САЙРАМ БАҚОЗОДА: «МЕҲВАРИ ИСТИҚЛОЛ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ…»

Июнь 26, 2018 12:09

ДУШАНБЕ, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳикмат ва таҷрибаи зиндагӣ мефармояд, ки инсонҳо танҳо баъди аз даст додани ду неъмат, яъне саломатӣ ва амну осоиш ба қадри он мерасанд. Вазъи ноороми кишвар ва зиндагии бесару нӯги ҳаммиллатонам дар солҳои ҷанги таҳмилии ҳамватанӣ ҳақиқат ва маънии созандаи ин ҳикматро барои мани он вақт мактабхон хеле равшан карда буд», — нигоштааст номзади илми филология Сайрам БАҚОЗОДА.

Субҳеро, ки мани талабаи синфи нуҳум ҳамроҳи ҳамсинфонам аз мактаб берун омадем ва дар роҳ ба ваҳшонияти силоҳбадастон рӯбарӯ шудем, ҳеҷ гоҳ наметавонам фаромӯш кард. Он рӯз танҳо Худованд моро аз чанги он ваҳшиён наҷот бахшид, дигар ҳеҷ.

 Ёдам меояд, чӣ гуна модари муштипарам барои ҷигарбандонаш нон суроғ мекард, субҳ мерафту шом бозмегашт. Ҳоли аксари мардум ва пайвандонамон чунин буд. Шоири огоҳи мо, шодравон Ашӯр Сафар, ки низ он рӯзҳои фоҷиаборро аз сар гузаронида буд, тирамоҳи соли 1992 орзу мекард, ки:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор

Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?

Ба ифодаи Лоиқ Шералӣ,  он рӯзгор «зиндагӣ сахттар аз  мурдагӣ буд» ва Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон «ҳотифи зиндадори мо» гардид. Ӯ буд, ки:

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо  омад…

Кӯю барзан пур аз гадоён буд,

Фурсати шоҳкори мо омад…

Мурдаҳо норизо зи мо буданд,

Фотиҳа бар мазори мо омад…

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад…

Он рӯз, ки Эмомалӣ Раҳмон пайғоми сулҳу оштиро ба Душанбе овард, Лоиқи аз бодаи сулҳу ваҳдати миллат сархуш ҳолат ва шодии беинтиҳои мардуми кишварро дар ғазали “Сулҳи деринтизори мо”, ки чанд байтеро аз он иқтибос кардем, бо камоли ифтихор ва шодмонӣ тараннум кард. Лоиқ дар ин шеър, пеш аз ҳама, ба арзиши меҳварӣ ва сарнавиштсози сулҳи тоҷикон, ки заминагузори ваҳдат ва осоиши умумимиллӣ гардид, таъкид меварзад.

Воқеан ҳам ҳуҷҷати сулҳу оштӣ дар он рӯзгор ва имрӯз низ гардишу таҳаввулоти азимеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон дар пай дошт ва дорад. Аз он рӯзгор ба баъд сулҳу ваҳдат унсури муҳими худшиносии миллии  тоҷикон ва василаи ташаккули ҳувияти миллӣ  гардид. Дар таҳияи ин ҳуҷҷат тарафҳо бо камоли масъулият манфиатҳои таърихӣ, кунунӣ ва ормонҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии  онро ба эътибор гирифта, бунёди пояҳои боэътибори ҳастии миллат- сулҳ ва ваҳдати ҳамагониро гузоштанд, ки то имрӯз тадриҷан таҳким ёфта, ба идеали миллӣ табдил меёбанд.

Ормони созандаи  Ваҳдати миллӣ унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикон гардида, тадриҷан табақаҳои гуногуни аҳолиро новобаста ба тамоюлоти эътиқодӣ ва касбӣ ба ҳам қарин ва ҳамдилу ҳамрой сохт, ки натиҷаи самарабахши онро мо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар мушоҳида мекунем.

Пешвои миллат аз оғоз  консепсияи ваҳдати миллиро дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ карда, онро сипари истиқлоли Тоҷикистони навин таъбир кард ва дар ҳамин равиш ба шукуфоӣ ва пешрафти кишвар замонат дод. Истиқлол бо фарогирии омилҳои ваҳдатофар барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ истиқлоли ботинӣ шинохта шуд ва тадриҷан истиқлоли пойдори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин намуд. Консепсияи ваҳдати миллӣ аз оғоз дар ин замина чун яке аз воситаҳои сохтмони бинои истиқлол ва ҳувияти  миллӣ хидмат кард.

Таҷрибаи ваҳдатофари тоҷикон зери раҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ду сатҳи густурда тадриҷан ташаккул ва таҳаввул ёфт. Сатҳи авввалро  ягонагии иҷтимоии этникӣ дар қаламрави давлати миллӣ муайян мекунад, ки иборат аз қаробати хунӣ ва маънавии тоҷикони ҳамаи ноҳияҳо, вилоятҳо ва минтақаҳои кишвар аст. Консепсияи ваҳдати миллӣ дар ин замина масъалаи дарки зарурати ҳамбуди миллӣ, қабулдошти зарурати ягонагии ҳамаи тоҷикони қаламрави давлати миллиро тарҳрезӣ намуд, ки бо гузашти солҳо он чун шарти ҳатмии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ устувор гардид. Сатҳи дуюми ин ваҳдатро метавон ҷаҳонӣ унвон кард, ки ваҳдати фарҳангиву маънавии тоҷикони бурунмарзиро фаро мегирад ва таҳким мебахшад.

Ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, бахусус баъди суқути давлати Сомониён омилҳои тахрибкори ваҳдати миллии тоҷиконро густариш дода, тақвият бахшид. Ин равиш дар замони шӯравӣ ва охири садаи гузашта заъфи миллиро тақвият бахшид ва боиси хатчадор гардидани ваҳдати тоҷикону ҳувияти миллӣ   ва яке аз омилҳои аслии муноқишаи миллӣ ва парокандагии тоҷикон гардид.

Бинобар ин Пешвои миллат аз аввали даврони истиқлол дар ҳар қадаме  аз давлати Сомониён ҳамчун ҳукумати миллии тамомёр намуна меҷуст. Ин усул шароитеро фароҳам овард, ки давлати миллӣ кафили ҳамешагии озодиву истиқлол ва ваҳдати миллӣ гардад ва роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоиро боз дорад. Омили таконбахши  ин равиш муҳайё  сохтани заминаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳамоиши миллӣ ва ваҳдатофар буд, ки раҳбари давлат барои мардуми манотиқи мухталифи кишвар огоҳона ва дилсӯзона муҳайё сохт.

Дар тӯли асрҳо баъд аз заволи давлати Сомониён омилҳои ҷудоиандозе буданд, ки ба ягонагии иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик осеб расониданд. Рушди номутаносиби иқтисодӣ ва иҷтимоии манотиқи кишвар яке аз омилҳои асосии коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба ҳукумати марказӣ дар солҳои ҳаштоду навад буд ва нобовариро таҳким мебахшид. Пешвои миллат ин ҳолатҳоро ба эътибор гирифта, дурнамои пешрафти мутаносиби иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳамаи манотиқи Тоҷикистонро таъмин намуданд, ки ин равиш яке аз ҳадафҳои волои стратегии раҳбари давлат дар расидан ба ваҳдати воқеӣ ва созанда буд ва натиҷаҳои мусбат ҳам дод. Бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ яке аз василаҳои пайвастшавии манотиқи дурафтодаи кишвар бо марказ ва маҳалоти дигар буд, ки қаробат ва ҳамдигаромезии қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷиконро  тақвият бахшид. Ин равиш қадами ҷиддии  ваҳдатофар дар ислоҳи парокандагии умумии миллӣ буд, ки дар тӯли таърих  бо дасти душманони миллат ба тоҷикон “ҳадя”гардида буд.

Пешвои миллат бо иқдомҳои шоистаи ваҳдатофараш ҳамин гуна марзҳои вайронгарро тахриб карданд ва роҳҳои иртиботии пайвадгарро ҳамчун василаи ваҳдатофар бунёд ниҳоданд, ки яке аз воситаҳои ба ҳам наздикшавии сокинони гӯшаҳои дурафтодаи кишвар ва қаробати ҳамешагии онҳо мегардад.

Бо иқдомҳои созандаи иҷтимоиву фарҳангӣ Пешвои миллат воқеан ҳам тавонистанд, ки барои ҳаммиллатонашон эҳсоси ҷовидонаи ошноӣ ва ҳамбастагиро шакл диҳанд ва тадриҷан таҳким бахшанд. Ин дасти тавонои ваҳдатофар ҳамаи шохобҳои рӯди бузурги эҳёгарро ба як  маҷрои бузург равона сохт. Ин даст ҳамин давлати миллист, ки ваҳдати ҳамешагии миллатро ба дарозои замонҳо таъмин месозад. Устувор сохтани ҳамбуди иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон ва амиқбурди ягонагӣ ва манфиатбахшии муҳити иҷтимоиву фарҳангии манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ аз шартҳои аслии пояндагии ваҳдати ҷовидонаи ҳаммиллатони мост, ки тарроҳ ва поядори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин таҷрибаи воло, роҳу равиши таҷдидгариву ислоҳотхоҳӣ дар роҳи таҳкими ягонагии миллат дар ин асре, ки фузунхоҳиву ифротгароӣ ва  терроризм оламро фаро гирифтааст, аҳамияти амалӣ ва нукоти раҳнамову омӯзандае дошта, роҳи саодати ҳамешагиро ба инсонҳо хоҳад намуд. Ин равишро метавон аз беҳтарин ва воқеитарин усулҳои расидан ба ҳадафҳои созанда донист, ки халқҳоро ба шоҳроҳи ваҳдати ҳамешагӣ ҳидоят хоҳад кард.

Сайрам БАҚОЗОДА,

                                                   АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2018 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард