати конститутсионӣ ва миллӣ бо истифодаи амалҳои тахрибӣ пеш бурда мешавад, ки моҳиятан хиёнат ба Ватан ва Дин ба шумор меравад. Ҳамчунин эмисарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол доданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Русия низ хоҳад расид.

Решаи ақидавии ТТЭ ҲНИ

Бо вуҷуди он ки 70 дарсади ҷавонони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аз ақидаи шиа пайравӣ намуданд, аммо манфиат онҳоро аз пайравии ақидаи ихвонии худ манъ накард. Онҳо ин идеологияи Саид Қутбро ба воситаи толибилмони Азҳари шариф, ки дар шаҳри Қоҳира таҳсил доштанд, дастрас намуданд. Китобҳои таъсисгарони ихвониҳоро дар Миср ба монанди Саид Қутб ва Ҳасан Бано, ки солҳои навадуми асри гузашта навишта шудаанд, бо худ бурданд. Дар ин асос ташкилотҳои террористӣ ба монанди «Ҷамоати исломӣ» ва монанди инҳо, аз ҷомаи ихвониҳои берун омада, дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Кафказ дар асоси идеологияи Саид Қутб фаъолият доранд.

Пайравони дини Ислом дар бештари аз ин кишварҳо дар асоси мазҳаби суннии ҳанафии васатӣ пайравӣ менамоянд, бо вуҷуди он идеологияи такфирӣ дар пайи селоби сиёсию динӣ дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ривоҷ пайдо намуд. Заминаи ин гуфтаҳо ба сабаби ташнагии динӣ ва майли зиёди фаҳмиши исломӣ баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози истиқлолияти кишвар пайдо гардид.

Аз соли таъсиси ҳизб аз ҷониби Саид Абдуллоҳи Нурӣ ТТЭ ҲНИ  “исломи сиёсӣ”-ро барои худ чодар қарор дода, ба мақсади нооромсозии кишварҳо фаъолият менамоянд. Ин гуфтаҳо моҳи сентябри соли 2015 баъд аз кушишҳои нокоми табаддулоти мусаллаҳона зери роҳбарии узви ҲНИ ва собиқ ноиби Вазири мудофиа генерал А. Назарзода (машҳур бо лақаби Ҳоҷи Ҳалим) тасдиқи худро пайдо намуда, чеҳраи ҳақиқи ҳизби террористи наҳзат барои ҷамеаи ҷаҳонӣ ошкор гардид. Ҳадафи онҳо расидан ба ҳокимият ва поймол намудани ҳуқуқи тоифаи дигари мардум буд. Чунончӣ худ даъво доштанд ҳадафашон татбиқи “қонунҳои худовандӣ” буд.

Бар асари ин амалкарди онҳо Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро қонунан манъ намуда, номи ҳизб аз ҷониби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ҷойгир карда шуд.

Бо сарнагун гардидани ташкилотҳои террористӣ дар Сурия, ҷанговарони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби Эрон ба сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Соли гузашта, қароргоҳҳои ҷамъомади ҷанговарони ташкилотҳои террористӣ дар қисмати шимолии заминҳои Афғонистон, ки пештар ҳамчун минтақи осоишта маъруф буд, ошкор гардид. Ташкилоти террористии ДОИШ, гурӯҳи Ансоруллоҳ, ТТЭ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои террористии тундгаро кушишҳои бунёди пойгоҳҳои омӯзиши низомии худро дар ин минтақаҳо намуда, бо ин тартиб мехоҳанд сулҳу суботи кишварҳои Осиёи Миёнаро халалдор намоянд.

Иштироки М. Кабирӣ дар конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон

Сардии робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон аз давраи оғози фаъолиятҳои Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон соли 2016 шурӯъ гардид. Эрон дар навбати худ роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, дастпарвари худ М. Кабириро барои ширкат дар Конфронс даъват намуда, бо роҳбари руҳониёни Эрон Оятулло Алӣ Хоманаӣ вохӯрӣ ташкил намуд.

 

Нақшаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи М. Кабирӣ бо дастгирии Эрон

М. Кабирӣ дар нишасти пӯшидаи охирони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ – ТТЭ ҲНИ дар Варшава пойтахти Полша, нақшаи ҳуҷумҳои мусаллаҳонаро дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва дастгирии Эронро ба ҳозирини маҷлис шарҳ додаст. Бо истифода аз интиқоли силоҳбадастони ҷабҳаи низомии ҳизб ба минтақаҳои сарҳадии кишвар, ки пештар дар қаламрави Сурия ва Ироқ қарор доштанд, нақшаи худро амалӣ намудан мехоҳад. Қайд намудан лозим аст, ки тайи чанд соли гузашта афроди низомии наҳзати террористӣ дар ҷабҳаҳои кишварҳои ҷангзадаи арабӣ таҷрибаи кофӣ пайдо намудаанд.

 Эрон аз гурӯҳи террористии Толибон пуштибонӣ мекунад

Ҳукумати муллоҳои эронӣ амалкарди худро дар Тоҷикистон нокофӣ шумурда, даст ба халалдор намудани амнияти миллии ҳамсоякишвар – Афғонистон задааст. Эрон аз соли 2001 то имрӯз дар нооромиҳои Афғонистон мустақиман даст дорад. Дар асоси изҳороти рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз”-и амрикоӣ, Эрон барои гурӯҳи террористии “Толибон” бо истифода аз чархболҳо силоҳу лавозимоти ҷангӣ фиристода, амалиёти тиҷорати маводи нашъаоварро барои нооромсозии вазъияти Афғонистон сарпарастӣ менамояд. Аз ҷониби дигар барои ривоҷи молҳои эронӣ дар Афғонистон бозори ин кишварро касод кардан мехоҳад. Ҳамчунин дар мубориза барои манъи интиқоли об аз Афғонистон ва тарконидани нерӯгоҳҳои обии кишвар саъю талош дорад.

Зархаридони эронӣ дар Афғонистон

ВАО-и бонуфузи Афғонистон ҳаррӯза изҳороти мухталифро оид ба “террористони эронӣ” дар шаҳрҳои гуногуни кишвар дар рӯзномаҳо ба нашр мерасонад. Сардори идораи мубориза бо терроризм Фазлраҳмон Ходим чанде пештар дар рафти суҳбат бо хабарнигорон таъкид намуд, ки се мард аз шаҳри Машҳади Эрон дар пайи иштирок дар ҳуҷумҳои мусалаҳона дар шаҳри Ҳироти Афғонистон, ки бар асари он чанд раисони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд, дастгир гардид. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки “роҳбарони гурӯҳи Толибон ба минзилҳои истиқоматии шаҳри Ҳирот ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом дода, шахсиятҳои бонуфузро дар шаҳр ба қатл расонида дар вилоят фазои ноамниро ҷорӣ намуданд”.

Эрон нерӯгоҳи “Салмо”-и Афғонистонро мавриди ҳуҷум қарор додааст

Талошҳои Теҳрон на танҳо барои зери нуфузи худ қарор додани кишвар аст, балки Эрон аз сохтмони нерӯгоҳи обии “Салмо”, ки оби дарёи он вилояти Хуросони Эронро бо об таъмин менамояд, нигарон аст. Нурӯгоҳи “Салмо” дар рушди минтақаи Ҳирот, ки дар қисмати ғарбии кишвар воқеъ гардидааст, саҳми босазо дорад. Ин нерӯгоҳ баъд аз пош хӯрдани ҳукми гурӯҳи Толибон дар соли 2001 калонтарин обанбор дар қисмати ғарбии кишвар бо сармоягузории Ҳукумати Ҳиндустон бино хоҳад гардид. Дар ин робита, расонаҳои афғонӣ Эронро барои кушишҳои тарконидани ин нерӯгоҳ муттаҳам месозанд. Тибқи гузориши нерӯҳои амниятии кишвар, як мошини бомбгузошта бо либоси Сипоҳи посдорони Эрон дар дохилаш дастгир гардид, ки ба мақсади тарконидани нерӯгоҳ ҳаракат менамуд.

Моҳи июли 2017, раиси минтақаи Ғури эронӣ барои кумакҳои молӣ ва низомии гурӯҳи Толибон ба мақсади тарконидани нерӯгоҳи “Салмо” муттаҳам гардидаст. Чанд моҳ пештар, гурӯҳи Толибон ҳангоми ҳуҷум ба нерӯгоҳи “Салмо” чанд нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи афғониро ба ҳалокат расониданд. Ин маротиба ҳам “ангушти иттиҳом” ба сӯйи Эрон равона гардид, вале ин дафъа ҳам Эрон ин гуфтаҳоро рад намуд.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз”-и амрикоӣ дар гузориши худ шабоҳати минтақаҳои сарҳадии Афғонистонро бо Эрон ёдовар гардидааст. Рӯзнома таъкид медорад, ки баъди дохил гардидани нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1979 ба қаламрави Афғонистон миллионҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишвари Эрон куч бастаанд. То имрӯз минтақаҳои сарҳадии Ҳирот бо минтақаҳои Хуросони эронӣ бо роҳҳои гуногун пайваст мебошанд. Ҳатто лаҳҷа ва либоспӯшии онҳо қариб ки якхеланд. Ин гуфтаҳо ба митақаҳои сарҳадии Афғонистон бо Покистон ва ҳамчунин Осиёи Миёна ҳам мувофиқ мегардад.

Таъкид мегардад, ки Эрон дар тиҷорати маводи нашъаовар бо гурӯҳи террористии “Толибон” манфиати муштарак дорад. Тибқи омори Дафтари СММ оид ба гардиши маводи нашъаовар ва ҷиноятҳо, аз Афғонистон ба кишварҳои аврупои ғарбӣ бо истифода аз қаламрави Эрон тиҷорати маводи нашъаовар солона дар ҳаҷми 28 миллиард доллари ИМА мерасад. Ин амал сабаби интишори маводи нашъаовар дар қаламрави Эрон гардидааст, аз ҷумла шумораи нашъамандон дар Эрон ҳоло то ба 2,8 миллион нафар расидааст. Аз ҷониби дигар, ин мавзӯъ даст доштани Эронро дар тиҷорати маводи нашъаовар ошкор месозад.

Июнь 26, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард